Барои ҳар фарди рӯшандил, фарзона ва таҳсилдидаву миллатдӯст эҳтироми ҳамватан, гиромидошти таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ азизу арҷманд аст. Бо он ифтихор мекунем, рӯйи саҷҷода аз Офаранда пешрафт мехоҳем, барои насли худу оянда хушбахтию рӯзи наку тақозо менамоем.
Дар маҳофилу нишастҳо ба хотири таъкид сохтани бузургию арҷи тамаддуни ниёкон шеър мегӯему бода пеш мениҳем. Дар ҷараёни сафар ба кишварҳои хориҷ ба хотири муаррифии фарҳанги қадимбунёди тоҷикон аз ашъори бузургоне чун устодони некном - Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балх, Ҷомию Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ намуна меорем.
Ифтихор аз фарҳанги қадим хуб аст, танҳо дар сурате, ки насли нав дар эҷоду тавлид ва бунёди тамаддуни навини ҷаҳонӣ нақши калидӣ дошта бошад. Дар ҳолати дигар, яъне пойбанд мондану накӯҳиш хӯрдан аз дигарон, ифтихор аз гузаштагон чандон шоиста нест ва инро ҳанӯз чанд қарн пеш шоире ба чунин тарз ифода карда буд:
Онон, ки ифтихор ба авлод мекунанд,
Чун саг ба устухон дили худ шод мекунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки ин шори тавоно ва дилсӯз мушкили рӯзро солҳо қабл эҳсос намудаву ин шеърро нигоштааст. Ба ҳамин манзур мо низ чунин сарлавҳаро интихоб кардем: «Бигӯем ё нагӯем?» Агар нагӯем, ки имрӯз аз он фарҳанги волои ниёкон қариб ҳама чизро аз даст додаем, хиёнате хоҳад шуд ҳам барои насли мирӯз ва ҳам фардо. Агар бигӯем, ки имрӯз дар сатҳи хеле паст қарор дорем ва мавриди масхараву мазоқи дигар миллатҳо қарор гирифтаем, хеле сахт аст. Аммо аз кай боз ҳақиқат ширин будааст?
Агар бигӯем, ки бо далерию шуҷоат ва қаҳрамониву ҷоннисории ниёконамон, ба мисли Русами Дастон, Исфандиёру Суҳроб ва боз даҳҳо гурдони дигар таърих моро шинохтаю ба дигарон муаррифӣ намудаасту имрӯз аксари ҷавонони тоҷик тарсую худфурӯшанд ва наворҳои аз Русия омада, ин гуфтаҳоро тасбит мекунанд, чӣ хоҳад шуд?
Агар бигӯем, ки дар густариши дини мубини ислом, баъд аз паёмбар Муҳаммад (с) тоҷикон саҳми муҳим доранд, иштибоҳ накардаем ва ҳам ба иғроқ даст назадаем. Дар баробари ин, бояд иқрор шавем, ки бо гузашти 1400 соли мусалмонӣ ва андухтани таҷриба дар ин ришта, бо гузашти ҳар сол аз имонамон кам мешавад, дурӯғ нагуфтаем.
Агар бигӯем, ки тайи 20 соли ахир бо наздик шудани моҳи шарифи Рамазон бозаргонону тоҷирони мо нархи маводро боло мебаранд ва то ба итмом расидани Рамазон нархҳо осмонӣ мегарданд, чизе ба воқеияти зиндагӣ зам накардаем. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тамоми мамолики мусалмонӣ дар моҳи шарифи Рамазон нарх то 50 дарсад коҳиш меёбад. Ҳатто тайи чанд даҳсолаи охир дар баъзе кишварҳои христианӣ барои мусалмонон дар моҳи Рамазон тахфифи анво дар назар аст. Оё хонандаи азиз, ин тарзи муносибат ва имондории мо гуфтаҳои Ҳофизи бузургворро ба хотир намеорад?
Гар мусалмонӣ чуни наст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ, агар аз пайи имрӯз бувад фардое!
Агар бигӯем, ки дар иртибот ба шарму ҳаёи занона ва одоби накую ҳамида дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳазорҳо достонҳо эҷод шудаву зиндагии гузаштагонамон дар ин ришта барои миллатҳои дигар намуна будааст, ғалат кардаем? Фикр мекунам, хато нагуфтаем. Зиндагии на чандон дур, яъне 25 сол қабламон намунаи хубе дар ин маврид шуда метавонад. Аммо хеле сахт аст, агар бигӯем, ки имрӯз ахлоқи аксар духтарону бонувони мо ба дараҷае костааст, ки дар рейди серӯзаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар зиёда аз 550 нафар барои даст задан ба фоҳишагӣ дастгир шудаву аксари онҳо ба бемориҳои сироятӣ гирифторанд. Баъзе ҳампешагон ва коршиносон сабаби онро дар пасти сатҳи зиндагӣ мебинанд. Худо инсофатон диҳад, агар чунин мебуд, чаро дар Афғонистони ҷангзада, ки 35 сол боз даргир аст, чунин падидаи манфур ба чашм намехӯрад? Магар Фирдавсию Рӯдакӣ ва Ҳофизу Мавлонои Балх барои онҳо достонҳои дигар офаридаанд, ки мо хабар надорем?
Муҳоҷират меҳнатӣ тӯли қарнҳо арзи вуҷуд дошт. Ҳанӯз Бедил гуфта буд:
Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.
Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳоҷират шакли дигар гирифт. Аз Туркия ҳазорон нафар барои таъмин сохтани оилаҳои худ ба Олмон рафтанд. Муҳоҷирати мардуми турк аз тоҷик чӣ фарқе дошт? Туркҳо дар Олмон касби муҳандисию тиҷорат ва созмон додани риштаи сайёҳию ҷаҳонгардиро омӯхтанд. Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон беҳтарин ва мунаққаштарин хонаҳоро туркҳо месозанд ва дар меъморӣ ҳамто надоранд. Дар мавриди созмон додани сайёҳӣ ҷойи ҳарф задан ҳам нест. Танҳо дар як сол чандин миллион сайёҳон аз Туркия дидан мекунанд ва ин ришта дар пешрафти иқтисод ва беҳбуди вазъи иҷтимоии ин кишвар саҳми муҳим дорад. Агар матбуоти он замонро биомӯзем, дар иртибот ба дуздию ғоратгарӣ ва куштору хунрезӣ аз ҷониби шаҳрвандони Туркия маводе дарёф намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар матбуоти Русия ва Тоҷикистон дар мавриди дуздию ҷиноя ва куштору қатли ҳамватанон аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик пайи ҳам матолиб чоп мешавад. Пастию ҷиноят то ҷойе дар зеҳни ҳамватанонамон ҷой гирифтааст, ки ҳамсоя ҳамсояро ба хотири чанд сӯм мекушаду бародар бародарро. Ҳодисаеро мехоҳам ёдовар гардам, ки он зеҳну ҳуши хонандаро такорӯ менамояд. Шахсе мариз мешаваду баъд аз ташхис пизишкон барои ҷарроҳӣ ӯро ба Маскав мефиристанд. Ӯ аз сабаби надоштани мабалғи зарурӣ, ба хешу табораш муроҷиат мекунад. Ниҳоят, баъд аз ҷамъ овардани маблағ (яъне қарз) роҳи мусофират пеш мегирад. Дар шаҳри Маскав тасодуфан ҳамсояи худро дида, ҳодисаро ба ӯ нақл мекунад. Ҳамсоя баъд аз воқиф шудан аз асли ҳодиса, шабона ба маҳалли хоби шахси мариз омада, ӯро мекушаду маблағи бо худ овардаашро ғорат мекунад. Пулиси шаҳр асли воқеро аз тариқи дурбини насб гардида дар даромадгоҳи хона мефаҳмад ва ҷинояткорро дастгир менамояд. Оё даҳшат аз ин дида зиёдтар мешавад? Дар чунин маврид бояд аз дарди миллат бигӯем ё нагӯем? Агар нагӯем, дар назди виҷдони худ то рӯзи охир гунаҳкор хоҳем монд. Агар бигӯем, дар оташи хиҷолат хоҳем сӯхт ва баъзе ҳампешагон онро як навъ тарғиби ҷиноят хоҳанд пиндошт. Пас, бояд чӣ кор кунем?
Агар бигӯем, ки писари нозпарварди модар, ки имрӯз нашъаманд шудааст, ба хотири дарёфт намудани вояи ҳероин дили модарро бо корд медаронад ва хонаашро ғорат мекунад, хеле сахт аст, аммо, агар нагӯем ҷиноят хоҳад буд.
Агар ба ёд биоварем, ки писаре дар ғарибӣ, шояд дар ҳоли маризӣ дар сохтмон кор кардаву пули ба дастовардаашро ба модар мефиристад, то хона ва аҳли оила бо маводи аввалия таъмин шаваду бақияи онро зодмандон барои сохтмони хонаи нав ва ё барои арӯсии писар пасандоз созанд, вале модари камсавод ва бедил маоши фарзанди ғариби худро тилловорӣ харидаю мисли маркаб бар гардан меовезад, чӣ гуфтаем? Ҳақиқатро? Ё шояд хомӯшӣ бояд пеша кард. Эҳтимолан, хомӯшӣ дар ин маврид баробар ба ҷиноят аст!
Агар бигӯем, ки модаре ду духтари кучаки худро танҳо ба воя мерасонаду онҳоро хонадор мекунад ва духтарон ба хотири васеътар намудани хонаҳои худ модарро фиреб дода ба хонаи бекасон мебаранд ва аз ҳоли дили сӯхтаи ӯ боре хабар намегиранд ва ҳатто ба ҷанозааш намеоянду баъд аз фавт аз масъулин даъвои ангуштарину гарданбанди модар менамоянд, чӣ гуфтаем? Ҳақиқати талхи зиндагиро ё ба шаъни миллат халал ворид кардаем?
Аз чунин агарҳо ва рафтори зишту нолоиқи ҳамватанон метавон садҳо мисол овард, аммо феълан бо ин намуна иктифо мекунем, зеро хулоса ин аст, ки ифтихори хушку холӣ касе ва ё миллатеро ба ҷойе нарасонидааст. Бояд имрӯз ва фардои миллати хешро худамон бисозем. Зеро шоир фармудааст?
Шарафи зот ба тақлид нагардад ҳосил,
Гову харро накунад хӯрдани гандум одам.
Сохтани андешаи нав ва миллати сифатан нав кори муҳимтаринест, ки мо бояд анҷом диҳем. Миллати созанда ва эҷодкор, хушбин ва меҳрубон, ҳақшинос ва бовиҷдон. Аллома Иқбол дар ин маврид мегӯяд:
Дигар миллат, ки нӯш аз неш гирад,
Дигар миллат, ки коре пеш гирад,
Нагардад бо яке олам қаноат,
Ду оламро ба дӯши хеш гирад.
Эмомалӣ Сайидамирзод