Ба ибораи дигар, онҳо ба умеди рӯзи дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат доиман чашминтизор буданд, то зиндагии хушу хандаи беғаши тифлон дигарбора зинда гардад. Ва шукри Яздони поку пешвоёни ин миллат,ки бо миёнаравии давлатҳои сулҳхоҳ, рӯзи 27 июни соли 1977 созишномаи сулҳи байни тоҷкон дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва табли шодию сурур дар сарзамини тоҷикон садо дод. Бештар аз ҳама, ин хабари хуш модаронро шод кард,зеро онҳо аз раҳҳпойи фарзанди хеш ва аз шунидани хабари нохуш зиёд хаста шуда буданд. Бо ба ёд овардан аз рӯзҳои сарнавиштсози миллат мақсад гузоштем, ки аз тараддуди занони сарвар ва хотираҳои модарон чанд андеша ва хостаҳоро рӯйи варақ орем:
Муҳаё Юнусова, муовини раиси шаҳри Роғун
Рӯзи сарнавиштсози мардуми тоҷик- Ваҳдати миллиро сокинони шаҳри Роғун аз рӯзҳои хотирмону таърихӣ медонанд. Тибқи нақша-чорабинии таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи ҷамоатҳо конфронсҳои илмӣ назариявӣ доир гашта , шахсони масъул дар ин нишастҳо бо маърӯзаҳои илмӣ баромад доранд. Ҳамчунин, бо ибтикори бахши зан ва оилаи назди раиси ноҳия дар ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳо вохӯрихои судманд бо занону духтарон доир гашта истодааст,ки модарони барӯманду собиқадорони меҳнат маҷлисорои ин суҳбатҳо мебошанд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ духтарони толибилми шаҳри Роғун, чӣ аз мактаби миёна ва чӣ аз макотиби олли пойтахт сулҳу ваҳдатро бо мавзуъҳои муҳим ва қироати шеъру порчаҳои насрӣ ,саҳначахо васф мекунанд.Тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ороиши назди бино ва кӯчаву хиёбонхоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, озмуну мусобиқоти гуногуни варзиширо доир менамоянд. Чорабинии васеи илмӣ дар боби эҳёи Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таърихии он рӯзи 26- июн дар толори мақомоти иҷроия доир мегардад,ки дар он раиси шаҳр бо маърӯзаи илмӣ баромад хоҳад намуд.
Муҳаббат Азизова, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон
Ҳафтаи дуюм аст,ки якҷо бо меҳмонони аз шаҳри Хоруғ омада дар деҳоти ноҳияи Ёвон рафти иҷрои барномаи «Хониши оилавӣ»-ро,ки яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар боби амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»аст, дида баромада истодаем. Ва ногуфта намонад,ки ба ҳар хонадоне ворид нашавем, нахуст суханони ҳар ду ҷониб аз Ваҳдат, дӯстию рафоқат оғоз меёбад. Бахусус, модарон аз ин ифоқае,ки миёни тоҷикон омаду он то имрӯз побарҷост бо мамнуният ҳарф мезананд. Ҷои пушида нест,ки занҳо аз мардон дида пурэҳсосанд, ва онҳо бори гарони ғамро низ то дер аз худ дур карда наметавонанд. Ба ин хотир, мо, модарон, хоб дар чашм надоштему орзуи ваҳдати миллатро ба сар доштем. Ва имрӯз ба қадри ин сарвати бебаҳо бояд расиду нагузошт,ки обу хоки Т оҷикистон гарду ғубор гирад. Ҳарчанд,ки аз ҷониби афроди алоҳида ин кӯшишҳо баъзан ба назар мерасанд.Имрӯз, хушбахтона, давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қудрате дорад,ки якпорчагии Точикистони азизро ҳифз намояд. Модарон ,ки худ ваҳдатофаринанд,ба қадри ин неъмат зуд мерасанд ва барои пойдории он фарзандони хешро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия менамоянд.
Марҳамат Очилова, модари 84 сола, ноҳияи Фирдавсӣ
Ба қадри ваҳдат,сулҳу созиш бояд расид,зеро он осон ба даст наомадааст. Бовар дорам,ки модарон қадру қимати ин ганҷи бебаҳоро хуб медонанд. Ман аслан омӯгорам. Солҳои навадум ба нафақа баромадам. Айни вақт муаллифи чор китоби бадеиам,ки ҳар кадоме хонандаҳои зиёди худро дорад. «Сағерабача» ном дорад китоби аз ҳама охире,ки ба дасти чоп додам. Навиштаҳои ман аз кору рӯзгори хонавода ва ҳаёти тоҷикони маҳал,рустоӣ нақл намуда, ба даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Дар вохурие ,ки ба наздикӣ дар марказҳои фарҳангии вилояти Суғд доир гашту маро ба сифати муаллифи китоб даъват карда буданд, сухан кардам.Аввалу охири ҳар сухани ман аз боби ваҳдату дӯстӣ ва рафоқат миёни мардуми тоҷик ва дигар қавму миллатҳо буд. Мехоҳам ки замона доимо тенҷу тенҷу ором ва мардуми сайёра шоду хандон бошанд,зеро, ба қавлииСаъдии бузург; «Чу узве ба дард оварад рӯзгор,Дигар узвҳоро намонад қарор».
Рустами НАЗИР