Аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки сол аз сол нархи китобҳои дарсӣ боло меравад. Агар соли гузашта китобҳои нави дарсӣ аз 13 то 16 сомонӣ арзиш доштанд, нархи имрӯзаи китобҳои мактабӣ дар мағозаҳои китобфурӯшӣ 20-23 сомонӣ аст.
Дар мағозаи китобфурӯшии воқеъ дар рӯ ба рӯи маркази тиҷоратии «Садбарг» арзиши китобҳои тозанашри «Биология», «Забони русӣ» ва «Технология информатсионӣ» барои синфи 9 20 то 22 сомониро ташкил медиҳад. Бонуи дӯкондоре, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, сабаби нисбатан қиммат будани арзиши ин китобҳоро чунин арзёбӣ намуд: «Китобҳои «Биология», «Забони русӣ» ва «Технология информатсионӣ» барои синфҳои 9-ум ва якчанд китобҳои дигаре, ки барои синфҳои 11 ба тозагӣ нашр шудаанд, аз рӯйи барномаи нави таълимӣ таҳия шудаанд. Шояд теъдоди нашри ин гуна адабиётҳои таълимӣ нисбати талаботи мактабҳо камтар аст, ки камёфтанд.
Воқеан, дар дӯконҳои фурӯши китоб номгӯйи ҳама гуна китобҳои мактабиро пайдо кардан мумкин аст, аммо бо нархи дандоншикан. Зимни пурсиш маълумамон шуд, ки арзонтарин китобҳои мактабии чопи асл 13 сомонӣ арзиш доранд. Дар мағозаҳои китоби шаҳру навоҳии кишвар инчунин китобҳои нусхабардоршуда низ дар фурӯшанд, ки сифати паст дошта, ба узви биноии хонанда таъсири манфӣ мерасонад. Арзиши ин гуна китобҳои бо сифати паст бознашршуда 10-11 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре масъулони соҳаи маорифи кишвар иброз медоранд, хонандагон китобҳои дарсиро аз мағозаҳо не, балки аз китобхонаи мактаб дастрас кунанд. Зеро номгӯйи ҳама китобҳои дарсӣ тавассути шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ба китобхонаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ расонида мешаванд.
Одатан чанд рӯз қабл аз оғози соли хониш китобдорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба мактаббачаҳо китобҳои таълимиро тақсим мекунанд. Тибқи гуфтаи хонандагон онҳо барои истифодаи як китоб барои соли хониш аз 3 то 6 сомонӣ пардохт мекунанд.
Мавлуда Раҷабова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иброз медорад, ки онҳо китобҳои дарсии фарзандонашонро аз китобхонаи мактаб дасрас мекунанд. Зеро адабиёти мактабӣ ба фарзандон танҳо барои як сол лозим меояд. Баъдан, вақте наврасон китобҳои дарсиашонро аз китобхонаи мактаб мегиранд, барои тозаву озода нигоҳ доштани он эҳсоси масъулият пайдо мекунанд.
- Бояд адабиёти таълимӣ танҳо тавассути китобхонаҳои мактабӣ дастраси хонандагон гардад, зеро дар бозорҳо низоми нарху наво риоя намешавад ва фурӯши озоди китобҳои таълимии мактабӣ боиси боло рафтани нарху навои он мегардад.
То охири солҳои 1980 китобҳои дарсӣ барои мактаббачагон танҳо тавассути китобхонаҳои мактабӣ дастраси хонандагон мешуд ва ин усули таъминот ба китобҳои дарсӣ ба мушкили нарху наво ва норасоии адабиётҳои дарсӣ рӯ ба рӯ намешуд. Аммо, ба гуфтаи Махфират Навкарова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар ояндаи наздик мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ масъалаи таъминот бо китобҳои дарсиро пурра ба ихтиёри худ мегиранд.
Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир пешгирӣ аз фурӯши китобҳои дарсӣ бо якчанд сабабҳо имконнопазир аст. Нахуст, бинобар норасоии китобҳои таълимӣ зодмандоне, ки имкони молӣ доранд, барои фарзандонашон китобҳои дарсиро аз мағозаву бозорҳо харидорӣ мекунанд. Баъдан, барои пешгирӣ аз фурӯши озоди китобҳои мактабӣ чораҳои ҷиддӣ андешида намешавад, зеро баъди муҳайё шудани шароит барои савдои озод, нисбат ба фурӯши китобҳои мактабӣ ягон маҳдудиятҳо пешбинӣ нашудааст.
Ҳамин тавр, дар сояи таъмини озодиҳо дар фаъолиятҳои гуногуни соҳибкорӣ фурӯши китобҳои мактабӣ ҳам аз назорат дур монда, боиси он шудааст, ки ҳамасола теъдоде аз китобҳои тозанашри дарсӣ вориди бозор мешавад. Мутаассифона, болоравии китобҳои дарсӣ ҳам мисли дигар маводи ниёзи мардум хусусияти мавсимӣ дошта, дар оғози соли хониш нархи он баланд шуда, дар зимистон ва охири соли хониш арзиши аслии худро пайдо мекунад. Ҳоло, ки оғози соли хониш аст, нархи як китоби дарсии чопи асл 15-22 сомонӣ аст, ҳол онки арзиши аслии он 10-11 сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари нарху навои китобҳои дарсӣ калонсолон аз мазмуну муҳтавои онҳо низ изҳори нигаронӣ доранд. Бори аввал нест, ки зодмандон аз мураккабнависии муаллифони адабиёти таълимии синни мактабӣ шикоят мекунанд. Аммо ин мавзӯъро мегузорем ба баъд, то давоми соли хониш аз хонандагон пурсида шавад, ки дар бораи китобҳои дарсии мактабӣ чӣ фикру андеша доранд?
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