Имрӯз ба ҷурми одатҳои шаклгирифта, нозукандешу рамузфаҳм набудан гоҳе ба душворӣ вориди мактаби шаҳрнишинӣ мешавем. Ҳарчанд кушиш менамоем, ки ба ҳаёти шаҳр одат кунему қавоиди заруриашро риоя кунем, аммо оинҳои қолабии солҳо дар зеҳну шуурамон сахтшуда моро ба амалҳои доимию рефлексиамон мувоҷеҳ месозанд. Ба шаҳр омадану шаҳрӣ шудан ин тағйири маданияти зист ва рӯзгордориро талаб менамояд, аммо ин дигаргуншавӣ дар раванди зиндагии мардуми аз деҳотомада хеле тӯлонӣ сурат мегирад. Чунин ҳолат бештар ба бонувони хонашин рух медиҳад. Мардон зудтар одат мекунанд ва ба ҳаёти шаҳру талаботи он мутобиқ мегарданд, аммо занҳо ба душворӣ, зеро онҳо имкони зиёди гаштугузор, муносибат, мушоҳида ва гирифтани таҷрибаро дар шаҳр надоранд. Вазъият дар ин самт чанд соли охир хеле нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Ба истилоҳи коршиносони соҳа урбанизатсия (аз деҳот ба шаҳр кӯчидани аҳолӣ) ба таври стихиявӣ боло меравад ва муқимӣ шудани оилаҳо дар шаҳр ҷараёни тоза мегирад, аммо мутобиқшавии онҳо ба ҳаёти шаҳр ва бархурдор шудан аз фарҳанги шаҳрнишинӣ ба оҳистагӣ анҷом меёбад.
Ман муқими шаҳр шудам
Нафароне, ки имкони харидорӣ кардани манзилҳои истиқоматиро доранд, зуд соҳиби хона мешаванд ва зану фарзандонашонро ба шаҳр меоранд. Дар як бино чандин ҳуҷра паҳлӯи ҳам ва болою поин қарор доранд ва дар ҳар яке оилаҳо муқимӣ мешаванд ё иҷора мешинанд. Зиндагӣ дар биноҳои баландошёна аз муҳити деҳот ба куллӣ фарқ дорад. Ин ҷо об, барқ, васоити дигари маишӣ ва комуналӣ умумӣ аст. Агар дар як ҳуҷра ё ошёна мушкиле рух диҳад, таъсираш анқариб ба ҳама бошандагон хоҳад расид. Гоҳе чунин мушкилро сокинони ба тозагӣ аз деҳот омада эҷод месозанд. Ё ба ҷурми истифодаи нодурусти қувваи барқ, об ва васоити коммуналӣ, ё ҳолатҳои дигар дигарон ҳам осеб мебинанд. Имрӯз дар биноҳои баландошёнаи шаҳр аз ҷониби бонувон овезон кардани либосҳо ва дигар амволи тамизшуда ба ҳукми анъана даромадааст. Соатҳою рӯзҳо ҳатто дар майдончаҳои назди биноҳо гилемҳои шустаро дар ҷойҳои барои ин амалҳои мамнуъ овезон мебинем. Даромадгоҳҳо субҳу шом аз партовҳо ва пасмондаҳои гуногун лабрезу ифлос, дару деворҳои биноҳо нақшину гулгун аз амали дасти кӯдакон. Ин чӣ фарҳанг аст? Ин ҳамон одати шаклгирифтаи зиндагии деҳот аст, ки партовро аз остона ба замини гирду атрофи манзилашон мепартофтанд. Ин ҳамон одати муқаррарии хушк кардани либосҳо дар русто аст, ки сари девору шохи дарахтону симу риштаҳои пасу пеши хонаҳо овезон мекарданд. Ҳамин гуна шаҳрнишин шудану аммо фарҳангу маданияти деҳотро ба шаҳр ворид сохтан, шаҳрдориро нигарон кард ва иҷборан ба ислоҳи мушкил даст зад. Бархе бо молу ҳоли худ, ба истилоҳ, бузу гусфанду говҳо омаданд ва дар пасу пеши манзилҳо оғилу чарогоҳҳо сохтанд. Тасаввур мекунед, дар пойтахт? Ин амалҳоро иҷборан манъ карданд. Занҳо дар пасу пеши манзилҳо оштонҳои нонпазӣ сохтанд. Ин амалҳо ҳам пешгирӣ мешаванд, аммо чанд одати бисёр нохуби бонувон ва баъзан мардҳо, ҳанӯз ҳам ба фароғату осудагӣ ва талаботи шаҳрнишинӣ монеа эҷод мекунанд. Масалан, дигар кардани шакли (структураи) манзилҳои истиқоматӣ, баргузории маъракаҳои пурғавғо, таъмири манзилҳояшон дар вақту соати ба дигарон халаловар ва ғайра. Аз ошёнаҳо бо садои баланд фарёд кардани фарзандонашонро аз ҷониби баъзе занҳо намегӯед? Доду вою бозиҳои пуршавқуни қӯдаконашон бурун аз дар назди манзилҳои дигар бошандагон аз ҳадди одобу талаботи буду бош дар шаҳр кайҳо баромадааст, аммо касе коре надорад. Агар касе айбу эрод бигирад ба ин бонувон, рӯзаш сиёҳ мешавад. Ҷангу хархаша сар мешавад, ки ин ҳам барояшон як одати маъмулии рустоӣ аст. Назди биноҳо нишаста ба фурӯши маводи гуногун, аз қабили саққичу нону носу меваҷоту шириниҳои офтобзада машғул шудани бонувон ҳам анъана шудаасту дигарон ба ин одат кардаанд. Фурӯши маҳсулои ширӣ тариқи мошинҳои махсус чанд моҳи охир густарда гаштааст. Субҳу шом наврасе бо дудкаи худ атрофи биноҳоро чарх мезанаду садои гӯшхароши дудкааш асабҳоро хароб, яъне садо медиҳад, ки бароед, шир овардем. Дар бораи кафолати бехатарии чунин шир касеро парвое нест. Муйсафедон ва мардони дигар дар пушт ҷорӯб бо овози баланд садо мекунанд: «Ҷорӯбда биё, бача, ҷорӯби арзон…». Хулоса, субҳу шом оромию осудагӣ ва роҳате нест дар шаҳр ва ҳар куҷое менигарӣ, муҳити деҳотро мебинӣ. Як деҳоти бузурге дар шаҳри калон… Шукмо чӣ мегӯед, ҳамшаҳриҳои азиз?
Р.Камол