Дар кори конфронс роҳбарони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, устодон, мутахассисон, донишҷӯёни факултаи «Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ»-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва кормандони китобхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Дар оғози конфронс намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул баромад намуда, вобаста ба мавзӯи конфронс оид ба аҳамият ва нақши китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии Интернетӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз равандҳои ҷаҳонишавӣ дар замоне, ки технологияи муосири рақамӣ ва иттилоотӣ бо суръат пеш меравад китобхонаҳои ҷумҳуриро дар канор гузошта наметавонад. Албатта, аз хизматрасонии анъанавии пешина гузаштан ба хизматрасонии муосир, яъне истифода аз техноологияи компютерӣ ва интернетӣ дар фаъолияти соҳаи китобдорӣ талаби замон мебошад.
Аҳамияти баргузори намудани чунин конфронс дар он аст, ки ҷаҳони имрӯза ва махсусан китобхонаҳои ҷумҳуриро бе технологияҳои иттилоотӣ ва компютериву интернетӣ тасаввур кардан номумкин аст. Бинобар ин, дар конфронс масъалаҳои алоқаманд ба соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ташкили маъхазҳои пурраматни электронӣ, маъхазҳои иттилоотӣ дар интернет ва дигар масъалаҳои фаъолияти китобдорӣ мавриди баррасии роҳбарони китобхонаҳо ва мутахассисони соҳавӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиёни конфронс вобаста ба баррасии як қатор масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи китобдорӣ «Тавсиянома»-и иштирокчиёни Конфронси умумиҷумҳуриявӣ қабул карда шуд, ки дар рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Бояд қайд намуд, ки конфронси мазкурро Муасисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ, Муассисаи давлатии «Китобхонаи милли»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВАО-и кишвар сарпарастӣ намуданд.