То солҳои 1980-ум дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аслан синамои Ҳиндустон роҳ ёфта буд, ки дар пай ҳадафҳои сиёсӣ дошт. Аммо синамои шӯравӣ дар ҷомеаи ҷумҳуриҳои манотиқи Осиёи Миёна ва Қафқоз дар баробари синамои Ҳинд рақобатпазир набуд. Зеро ёд надорам, ки мисли мухлисони филмҳои ҳиндӣ барои тамошои кинои филми истеҳсоли шӯравӣ ҳам дар назди кинотеатрҳо мардум навбат истанд.
Агар давоми 10 солаи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои хориҷӣ ва дигар воситаҳо сокинони кишвар ба маҳсули синамогарони Россия, ИМА, Британияи Кабир, Чину Мексико дастрасӣ пайдо карда бошанд, пас, тӯли солҳои 2000-2010 дар Тоҷикистон бештар бозори синамои Ирон ва Чину Туркия гарм буд. Ба хусус, дар чанд соли охир синамои Туркия ба ҳадде фазои маънавии моро фаро гирифтааст, ки мардум баъзан тамошои шабакаҳои телевизониро ҳам фаромӯш мекунанд. Яъне, руҷуъи мардум ба DVD бештар аз хотири тамошои синамои туркӣ асту вақте қисми навбатии ин филмҳоро дастрас мекунанд, дигар ягон барномаи телевизионӣ ҷойи онро гирифта наметавонад.
Мутаассифона, аз пурсиши сарироҳӣ бо сокинони кишвар чунин бармеояд, ки камтаваҷҷуҳии эшон ба шабакаҳои сартосарӣ ин ҷавобгуй набудани барномаҳо ва филмҳои аз телевизионҳо пахшмешуда ба хостаҳои мардум мебошад. Албатта, ҳар шабакаи телевизионӣ то ҳадди имконият ва сатҳи касбияти ҳайати эҷодиаш барномаҳоо таҳия ва пешкаши тамошобин мегардонад, вале таваҷҷуҳи мардум ба синамои хориҷӣ, хоса филмҳои туркӣ, бозгӯи рақобатпазир набудани телевизиони ватанӣ дар баробари сериалҳои туркӣ мебошад.
Албатта, манзури мо маҳдудсозии воридоти филмҳои туркӣ нест, зеро алоқаи интернетӣ ва шабакаҳои моҳвораӣ рушд намудаву монеъ шудан ба дастрасии мардум ба филмҳои хориҷӣ имкон надорад. Аммо мавзуъи мавриди матраҳ ин аст, ки рақобатпазир набудани синамои ватанӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба синамои хориҷӣ маҳз филмҳои туркӣ чӣ паёмади хубу нохушоянде дошта метавонад.
Бармегардем ба омилҳое, ки собиқ Шӯравиро водор намуд, то равобити фарҳангӣ ва додугирифти филмҳои истеҳсоли ҳамдигарро бо Ҳиндустон ба роҳ монад. Ин ки мазмуни филмҳои ҳиндӣ ба сиёсати Шӯравӣ созгор буд, сабаби роҳ ёфтани он ба ин кишвари абарқудрат шуда наметавонист,- мегӯяд коршинос Бобоҷони Шафеъ. Филмҳои ҳиндӣ аслан дар мавзӯи ишқу муҳаббат ва гоҳо сиёсӣ ҳам бошанд, аз муборизаи истиқлолхоҳии ҳиндуҳо барои рондани инглисҳо аз сарзаминашон ҳикоят мекард. Ва Маҳатма Ганди чун муборизи роҳи истиқлолият шинохта мешуду фарзандонаш сарварони вақти Ҳиндустон -Индира Ганди ва Радчив Ганди идомадиҳандагони рози падарашон буданд. Барои Шӯравӣ, ки аз муборизаи ҳинудуҳо бар зидди инглисҳои ишғолгар пуштибонӣ мекард, равобити фарҳанги хоса намоиши синамои ҳамдигар аслиҳаи муҳим буд. Ва баъди пирузиву расидан ба истиқлолият ва ронда шудани инглисҳо ҳарчанд як пораи ин сарзамини бостонӣ Покистони имрӯза амрикоӣ шуд, вале Ҳиндустон ба Маскав содиқ монд.
