Ба хотири рӯшанӣ андохтан, бояд бигӯям, ки дар матлаби мо сухан аз ишқи илоҳӣ ва муҳаббати осмонӣ намеравад. Манзур аз ишқ ҳамон муҳаббати поку ноолуда ва самимию дилнавози заминӣ аст. Бо фарқ аз дигар манотиқ ва ҳатто пойтахти кишвар, дар ин деҳа духтарону писарон на аз рӯйи маслиҳату машварат ва интихоби зодмандон ҷашни арӯсӣ барпо мекунанд, балки дӯст доштаю шинохта ва дар мизони ақлу дил санҷида, шахсеро барои як умр шоҳини қалб интихоб менамоянд.
Рӯйи кат менишастему писари ҳамдарсам бароямон чой мерехту нон мешикаст ва ҳангоми пеш омадани зарурат номи завҷаашро гирифта, ӯро мефармуд, ки мева ё ҷурғот биёрад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксар навоҳии Тоҷикистон аз рӯзи зода шудани фарзанди нахуст мард ба занаш «модари Фарзона» ё бону ба шавҳараш «падари Азиз» гуфта муроҷиат мекунанд. Номи нахустфарзанд исми зану шавҳарро дар аксар деҳоти кишвар барои якумр аз байн мебарад. Дар бархе аз ҳолатҳои дигар зану шавҳар ба ҷойи номи якдигар номи фарзандонро истифода менамоянд, ки инро ҳам наметавон ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кард.
Тақрибан баъд аз ним соат дари ҳавлиро кӯфтанд. Ҳамсабақам аз ҷой баланд шуду дарро кушод. Пирамарду зани солхӯрдае пасу пеш вориди ҳавлӣ шуданд. Онҳо бо қадамҳои кӯтоҳ ду самти ҳавлиро, ки гулҳои гуногуну зебо дошт, тай кардаву синчакорона қадду бари дарахтону ниҳолҳоро меомӯхтанд.
Баъд аз ҳолпурсӣ соҳибхона моро бо ҳам шинос кард ва бо чеҳраи ҷиддӣ ба ман нигоҳ карда гуфт:
– Муъбадони дайри муҳаббат ва орифони сулуки муҳаббат – амаки Рустам ва холаи Зулайхо.
Ҳич боварам намеомад, ки танзимгару асосгузори чунин як мактаби ҷовид дар муқобили таассубу пайравӣ аз суннатҳои зараровари аҷнабӣ ду шахси деҳотӣ бошанд. Аммо, вақте фаҳмидам, ки номи аслии холаи Зулайхо Наташа асту амаки Рустам барои соҳиб шудан ба эътимоди ӯ чӣ мараҳалаҳои сангину душворро пушти сар намудааст, манзара каме бароям рӯшантар гашт.
«Рустам дар яке аз минатақаҳои дури Сибир панҷ сол дар маҳбас ни шаста, барои рафтори намунавӣ ба яке аз шаҳракҳо ба муддати се сол фиристода шуд. Онҳо аз субҳ то шом дар сохтмонҳои шаҳрак кор мекарданду бегоҳ ба мошини боркаше савор шуда, ба маҳалли хоби худ бармегаштанд. Ман дар синфи даҳум мехондам. Вақти ба мактаб рафтан, мо аз назди сохтмон мегузаштем ва аз рӯзи аввал маро чашмони сиёҳу зебо ва нигоҳи софу самимии Рустам ба худ мекашид. Аз ҳамдарсонам фаҳмидам, ки ӯ баъди хатми омӯзишгоҳ фурӯшанда шуда ба кор оғоз менамояду баъд аз се моҳ аз сабаби кам овардани чанд сӯм муфаттишон ӯро ба маҳкама мекашанд. Агар синнаш ба 25 расида бошад ҳам, ҳанӯз бачча буд. Бо ӯ суҳбат мекардаму хиҷолатро дар чеҳрааш мехондам. Ба тадриҷ бо вай одат кардаму дар ҳолатҳои набудани муаллим, аз мактаб гурехта, ба назаш мерафтам», – ба ёд меорад он солҳоро холаи Зулайхо.
