Худованд дар сураи Бақара оятҳои 182-185 мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардед, барои шумо рӯза доштан фарз гардонида шуд, ҳамчуноне, ки бар умматҳои пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд. Шояд, ки парҳезгор шавед. Рӯза доштан, чанд рӯзи ба шумор аст. Ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас рӯза доштанаш дар рӯзҳои дигар лозим аст. Ва бар касоне, ки беморанд ва наметавонанд рӯза доранд, бар онҳо лозим аст, ки иборат аз хӯроки як мискин дар як рӯз садақа диҳанд ва агар аз ин бештар диҳанд, барои худи ӯ беҳтар аст. Ва агар тавонад беҳтар аст, ки рӯза бигирад. Моҳи рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаллолу ҳаром аз назди Худованд фуруд оварда шуд. Агар касе аз шумо ин моҳи бузургро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад. Худованд барои шумо на душвориро, балки осониро мехоҳад».
Уламои дин дар такя бо оёти Қуръони азимушшаън ва аҳодиси Расули акрам (с) рӯза доштанро барои зани ҳомила ва модарони тифли навзоддошта ҷоиз надонистанд. Зеро агар аввалӣ барои инкишофи кудаки дар батн доштааш ҷурм кунад, дувумӣ аз гурусна мондани тифли ширхора,ки ҳар замон ба гиря меояд, ҳам худ ва ҳам атрофиёнро нороҳат мекунад. Дар натича рӯзаи доштааш ӯро аз савоб маҳрум мегардонад. Барои ҳамин шахси рӯзадор нахуст бояд аз фазилати ин моҳ ва қавоиди рӯзадорӣ огаҳ бошад.
Панҷ хислатест, ки хоси рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) аст, ки дар дигар умматҳои гузашта набуд.
1.Аввал ин ки бӯйи даҳони рӯзадор дар назди Худованд аз мушку анбар хушбӯйтар аст.
2.Дар ин моҳ барои шахси рӯзадор тамоми малоикаҳои осмон аз субҳи содиқ, то расидани шом аз Худованд омӯрзиш талаб мекунанд.
3.Дар ин моҳ шайтон занҷирбанд мешаванд, то умматони Муҳаммад (с) бо васвасааш гуноҳ накунанд.
4.Тамоми дарҳои осмонҳо кушода мегарданд, то дуои рӯзадорон қабул гардад. Ҳамчунин, Худованд ҷаннатро ҳар рӯз ороиш медиҳад ва мегӯяд, ки ба зудӣ бандагони солеҳи ман бахшида мешаванд ва ба сӯи ту меоянд.
5.Мукофоти шахси рӯзадор дар рӯзи бегоҳи охири моҳи Рамазон аз ҷониби Худованд дода мешавад ва ҳамаи гуноҳҳои гузаштаи рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) бахшида мешаванд. Рӯза доштан танҳо манъи хӯрдану ошомидан нест, балки чашму гушу забон,дасту пой ва ҳама аъзои инсон бояд рӯза гирад,то аз амалҳои зишт ва гуноҳ дар канор бошӣ. Маънӣ ин аст,ки шахси рӯзадор мебояд аз туҳмату ғайбат,аз ҳақорат ва ҷангу ҷидол парҳез кунад. Дар ҳамин маврид Расули акрам (с) мефармоянд,ки «Худованд ба рӯзаи онҳое,ки ғайбат мекунанд ва дурӯғ мегӯянд, эҳтиёҷ надорад».
Дар ояти дигар Худованд мефармояд: «Рӯза хос барои ман аст ва аҷру мукофоти онро ман медиҳам». Яъне ҳар амали неку баде, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, бар нафъу зарари худи ӯст. Аммо рӯза амалест, ки мукофоташ хос дар назди ман аст.
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадисашон фармудаанд, ки ҳар нафаре вақти ифтор шахси рӯзадореро таъом диҳад:
1.Баробари савоби шахси рӯзадор савоб мегирад, дар ҳоле, ки аз шахси рӯзадор савобе кам намегардад.
2.Гуноҳҳои шахси ифтордиҳанда бахшида мешаванд.
3.Аз азоби дӯзах наҷот дода мешавад.
Дар ҳадиси дигар Паёмбар мефармоянд, ки ҳар касе рӯза бигирад ва ҳудудҳои онро бидонад ва он чи ки дар рӯза аст, бо шартҳои он амал намояд, гуноҳони гузаштааш бахшида мешаванд.
Ё дар ҷои дигар омадааст: ҳар касе рӯзадореро аз касби ҳалол таъом бидиҳад, тамоми малоикаҳо салому дуруд мефиристанд бар ӯ дар моҳи Рамазон ва салом мекунад, ҳазрати Ҷабраил бо ӯ дар шаби қадр ва ҳар касе, ки бо Ҷабраил бо даст салом мекунад, дилаш нарм мегардаду оби дидааш зиёд мешавад.
Ҳазрати Расулуллоҳ (с) дар ҳадиси дигарашон мефармояд: дар ин моҳ чор амалро бояд зиёд кард: 1.Зикри калимаи «ло илоҳа илаллоҳ». 2. Истиғфор (тавба кардан). 3. Дархости биҳишт. 4. Паноҳ хостан аз дӯзах.
Инсон ҳар миқдор фориғ аз корҳои дигар бошад, дар ин чаҳор амал сарф (ҷаҳд) кунад ва қадри раҳнамоии он Ҳазратро бидонад.
Ду нуктаи дигарро низ барои рӯзадорон қайд кардан аз манфиат холӣ нест. Аввал ин , ки шахсе саҳван рӯзаашро мехӯрад бо ба ёд овардан ва аз нав ният намудан ,рӯзаи ӯ боқӣ мемонад. Ва дигар ин, ки нафари дар сафарбуда агар машаққати роҳ кашад, ин мусофир метавонад ифтор намояд ва агар имкони хуберо доро бошад, рӯза доштанаш авлотар аст.
Р.НАЗИР