Масъалаи матраҳи матлаби мо аз субҳ то шом нахӯрдани ғизо аст. Моҳи шарифи Рамазон дар айёми хеле гарми фасли тобистон фаро расидааст, ки рӯзҳо тӯлонию талаботи организм ба нӯшокиҳои ташнашикану ғизо бештар мегардад. Пас, агар рӯза дорем, чӣ гуна метавонем, организми худро аз осебёбии ташнагию гуруснагии шадид нигаҳ дорем? Мутахассисони соҳаи тиб дар ин маврид тавсияҳои муфид дода метавонанд. Аввалан, ҳангоми қабл аз субҳ ғизо хӯрдану нияти рӯзадориро кардан, бояд ба реҷаи ғизо ҳатман риоя кард. Одат шудааст, ки бисёриҳо ба хотири тамоми рӯз гурусна намондан ғизои бисёр мехӯранд. Онҳо бовар доранд, ки меъдаро бо хӯрокҳои серғизо пур кардан эшонро тамоми рӯз аз гуруснагию ташнагӣ нигаҳ медорад, аммо иштибоҳи асосӣ дар ҳамин бовар ва чунин реҷаи субҳона аст. Аксари онҳое, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо чунин усул рӯза мегиранд, ҳатман гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда мегарданд. Гап сари он аст, ки аксар мехӯранду боз то субҳ дамидан ва ё баромадани офтоб хоб мераванд. Баъзеҳо ба хотири рӯза гирифтан тамоми рӯз дар хона мемонанд. Ин боиси вайрон шудани фаъолияти бонизоми узвҳои ҳозима мегардад. Онҳое, ки ба кори саҳро мераванд ва зери офтоби гарм кори ҷисмонӣ мекунанд, ҳатман ташна мемонанд ва сабр мекунанд то фарорасии шом, аммо ба ҷурми ташнагӣ ба саломатии худ зарар мерасонанд.Ташнагӣ метавонад ба фаъолияти узвҳои асосии инсон таъсири хеле бад расонад, ки баъзан барқарорсозии онҳо амри маҳол мегардад. Ибораи маъмули мардумро медонед, ки ҳангоми ташнагии сахт «ҷигарам сӯхт» мегӯянд. Ин бесабаб нест. Талаботи доимӣ ва муқаррарии организм ба об набояд вайрон шавад. Аз ин нигоҳ, мутахассион маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми субҳона ғизоҳои сернамак, хамирӣ, бирён ва нонро камтар истеъмол намоянд. Баръакс, агар организм ва меъда озодтару оромтар бошад, шумо камтар ташна ва гуруснагиро эҳсос мекунед. Дар муҳити хонаводагии мардуми мо наврасони ба балоғатрасидаро ҳам талқин ба рӯзадорӣ мекунанд. Дар як давраи муайян дигар кардани реҷаи ғизохӯрӣ метавонад ба рӯҳу равони чунин наврасон таъсири манфӣ расонад. Асабоният, инҷиқӣ, сархчархзанӣ ва дигар ҳолатҳои ноҷӯри организм зуд-зуд рух медиҳанд, ки оқибатҳои бад доранд. Аз ҷониби дигар, рӯза гирифтан барои модарони ҷавон, ки тифли ширмак доранд ва ё модарони ҳомила хеле хатар дорад ва дар дини мубини ислом ин нуктаҳо хеле хуб матраҳ шудаанд. Яъне шахсони бемор, пирони барҷомонда, ки ба қабули ғизо ва ё табобат ниёз доранд, рӯза гирифтанашон шарт нест,зеро рӯзадорӣ метавонад саломатиашонро боз ноҷӯртар созад.
Дар мавриди дигар одамоне, ки ба кашидани тамоку одат кардаанд ва дар ин моҳ рӯза мегиранд, хеле асабонӣ ва инҷиқу якрав мешаванд. Организм вақте ба тамоку одат кардааст ва дар ҳолати зарурӣ аз он ба истилоҳ «баҳра» намебарад, ин реҷа метавонад ба рӯҳу равони шахсони тамокукаш таъсири манфӣ расонад. Мушоҳида мешавад, ки чунин шахсон ҳангоми кор, муносибат ва анҷоми дигар амалиётҳои касбӣ ба иштибоҳу асабоният роҳ медиҳанд ва гоҳе миёни ҳамкорону наздикон ҷанҷолу хархашаҳо рух медиҳанду табъи ҳамдигаррро хира месозанд. Ин хуб нест ва аз нигоҳи дини мубини ислом ҳам гуноҳ дониста мешавад. Ва фармудаанд, ки вақте чунин ҳолатҳо ба миён меоянд, рӯзаи доштаи ин мардумон қабул нест ва ба истилоҳи динӣ «рӯза мешиканад». Пас, дар ҳама холатҳо ва вазъияти хеле ҳассос, ки метавонад ба рӯҳу равони инсон таъсир расонад, тахаммул ва истодагарӣ беҳтарин амал дониста мешавад. Рӯза доштану боз миннат кардан, ки «ман рӯзадорам» ва ё ба ҷурми ташнагию гуруснагию кайфияти тамоку касеро озор додану алфози баду носазо гуфтан, аз фазилатҳои ин моҳи шариф набудааст. Аз ин ишораҳо ва гуфтаҳою фармудаҳо бармеоянд, ки дар ин моҳи шариф дар ҳама кор, ҳам қабули ғизо, ҳам муколамаю муошират, рафтору гуфтор ва ғайра андозаро бояд нигаҳ дошт. Андозаеро, ки дар фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон омадааст ва ҳамзамон рисолате, ки одам ба дӯш дорад. Боқӣ файзу баракат ва имону инсофу тавфиқ насибатон бошад.
Р.Камол