– Шабҳо хеле кам хоб мерафтам, – мегӯяд амаки Рустам. – Мехостам зудтар ба сохтмон баргардаму Наташа наздам биояд. Барои дидани ӯ ва шунидани садояш на сардиро эҳсос мекардаму на дурӣ аз волидон чандон азобам медод. Барои ман дунё дигар танҳо аз ӯ иборат буд. Ба ҳамин минвол се сол сипарӣ шуд. Баъд аз озод шудан, ба Тоҷикистон барнагаштам. Бо Наташа дар омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, баъд аз хатми он ба кор шуруъ намудем. Вақте масъалаи издивоҷ пеш омад, падару модарам телефонӣ аз ман талаб карданд, ки агар духтар исломро бипазирад, мо иҷоза медиҳему дар ҷашни арӯсӣ ширкат меварзем. Намедонистам ин масъаларо чӣ гуна пеш гузорам.
«Ҳис мекардам, ки чизе гуфтан мехоҳаду худдорӣ мекунад. Аз мӯйи қиргуни зебояш бӯсида, ӯро ба оғӯш гирифтаму хоҳиш кардам, ки ҳарфи дилашро бигӯяд. Вақте талаби волидонашро гуфт, бе ҳеҷ дудилагие гуфтам, ки омодаам исломро бипазирам, зеро дунёро бе ӯ дигар дидан намехостам», – мегӯяд холаи Зулайхо.
Онҳо беш аз ним аср боз дар яке аз деҳаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ба сар мебаранд. Чаҳор фарзандро хонадор намудаву чандин набера доранд. Барои аҳли деҳ ҳатто дар замони шӯравӣ духтур мақоми хосса дошт. Холаи Зулайхо ҳамшираи шафқат шуду амаки Рустам баъд аз хатм намудани донишгоҳ духтур. Аммо хидмати аз ҳама муҳимашон барои аҳли деҳ ин ҷорӣ кардан расму оине бо номи ишқу муҳаббат аст.
– Намефаҳидам, ки чӣ гуна ду ҷавоне, ки якдиггарро хуб намешиносанд ё баъзан ҳатто надидаанд, метавонанд оилаи солим эҷод кунанд. Бо мардуми деҳа суҳбат мекардам, маслиҳат медодам. Агар зарурат пеш ояд, садо баланд мекардам, – идома медиҳад суҳбатро зани рӯзғордида. – Иҷоза диҳед, ки писару духтарон худашон арӯсу домодро интихоб намоянд. Зиндагии бе муҳаббат умри дароз надорад. Солҳои аввал, мардум маро намефаҳмид. Аммо бе мубориза чизе ба даст меояд? Муборизаи тӯлонӣ ниҳоят натиҷа ба бор овард. Миёнҷигарӣ карда, чанд дилдодаро тӯй кардем. Аз оилаи солим ва бо муҳаббат сохташуда, фарзандони меҳрубону фозил ба дунё меоянд. Бо иваз гаштани як насл муносибат ба издивоҷ дар деҳа тағйир ёфт.
«Номи худро кай иваз кардед ва ба кадом хотир мардум шуморо холаи Зулайхо мегӯянд», – мепурсам аз ӯ.
– Азбаски якдигарро хеле дӯст медорем, номи яке аз қахрамонҳои адабиёти классикии тоҷик – Зулайхоро интихоб намудам. Достони ишқу муҳабббат ва азхудгузаштанҳову вафодории ин духтари ҷасур маро мафтун кард.
– Аз сӯйи дигар, холаи Зулайхо кореро дар деҳа анҷом дод, ки ҳеҷ инқилобчие карда наметавонист. Ӯ табаддулоти қалбӣ кард, аз ин рӯ шоиставу сазовори ин исм аст, – илова менамояд ҳамсабақам.
Ба забони нарму шеваи ширинаш гӯш медиҳам ва чашмони меҳрубону зебои ин бонуи рӯзғордидаро нигариста, ба олами орзуҳо ғарқ мешавам. Эй, кош мазҳаби муҳаббат мароми зиндагии ҳамаи мо мегашт. Танҳо ва танҳо қавонини ишқ моро ҳимоят мекард ва дар пайравӣ аз он умрро ба сар мебурдем. Ҳар шаб, қабл аз хоб ба гӯши ҳамсари худ мегуфтем, ки дӯстат дорам ва ҳар субҳ, қабл аз намоз бо садои нарму пур аз муҳаббат ба гӯшаш бигӯем: Субҳ ба хайр, азизам!
Фароруни Сабзқадам