Дар мавриди зебоӣ ва ҳусну ҷамоли зан бузургони адаб зиёд гуфтанду мегӯянд. Дар ин қибол занон низ ба хотири боз ҳам зебою дилфиреб шудан аз василаҳои гуногун истифода мебаранд. Худро орою торо додан ва зебо шудан як одати муқаррарӣ ва ҳамешагии бонувон аст, аммо саволи матраҳ ин ҷо он аст, ки кӣ чӣ хел худро дилкашу зебо месозад?
Маъмулан, аксар аз ороишоту хушбӯиҳо истифода мебаранд. Ин бад нест, аммо фарҳанги истифодаи онҳо якзайл набудааст. Аз ҷониби дигар, хеле зиёд истифода бурдани маводи ороишӣ сабабгори пайдо шудани бемориҳои гуногуни пӯст ва аллергия шуда метавонанд. Ин омили манфиро табибон дар истифодаи маводи бесифат ва худсохт медонанд, ки мутаассифона имрӯз ба муомилот роҳ ёфтаанд. Баъзе соҳибкорон ба хотири манфиати худ маводи бесифату қалбакиро бо ҳар роҳ вориди бозор месозанду харидорони ноогоҳ арзиши дастрас доштани онҳоро дида мехаранд ва гоҳе мувоҷеҳи бемориҳо мегарданд. Истифодаи маводи ороишию гигиенӣ, ба хусус , дар фасли тобистон ҳам баманфиат асту ҳам хатарнок . Занон барои аз таъсири нурҳои офтоб эмин доштани рӯю мӯйҳо ва дасту пойҳо аз малҳамҳои махсус истифода мебаранд. Агар онҳо босифат бошанд, хеле хуб, аммо агар қалбакӣ, донед, ки ба зебоию таровати табииятон зарар хоҳед расонд. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар фасли тобистон аз истифодаи зиёди малҳамҳои (кремҳо) гуногун худдорӣ кунед. Истифодаи малҳамҳои табиии аз гулу гиёҳҳо ва меваю сабзавот омодашуда беҳтарин маводи ороишию гигиенӣ барои таровту зебоии бонувон дониста мешавад. Тобистон вақти гармӣ ҳарчӣ бештар аз оби хунук истифода бурдан ҳам фоида дорад.
Чаро занон бештар худро зебо кардан мехоҳанд? Донишманде дар ин маврид гуфтааст:
«Зинати занон барои ҳасуд кадани якдигар аст, вагарна мардон ба рӯйи хубу хулқи хуш дил мебозанд, на ба зинату либос» .
Ин андеша аз таҷрибаю мушоҳидаҳои тӯлонӣ шакл гирифтааст ва то ҷое воқеият дорад. Агар имрӯзро ба эътибор бигирем, воқеан мебинем, ки чунин ҳам ҳаст. Миёни занон як навъ мусобиқаи зебосозии ҳамдигар, аз дигаре беҳтару бештар доштани ороишоту сару либос мушоҳида мешавад. Масалан, доштани тилловориҳо, либосҳои гаронбаҳо ва атру уппоҳои гаронарзиш мӯд шудаанд. Касе аз касе ба истилоҳ «ибрат» мегирад ва кӯшиши аз дигаре зиёдтар доштанро мекунад. То ҳадде, ки миёни бонувон ин масъала гоҳе мавриди «таҳлилу таҳқиқ»-и якдигар қарор мегирад. Ин шева аз қадим роиҷ будааст ва бесабаб андешаи болоро ба ҳукми як хулоса наовардаанд. Зебоӣ аз нигоҳи мардон на зару зевар, ороишоту сару либос, балки хулқи хушу чеҳраи гарми зан аст.
Дар мавриди дигар оид ба сабабҳои майли беандоза доштани бонувон ба ороишот ва сару либос гуфтаанд:
«Ғолибан зинат барои пӯшондани айб аст, аммо бинандаро мутаваҷҷеҳи айб мекунад».
Чаро чунин гуфтаанд? Ин ҷо боз ҳамон андешаи маъмул, ки ҳусни азалӣ ё табиӣ аз ҳама беҳтар аст, ба зеҳнамон дакка мехӯрад, яъне ҳеҷ як ороиш ва худро бо ҳар гуна васоити зиёд зебу оро додан, наметавонад чеҳраи на он қадар зеборо зебо созад. Бонувон табиатан зебопарастанд, аммо ба зебоӣ майл кардан андозаи худро дорад. Баъзеҳо ба хотири пинҳон кардан ва ё ислоҳ намудани нуқсҳои зоҳирӣ аз маводи зиёди ороишӣ ва либосҳо зиёд истифода мебаранд, аммо ин усулҳо наметавонанд, ҳусни набударо эҷод намоянд. Ба ин маънӣ бузургон аз мушоҳидаҳо чунин гуфтаанд. Дар иртибот ва боз ҳам тасдиқи дақиқтари андешаҳои боло гуфтори дигаре ҳаст, ки чунин хулоса дорад:
«Зинати бисёр аз зебоӣ мекоҳад ва зиштро зишттар месозад».
Ба асли маънӣ сарфаҳм рафтед? Пинҳон кардани нуқсҳои зоҳирӣ бо зару зевару зинати бисёр ба назари бинанда боз ҳам зиштару ноқистар менамояд. Дар воқеияти зиндагӣ ин ҳолат борҳо исбот шудааст, аммо як зумраи бонувон ҳамеша барои зебо шудан вақту қисмати муайяни дороии худро сарф мекунанд, аммо зебо намешаванд, ки не! Пас, ҳусни табиӣ аз ҳама авлотар аст. Мо намегӯем, ки зан аз ороишоту сару либоси шинаму зебо истифода набарад. Зебо шудану худро тароватноку дилкашу дилхоҳ сохтан як амали доимии занҳо буду ҳаст ва хоҳад монд, аммо ҳамааш ба меъёру андоза бояд бошад.
Дар ниҳояти ин матлаб бузургон аз ҳама гуфтаҳо перомуни зебоии занон хулосаи амиқ ва бебаҳсро матраҳ кардаанд, ки чунин аст:
«Беҳтарин зинати зан хулқи хушу тандурустист».
Бале, зани зебою порсо ва дилхоҳу дилбару дилнавоз ҳамонест, ки хулқи хуш, ахлоқу маънавиёти хуб ва тани солиму рӯҳи болида дошта бошад. Агар зан чунин хислатҳоро дорост, ӯ ҳам дар зоҳир ва ҳам ботин ҳамеша зебо хоҳад буд! Дар чунин ҳолат нуқсҳои зоҳирӣ ҳам ба чашми кас зебо менамоянд. Занонро бояд бо чашми ақлу дил шинохт, на бо зару зевар!
Ва тавлидгари ҳама зебоиҳо ин муҳаббати самимиест, ки дар қалбу рӯҳи мо лона мегузорад ва моро бо ҳам чашмнавозу дилнавоз месозад.
Дар ин маврид Лоиқи бузург фармуда:
Муҳаббат ҳолию фардои умр аст
Муҳаббат шӯриши дарёи умр аст.
На ҳар савдогар ин ҷо роҳ ёбад,
Муҳаббат, дӯстон, савдои умр аст!
БОҚӢ ҲАМА ҲЕҶ АСТ!
«Бонувони Тоҷикистон»