Зиндагӣ дар як марзи муайян аз мардум тақозо менамояд, ки қавонини муайяне таҳия созанду барои ҳифзи молу мулк ва хонаводаву замину чорпои дарихтиёрдошта сайъ кунанд. Калимаи «маданият», ки имруз дар забони муоширати мо муродифи вожаи «фарҳанг» шудааст, арабӣ буда, дар ибтидо ба маънои шаҳр истифода мегардид ва ба тадриҷ маънӣ дигар намудаву ба маънии фарҳанг мавриди истифода қарор гирифтааст.
Адабиёти классикии тоҷик пайи ислоҳ ва пешрафти фарҳанг, одоби муошират ва хулқу хӯйи накуи инсонӣ осори гаронбаҳое ба ҷой гузоштааст. Ба хотири ба дарозо накашидани сухан, танҳо аз «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ёдовар мегардем, ки ҷанбаҳои муҳими таълимию тарбиявиро дар худ мунъакис сохтаанд. Аз ин рӯ, ин асарҳои тарбиявӣ ба бештар аз сӣ забони дунё тарҷума шудаву аз ҷониби миллатҳои дигар дар масири таърих ҷиҳати ислоҳ ва пешрафти фарҳангу маданият ва дар кул тамаддуни башарӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар қарни 19 нависандаи шинохтаи ҷаҳонӣ ва олими саршиноси улуми христианӣ Лев Толстой ин ду асари Шайх Садии Шерозиро ба забони русӣ тарҷума намуда, дар макотиб аз рӯйи онҳо дарс мегуфтааст.
Дар асри 20 –ум дар миёни 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон бо шоиру нависандагон ва фарҳангу тамаддуни пешрафтааш мавқеи пешраверо касб намуда буд. Устодон - Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат гули сари сабади маҳофили фарҳангӣ ва адабии замон худ буданд. Агар ба дафтари ёддоштҳои шоирону нависандагон ва ҳунарманону ҳунарпешагони шинохтаи қарни 20 –ум назар афканем, мебинем, ки новобаста ба маҳалли зист – Русияву Қафқоз, Қазоқистону Укроин ва ё Белорусу соҳили Балтик онҳо аз фарҳанги вижа ва муоширату муносибати накуи тоҷикистониён гуфтаву навиштаанд.
Аммо бо сипарӣ гардидани ду даҳсола аз касби Истиқлоли давлатӣ дар забони муошират ва гуфтугӯйи ҷавонони пойтахти ҷумҳурӣ таҳаввулоти ҷиддие ба назар мерасад. Мутаассифона, ин таҳаввулотро наметавон мусбат арзёбӣ намуд. Агар чанд сол қабл дар маҳфиле духтари қашанге ширкат меварзид ё аз хиёбон мегузашт, ҷиҳати таъкид ба ӯ духтари «зебо», «хушрӯй» ё «дилрабо» мегуфтанд ва даҳҳо муродифи дигар мавҷуду буду мавриди истифода қарор мегирифт. Имрӯз дар забони ҷавонони пойтахт ин калимаҳои зебою таърихиро вожаҳои «девона» ва «хар» иваз намудаанд. Агар онҳо зебоии ҳусни духтар ва ё болои баланд ва нерумандии ҷавонеро таъкид сохтанӣ бошанд, тақрибан чунин ибораҳоро мавриди истифода қарор медиҳанд: «ин духтар девона (зебо) будааст» ё «ин ҷавон хар (қавиҷуссаю зебо) аст. Агар ба фарҳангҳои тафсирӣ муроҷиат намоем, вожаи «девона» ба маънии «ақлбохта, ба ҷунун расида, бемории рӯҳии аз ақлу ҳуш бегона ва маҷнун» омадааст. Калимаи «хар» ба маънии «чорпои боркаш ва маҷмӯи одами аҳмақ ва аблаҳ, гили часпанда, лой ва ботлоқзор» тафсир шудааст. Ҳоло, агар сари он биандешем, ки аз рӯйи кадом хусусиятҳои худ вожаҳои «девона» ва «хар» маънии зебоӣ касб намудаанд, дандон мешиканем, зеро аз рӯйи ақли солим чунин амал имкон надорад.
Калимаи дигаре, ки имрӯз дар забони ҷавонони мо маънӣ дигар намудаву мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст, «тинҷ» мебошад. Қаблан, асосан дар баъзе шеваю лаҳҷаҳо ин калима мавриди истифода қарор мегирифт ва аслан ба маънии «осуда» истифода мегардид. Масалан, дар ҳолати вохӯрдан, шахсе аз нафари дигар мепурсид: «Сиҳату саломат ва тинҷу осуда ҳастед?» Аз чунин тарзи муошират бармеояд, ки калимаҳои «сиҳату саломат» ва «тинҷу осуда» муродифи якдигар мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир бо кадом сабабҳои ба олимони забоншинос номаълум ин калима низ дар ҳолатҳое мавриди истифода қарор мегирад, ки ба ягон қавонин тобеъ нест ва ҳамзамон маънӣ дигар кардааст. Гуфтем, ки қаблан он маънои осудигро ифода менамуд. Имрӯз, агар пираҳан ба бадани шахсе шинам бошад, ҷавонон мегӯянд: «Тинҷ аст», яъне зебидааст. Тибқи кадом қавонин «осуда» маънӣ бохтаву ба маънои «шинам ва зебо» омадааст, барои мо маълум нест. Чизе, ки дар назари аввал ба чашм ва зеҳни солим мехӯрад, ин маънии ғалат касб намудани вожаҳои мазбур мебошад. Аммо суоли мантиқӣ ин аст, ки ба кадом хотир ҷавонон ба ин вожаҳо маънии дигар додаанд? Агар барои ифодаи эҳсос, маънӣ ва мазмун калимаҳои мувофиқ дар таърихи забони тоҷикӣ намебуд ва ё дар забони зиндаи гуфтугӯйи вуҷуд намедошт, талош барои сохтан ва ё маъно дигар кардан, вуҷуд дошт. Он ҳам дар ҳолати истифодаи калимаву вожаҳои дуруст ва асоси тоҷикидошта. Аммо канор гузоштани вожаҳои нобу софи форсӣ – тоҷикӣ ва мавриди истифода қарор додани онҳо дар шакли нодуруст ва хароб, шоиста нест ва он нишонаи коҳиш ёфтани дониш ва ахлоқ аст.
Дар баробари калимаҳои номбаршуда даҳҳо вожаҳои дигари классикии забони адабии тоҷик имрӯз маънӣ дигар намудаву дар шакли ғалат мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар ҳолати дигар сари онҳо суҳбат хоҳем кард. Аммо, агар имрӯз аҳли қалам, зиё ва омӯзгорону зодмандон ба таври гӯиш ва забони наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ насозанд ва ҷиҳати ислоҳи он накӯшанд, фардо ислоҳаш мушкилтару сангинтар мегардад. Ҳамчунин набояд фаромӯш созем, ки соҳиби ин забони бузург ва куҳанбунёд танҳо мо нестем. Дар он сӯйи Ому ва дар Эронзамини бостон миллионҳо нафар бо ин забон суҳбат мекунанду асарҳо эҷод менамоянд. Мабодо рӯзе дар назди онҳо шармсору сарафканда нагардем?
Эмомалӣ Сайидамирзод