Дар ҳамин ҳол Саъдӣ Юсуфӣ, - як мусоҳиби дигари мо мегӯяд, ки яке аз омилҳои ба роҳ мондани робитаҳои фарҳангӣ миёни Шӯравӣ ва Ҳиндустон ин аст, ки, аввалӣ дар пайи ҷалбу ҷазби Ҳинд буд. Баъдан, Шӯравӣ бештар он филмҳои ҳиндиеро, аз қабили нақди бадбахтиҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи табақотии Ҳиндустонро, харидорӣ ва тарҷума мекард, ки ба идеологияи коммунистӣ хидмат намоянд. Дар чунин филмҳо қаҳрамонҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳомии табақаи маҳрум ва мазлуми ҷомеа бошанд. Хулас, филмҳои ҳиндӣ бештар хусусияти тарбиявию ахлоқӣ дошта, ба сиёсати давлати вақт ихтилоф надоштанд ва хусусияти шарқиёна доштани таронаҳои ҳиндӣ аз ҷониби мардумони Осиёи Миёна ва Қафқоз хуб пазируфта мешуд.
Ҳаминак, дар кишвари соҳибистиқлоли мо бозори филмҳои туркӣ гарм асту мавзуи суҳбатҳои сокинон, хоса бонувони русто, ин ё он филми туркӣ аст. Толибилмон вақти мактабравию ҳангоми танаффус аз дарс нақли ин киноҳоро мекунанду тифлоне, ки ҳоло ҳарф заданро пурра наомӯхтаанд, шабеҳи қаҳрамонҳои силсилафилмҳои туркӣ иммову ишорат мекунанд.
Дуруст аст, ки синамои Туркия хусусияти тарбиявӣ ва ахлоқӣ ҳам дорад, аммо баъзе таъсироти манфии он ба шуури мардуми мо низ мушоҳида мешавад. Гарчанде, поктинатию ҳақҷӯйӣ, ростқавлию сидқу вафодорӣ ва ҷавҳари маънӣ сужети ин филмҳо бошад, аз сӯйи дигар, намоиши зӯроварии хонаводагӣ, зулму истибдоди золимони муҳити беҳокимиятӣ, истифодаи силоҳ дар хонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, ранҷу шиканҷаи табақаи осебпазири ҷомеа ва нотавонии ҷинси латиф дар муҳтавои филмномаҳои туркӣ аз бисёр ҷиҳат ба равони ҷомеа, ба хусус, ҷавононамон таъсири бад дорад. Албатта, соҳаи синамо низ наметавонад дар чаҳорчӯбаи як меъёри муайян карахт биистад, аммо шояд ҳадафҳои молӣ синамогаронро водор менамояд, ки таваҷҷуҳи мардумро моҳҳову солҳо ба натиҷаи ниҳоии силсилафилмҳо ҷазб намоянд.
Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи мо, ки дар самти тарбия ва ташаккули занону духтарон ҳамчун шахсият, барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Тарбияи ва ҷобаҷойгузории духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда», «Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷоме» ва ғайраҳо рӯи кор аст, воситаҳои фарҳангӣ, ба хусус, санъати синамо бояд дар амалӣ намудани ин сиёсати давлатӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, агар хоҳем, ки тавассути санъати синамо тафаккури мардумро дар мавриди мақому мартабаи зан дигар кунем, бояд ба тарҷума ва пешниҳоди филмҳое даст бизанем, ки қаҳрамонҳои он бонувони далеру шуҷоъанд, ки барои тантанаи адолат ва ҳифзи ҳуқуқҳои хеш мубориза мебаранд. Дар ин ҷода синамогарони рус дастовардҳои бештар доранд. Гарчанде баъзе урфу оддат ва фарҳанги оиладории эшон барои мардуми мо бегона аст, вале ба ҳар ҳол, дар муқоиса ба дигар синамои хориҷӣ филмҳои русӣ ҷанбаҳои ибратбахше барои тарбияи зан ҳамчун шахсият доранд. Зеро дар симои қаҳрамонҳои филмҳои Россия бештар занони муборизро мебинем, ки барои мақому мартабаи хеш дар хонавода, ҷамъият ва коргоҳ шуҷоатмандӣ нишон медиҳанд.
Хулоса, моро мебояд, ки аз баҳри маънавие, ки тавассути силсилафилмҳои хориҷӣ афкори мардумро фаро мегиранд, ба тарҷума ва пахши филмҳои тарғибгар мақоми зан дар ҷомеа бештар таваҷҷуҳ намоем. Дар ин ҷода тарҷума ва пешниҳоди чӣ гуна филмҳо ё маҳсули синамогарони кадом кишварҳо барои ҷомеаи мо муфиданд, фикру пешниҳодҳои Шумо, хонандаи гиромиқадрро, интизорем.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