Пардаро аз рӯйи лавҳасанг раиси ноҳия Каримиён Имомназар ва шоири шаҳир устод Бозор Собир бардоштанд. Сипас, дар театри халқӣ маҳфили ёдбуди Нигина Рауфова баргузор гардид. Раиси ноҳия аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, аз нақши боризи Нигина Рауфова дар рушди санъати кишвар ҳарф зад. Аз он изҳори ифтихор намуд, ки Нигина Рауфова дар пешрафти фарҳанги тоҷик саҳми беандоза дорад. Ва кору пайкори ӯро таърихи санъати миллии тоҷик садсолаҳо ҳифз хоҳад кард. Нигина ҳамчун нигини дастаи ҳунарии «Дарё» эътироф гардидааст. Касе аз мухлисонаш хастагии овози ӯро ҳис накардаанд. Нигина Рауфова ҳофизи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буд.
Барои кулли иштирокдорони маҳфил мояи ифтихор буд, ки устоди калом Бозор Собир ба минбари сухан баромада шакаргуфторӣ кард. Аз Нигина сухан кард,ки ӯ аз ҳамаи унвондорони соҳаи санъат ба куллӣ фарқ мекунад. Ӯ воқеан ҳунарманди халқ аст. Дар тавсифи ҳунари Нигина Рауфова ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, барандаҳои ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ибодулло Машрабов ва Саидқул Билолов, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, актёри театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ Қиёмиддин Чақалов, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳарамма Шарифова суханронӣ карданд.
Барои аҳли толор санъаткорони ноҳия, ҳамчунин дастаи ҳунарии «Дарё» бо иштироки Саидқул Билолов консерт доданд, ки асосан дар заминаи сурудҳои Нигина Рауфова таҳия шуда буд.