Агар бо даст додани нахустин фурсат хоки зери ниҳол ё дарахтеро нарм созему об диҳем, шохҳои хушкидаеро қайчӣ занему маҳалли зисти худро тамиз нигаҳ дорем, пас, сармояе гузоштаем барои соли баъдии худу фарзандон. Ва, агар ниҳолеро буридаву дарахтеро хушк кардаем ва рӯйи сабзаи нарму зебое ахлот рехтаем, мантиқан бар пойи хеш теша задаем, зеро соли дигар зери сояи дархте аз нурҳои гарму сӯзандаи офтоб раҳо намеёбему кислородеро, ки баҳри нафаскашии мову фарзандон хеле зарур аст, аз даст додаем. Ба истилоҳи дигар, «ҳар чӣ киштаӣ, онро бардорӣ».
Фарҳанги муносибати наку бо табиатро бояд аз хурдӣ дар фарзандон тарбият кард, то дар оянда онҳо тавонанд барои наслҳои баъдӣ мероси арзандае ба ҷой гузоранд. Агар, мо бо рафтори худ кори шоистеро анҷом бидиҳем, фарзандон дар пайравӣ онро идома хоҳанд дод, вале Худо нохоста, амали зиште дар нисбати муҳит ва хиёбону табиати атроф содир бикунем, бидуни таҳлил ва арзёбӣ атфол аз мо тақлид хоҳанд кард. Дар чунин ҳолат, агар мо шохи дарахтеро бибурем, фарзандону набераҳо дарахтҳоро нобуд хоҳанд кард, ки идомаи ин амали зишт дурнамои баду харобиоваре хоҳад дошт.
Дар марҳалаи муайяни таърихӣ (солҳои 80 –уми қарни гузашта) мардуми русторо зарурате пеш омад, ки аз фарҳанги шаҳрӣ ( манзур Душанбешаҳр аст) пайравӣ намоянд, то хиёбону маҳалли зисти онҳо гулпӯшу зебо гардад. Чунин пайравӣ шоистаи таҳсин буд. Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки мардуми пойтахт аз таҷрибаи муносибат бо муҳити зисти мардуми шаҳрҳои дигар, аз қабили Истаравшану Панҷакент ва Хуҷанду Исфара бозомӯзӣ намоянд. Агар хонандаи арҷманди мо таваҷҷуҳ зоҳир намуда бошад, вақте вориди шаҳрҳои мазбур мегардӣ, хиёбонҳоро гулпӯшу сарсабз ва тамизу пок мебинӣ. Мардум бо зебоию тароват ва ободии маҳалли зист ифтихор доранд, ки мутаассифона, чунин муносибат дар шаҳри Душанбе ба назар намерасад. Аксар шаҳрвандони ба Душанбе дар 20 соли охир омада, ҳанӯз бо тамаддун ва фарҳанги шаҳрдорӣ ошно нашудаву дар муносибат ва зиндагии рӯзмарраи онҳо дилсӯзию эҷодкорӣ ба чашм намерасад. Ин гурӯҳ на танҳо дар ободии пойтахт саҳме надоранд, балки бо рафтору муносибати зишти хеш ба табиат ва ҳамсояву меҳмонони пойтахт аз дигарон фарқ мекунанд ва новобаста ба ангуштнамо шудан, дар худ эҳсоси масъулият надоранд. Меҳмони нохондаеро мемонанд, ки гӯиё барои чанд рӯз омадаву то лаҳзаи охирини будубош бо рафтору муносибати зишт муҳитро харобу атрофиёнро асабӣ хоҳанд кард.
Чизи дигаре, ки боиси нигаронӣ аст ва ба фарҳанги шаҳр мувофиқат намекунад, ин бетфовутии аксари ҷомеа аст. Вақте мебинем, ки ҳамсояе ахлот мепартояд ё ҷавоне зиштсуханӣ менамояд, сукутро пеша мекунем. Боястӣ дар чунин ҳолат ба ӯ эрод бигирем ва ислоҳаш намоем, то дар оянда такрор насозад. Ободию сарсабзии Душанбе ободию накуии сокинони он аст. Бояд ҳар ваҷаб хоки онро арҷ гузорему эҳтиром қоил бошем. Тамизу сарсабз намудани хиёбонҳои пойтахт танҳо масъулияти кормандони ниҳодҳои давлатӣ нест, масъули ободии он ҳар як шаҳрванд маҳсуб мешавад. Агар кӯчаеро об задаву руфтаанд, барои роҳатии хаёли мо анҷом додаанд. Бояд дар давоми рӯз онро ҳамчунон тамизу озода нигаҳ дорем. Бояд он андешаи хомро аз зеҳнҳо дур андозем, ки кормандони хоҷагии коммуналӣ масъули покиву ободии маҳаллаҳо ва кӯчаву хиёбонҳоянд. Масуъл ҳар яки моем. Баъдан, набояд фаромӯш кард, он бонувоне, ки субҳи содиқ аз хоб хеста, хиёбонҳоро мерӯбанд, модарону хоҳарони мо мебошанд. Бояд заҳмати онҳоро арҷ гузорем!
Дар идомаи матлаби ҳифзи зистмуҳитӣ ду пешниҳоде дорем, ки омӯзиши он ба идораҳои масъули шаҳрдорӣ зарар нахоҳад кард:
Қарни 21-ро асри технология меноманд. Агар ҳамқадами замон шудан мехоҳем, бояд аз маҳсули он бархурдор гардем, яъне дар шароити феълӣ як мошин метавонад дар тамизу пок кардани кӯчаю хиёбонҳо кори даҳҳо занро анҷом диҳад. Таҷрибаи ҳамсоядавлатҳо инро тасбит намудааст. Ба ин восита бонвони муҳтарами мо аз гармии сӯзони офтобу намии борону сардии барф раҳо хоҳанд шуд. Барои бекор намондан, метавонанд тахассуси хуби занонаеро интихоб намоянд, ки шароиту кору эҷоди онҳоро беҳтару сабуктар мекунад.
Зери офтоби сӯзон мебинем, ки даҳҳо зан дос дар даст то бегоҳ алаф медараванд. Агар дастгоҳҳои кучаку сабуки алафдарав аз ҷониби ниҳодҳои масъули шаҳрдорӣ харидорӣ гарданд, яктои он кори 20 нафарро анҷом медиҳад.
Ба ин восита ҳам бонвони муҳтарамро аз кори сангин раҳо хоҳем карду ҳам истифодаи маҳсулоти технологӣ бо сармояи камтар ба даст меояд ва метавонем маблағҳои ҷамъшударо барои ободии гӯшаҳои дигари пойтахти азизамон сарф намоем.
Эмомалӣ Сайидамирзод