Таърих борҳо исбот кардааст, ки халқияту милатҳое бо расму оинҳои мондагор тӯли асрҳо рушд кардаанду поянда мондаанд, ки фарҳангу тамаддуни бой доштанд. Дар ин росто миллати тоҷик дар мақоми вижае қарор дорад ва бо фарҳангу тамаддуни бою рангинаш шуҳратёб аст. Бо гузашти солҳо ва таҳқиқу пажуҳиши олимон ва муҳиқиқони варзидаи мардумшинос муайян шуд, ки баъзе расму оинҳои мардумӣ олудаи хурофот ва бовару эътиқоди бепоя ҳастанд ва маҳз ҳамин омилҳо намегузоранд, то дар зуҳну шуури мардум, ба хусус ,насли муосир, таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ зуҳур созад. Ба маънии дигар, баъзе расму оинҳои мардумӣ аз дирӯз то ба имрӯз бо фарҳанги исломӣ пайванди ҳамешагӣ пайдо намуда, боз оҳанги бештари мазҳабӣ касб кардаанд. Албатта, фарҳанги исломӣ вижагиҳои худро дорад ва бештари маросимҳои миллӣ дар раванди таҳаввулоти мухталифи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба суннатҳои мазҳабӣ омезиш ёфтанд. Дар ҷомеае, ки мардумонаш ба ислом гаравидаанд, ин раванди муқаррарӣ ва ҳамешагист, яъне иҷрои аксар маросимҳо дар худ қавоиди диниро ҳам доранд. Равоншиносон ва муҳаққиқони фарҳангу тамаддуни мардумӣ дар он назаранд, ки ҳангоми ҷараёни таҳаввулотҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ на ҳама табақаи мардумон метавонанд дар зеҳну тафаккур тағйир бихӯранд. Танҳо онҳое ба дигаргуниҳо ва таҳаввулот нигоҳи дигар месозанд, ки маънавиёт ва донишу таҷрибаи хуби ҳаётӣ доранд. Сол ҳост, ки ин андешаро ҷомеа худ рӯшантар бозгӯ мекунанд. Аз кадом паҳлӯ ва чӣ гуна? Матлаб ин ҷо печ мехӯрад ба мақоми занон дар фарҳанги хонаводагӣ ва бовару эътимоду эътиқодашон ба баъзе расму оинҳои динӣ.
Мушкилкушо
Ин маросими хеле маъмули мардумист, ки аз қадим бо фарҳанги исломӣ пайванди ҳамешагӣ дошта то ба имрӯз расидааст. Хусусияти фарқкунандааш он аст, ки ин маросим танҳо миёни бонувон анҷом дода мешавад ва ба таври вижа сурат мегирад. Чӣ тавре аз номи маросим бармеояд, он танҳо барои ҳалли мушкили шахсе ва ё хонаводае равона мешавад. Ин маросимро занони алоҳидае, ки қавоиди мушкилкушоро медонанд, анҷом медиҳанд. Ба мушоҳидаи мардум, чунин занон гӯиё
«ҳунар»-и пешгӯиро доранд ва мушкилеро метавонанд ҳал намоянд. То куҷо ин маросим заминаҳои воқеии пешгӯӣ, ҳалли мушкилот ва ё бароварда кардани ниёзи одамонро дорад, дақиқ нест, аммо ба гуфтаи баъзе рӯҳониён мушкилкушо амали хайру савоб асту ба ақидаи диншиносон хурофот. Инсон дар раванди зиндагӣ ҳамеша мувоҷеҳи мушкилот мешавад ва мутобиқи фалсафаи ислом танҳо Офаридгор қудрату тавоноии ҳалли онҳоро дорад, на бандааш. Ба андешаи равоншиносон ва рӯҳшиносон бошад, анҷом додани ин маросим танҳо ҷабҳаи психологӣ ва рӯҳӣ дораду халос, яъне шахси ба мушкиле печида ба мушкилкушо эътимод мебандад ва умедвор мешавад, ки он албатта ҳалли худро меёбад. Аммо дар пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилоти худ мустақиман амал намесозад. Ин афтодарӯҳӣ, нотавонӣ, ноумедӣ ва бетадбирии шахс аст. Ҳолатҳои зиёде буданду ҳастанд, ки одамон бе мушкилкушо масоили худро ҳал кардаанд ва муваффақ ҳам шудаанд. Эътимоду боварии як зумраи занон ба ин маросим боиси нигаронӣ ҳам будааст, зеро онҳоро беиродаю нотавон ва вобаста аз касею чизе месозад. Пас, имрӯз зарурати тарбияи маънавӣ, равонӣ ва боз ҳам динии бонувон муҳим дониста мешавад, то эшон аз асл огаҳ бошанду дар эътиқоду эътимоду боварҳояшон ба фалсафаи воқеии дини мубини ислом ва фарҳангу маънавиёти миллӣ такя намоянд.
Парастиши муқаддасот
Масъалаи дигаре, ки имрӯз мавриди андеша ва таҳқиқи олимон қарор дорад, ин парастиши мавзеъҳои муқаддас аст. Миёни мардум бовару эътиқод ба мазорҳо зиёд аст. Одамони ниёзманд ба ин мавзеъҳо мераванд, зиёрат мекунанд ва ба шохи дарахтон латта мебанданд. Латтабандӣ бо анҷом додани нияте, ки гӯиё амалӣ мешуда бошад, дар зеҳну шуури як гуруҳи мардумон нақш бастааст. Ба ин кор бештар бонувон эътимод доранд. Одамони бемор, модарони фарзанднаёфта ва корҳояшон бебарор ба ин ҷойҳо меоянду ният мекунанд. Гоҳе гӯиё корашон барор мегирад ва эътимодашон боз сахттар мегардад. Аммо ба андешаи олимони фиқҳ ва донадагони фалсафи дини мубини ислом ин амалҳо ҳам пояҳои динӣ надоранд ва ҷуз хурофот чизи беш нестанд. Ба гунаи мазорҳо амалҳои дигаре низ ҳастанд, ки мардумон ба онҳо гаравиш доранду анҷомашон медиҳанд. Мисли тӯмор гирифта гаштан, дар бадан раднома доштан, ба фарзандон номҳои булаҷаб мондан ва ғайра, ки дар дини мубини ислом оид ба манфиати онҳо ишораҳо нестанд. Пас, бояд омӯзем, ки фарҳанги миллӣ чӣ асту фалсафаи мазҳабӣ чист? Бояд нигоҳҳои печидаро боз кард ва рисолати худро ҳамчун инсон шинохт. Дар ин маврид бузургони илму адаб ва ислом зиёд андешаҳои солим гуфтаанд, ки месазад барои худ чун шиор истифода бурд. Донишманду адиби аҳди бостон Холид ҷое гуфтааст, ки матлаби арзнамудаи моро тақвият мебахшад. Таваҷҷуҳ кунед:
Кори худро худ кунӣ, то нек ояд кори ту,
Кас нахорад пушти ту ҷуз нохуни ангушти ту.