«Афкору ахлоқ ва рафтори занони ҳар қавме, хуб ё бад, сохта ва пардохтаи он қавм аст»
Муҳаммади Ҳиҷозӣ
Бо назардошти побарҷо мондани суннатҳои оиладорӣ дар ҷомеаи анъанавии мо Ҳукмату давлати Тоҷикистон бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои вижаро таҳия ва мавриди татбиқ қарор додааст. Таҳияи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон худ як санади комил ва солиме аст барои нигоҳ доштани низоми оиладорӣ ва риояи анъанаҳои мардумӣ дар пояи талаботи қонун ва арзишҳои миллӣ. Аз ҷониби дигар, қабули барномаҳои давлатии таҳкимбахшандаи пояҳои оиладорӣ тавонистанд тайи солҳои истиқлолият арзишҳои волои фарҳанги хонаводагиро ҳифз намоянд. Ҳукумату давлати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа тадбирҷӯиҳо намуд. То имрӯз «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» фаъол аст ва дар доираи ин стратегия тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Барномаҳои давлатӣ
Дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» бисёр занону духтарон имрӯз ба вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда таъин шудаанд ва босубот фаъолият доранд. Имрӯз бонувони тоҷик дар ҳайати Парлумони кишвар, вазорату кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ баҳри амалӣ сохтани сиёстаи давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳадафмандона заҳмат мекашанд. Барномаи дигаре, ки мавриди татбиқ қарор дорад, барномаи « Тайёр кардани мутахассион аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» мебошад, ки он ҳам дар доираи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон татбиқи худро ёфта истодааст. Самти дигари таваҷҷуҳи давлат ба ҳаёти занон ин густариш додани соҳибкории хурду миёна миёни бонувон аст. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии бонувони соҳибкор Сарвари давлат маблағҳои махсусе ҷудо кард, ки бо номи грантҳои президентӣ маъмуланд. То имрӯз бонувони зиёде бо истифода аз ин имконот тавонистанд дар соҳоти мухталиф ба соҳибкорӣ машғул гарданд ва муваффақ ҳам шуданд. Ҳарчанд ҳанӯз дар ин самт мушкилот кам нест ва соҳибкории бонувон дар марҳалаи гузариш қарор дорад, аммо дастовардҳо зиёданд. Ин матлаб бори дигар дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар возеҳ баён гардид ва боз супоришу дастурҳои мушаххас дода шуданд, то соҳибкорӣ миёни занон бештар тақвият ёбад.
Солимии оила
Яке аз омилҳои мустаҳкам будани оила ва арзишҳои волои хонаводагӣ ин солимии модару кӯдак аст. Раванди воқеоти зиндагӣ ва ҳаводиси рӯзгор борҳо исбот ҳам кардааст, ки ҳаёти солим дар муҳити хонадон аз солимии модар ва фарзандон бастагӣ дорад. Бо мақсади тақвият додани ин ҳадаф «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди солимии кӯдакону наврасон то давраи соли 2015 » амал менамояд. Ҳамзамон Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014 қабул гардида буд ва самтҳои афзалиятноки он амалӣ шуданд. Дар ҳошияи ин ҳадафҳо масъалаҳои ҳалталаби ҳифзи солимии модару кӯдак, тақвияти саломатӣ ва солимии репродуктивӣ, зоиши хонагӣ ва пешгирии фавти кӯдакони то яксола матраҳ гаштанд.
Мушкилоти оила
Дар баробари тадбирҷӯиҳо имрӯз масоили ҳалталаб зиёд аст, ки муҳити хонаводаҳоро баъзан носолим месозад. Ин пеш аз ҳама, тарбияи фарзандон, ба ҷиноят даст задани ноболиғон, нашъамандӣ, гирифторӣ ба бемориҳои ҷимоӣ, фоҳишагӣ ва талоқ миёни оилаҳо. Ин вазъият, ки гоҳе хеле хуруҷ ҳам мекунад, ҷомеаро нигарон сохтааст ва мутахассисону масъулон талош доранд онҳоро ҳал намоянд. Ин масъалаҳо дар матлабҳои дигар муфассалу возеҳ таҳлили худро ёфтаанд ва яке аз ҳадафҳои таҷлили Рӯзи байналмилалии оила бозгӯ намудани ин мушкилот ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳост. Дар мулоқу маҳфилҳо ва нишастҳо масъулон аз ин боб бо оилаҳо суҳбатҳо доир месозанд ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумату давлатро дар самти таҳкими суннатҳои оиладорӣ, фарҳанги хонаводагӣ ва пойдории он бозгӯ менамоянд.
Р.Камол