Оғози фестивал, ҷараёни омодагиҳо, кор ва ҷамъбаст тибқи нақша дар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронда шуданд. Дар ҷараёни он кормандони масъули бахшҳои фарҳанги шаҳру навоҳии кишвар, мутахассисони соҳа, адибону ноширон ва китобдорон фаъолона ширкат доштанд. Фестивал на танҳо тарғиби китоб, балки як ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва ҳавасмандсозие буд барои насли наврас дар роҳи илму маърифат.
Ҳадаф
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон » ҳадафҳоеро пайгирӣ менамояд, ки барои ташаккули маънавиёти насли наврас созгор гардад. Яке аз ҳадафҳои асосии фестивал ин ҷалби наврасон ба китоб аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ коҳиш ёфта, дар ин замина ахлоқу маънавиёти бархе аз ноболиғон коста ҳам гаштааст. Ба андешаи коршиносон маҳз рӯ овардан ба китоб, ба вижа адабиёти бадеӣ, метавонад омилҳои носолими мусоидаткунандаи ахлоқу кирдори бадро аз байн бубарад ва насли наврасро ба роҳи нек ҳидоят намояд.
Ҳадафи дигар ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии насли наврас аст. Дар замони рушди технологияи муосир ва ворид шудани компютеру шабакаи интернетӣ, аксари наврасон ба он дода шуданд ва он барояшон манбаи иттилооту дигар амалҳо гаштааст. Аммо донишу маърифату иитиилое, ки китоб медиҳад, компютер шояд дода натавонад. Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои фестивал тарғиби китоб чун манобеи асосии гирифтани иттилоот баррасӣ гардид. Дигар мақсади асосии фестивал тавассути китоб тарғиб намудани фарҳанги ниёгон буд, ки ин паҳлӯи масъала ҳам хеле ҷиддӣ арзёбӣ гардид. Осори бою ғании ниёгони мо имрӯз дар нашриётҳои алоҳида зери унвони «Китобхонаи мактаб» ба чоп мерасанд, ки асосан панду андарзҳои бузургони илму адабро дар бар мегиранд. Ин китобҳо бо дархости макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба китобхонаҳои мактабӣ дастрас мешаванд. Баъзе аз ин осор дар шакли алоҳида ба барномаи таълимии мактабҳо дар синфҳои болоӣ дохил шудаанд, аммо раванди машғулиятҳо дар ҳама ҷо ба талабот ҷабобгӯ нестанд. Ҳамин паҳлӯи масъала ҳам дар фестивал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иртибот
Масъалаи дигаре, ки дар ҳошияи ин фестивал ва мулоқоту андешарониҳо ба миён омад, ин иртиботи адибон бо мактабҳо буд.
Гап сари он аст, ки солҳои охир мулоқоту дидорбиниҳои аҳли адаб бо хонандагон дар мактабҳо ба таври доимӣ ва мунтазам сурат намегиранд ва яке аз сабабҳои дур будан аз китобро мутахассисон дар ҳамин омил мебинанд. Воқеан, вақте адибе китоберо нашр мекунад, пайи пайдо намудани хонандаи худ талош бояд кунад. Ин дар замоне, ки меҳр ба китоб ва завқ ба хондан нест, худ аз худ касе ба ин гуна китобҳо таваҷҷуҳ нахоҳад кард. Мутобиқи мушоҳидаҳо ва омори расмӣ ҳарчанд солҳои охир шумори хонандагони китобҳо дар китобхонаи бачагона афзудааст, аммо ҳанӯз ҳам вазъият нигаронкунанда аст. Бештари китобҳои ба нашррасида хоандаи худро пайдо намекунанд. Баъзан китобҳоеро ба мактабҳо оварда мефурӯшанд, ки арзишие надоранд ва танҳо ба хотири дарёфти маблағ асту халос. Ин масоил дар миёни иштирокдорони фестивал, минҷумла адибон, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Ҳамзамон масоили дархост ба китобҳои зарурӣ аз ҷониби масъулони шаҳру навоҳии кишвар ба китобхонаҳои мактабӣ ва ғайра аз ҷониби мутахассисон ва масъулон хеле ҷиддӣ матраҳ гардид. Даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин кор сарварони мактабҳо, мудирони фарҳанги шаҳру навоҳии кишвар ва ба хусус, волидон хеле ҷидди муносибат намоянд. Ба китоб рӯ оварадани насли наврас аз муносибату шеваи фаъолияти он сахт бастагӣ дорад. Истифодаи компютер хуб аст, аммо донишу маънавиёте, ки китоб ба кӯдак медиҳад, ба маротиб афзалият дорад. Дастур ва таманниёте иброз шуд, ки волидон дар баробари таъмини хуби шароити таҳсилу фароғат пайваста барои фарзандони худ китобҳои бадеиро дастрас намоянд ва шавқу рағбати китобхониро дар қалби онҳо бедор намоянд. Аз ҷониби дигар, дар марказҳои кӯдакону наврасони ша ҳру навоҳии кишвар маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ ташкил ва фаъол гарданд. Ҷалби истеъдодҳо, дӯстдорони адабиёт аз миёни кӯдакону наврасон бо роҳу васоити муфид ба роҳ монда шаванд. Гузарондани озмунҳо ва маҳфилҳои адабӣ бо иштироки адибони маъруф дар мактабҳо пайваста ба ҳукми анъана ворид шаванд. Ва дигар ниятҳои неке, ки дар фестивал иброз шуданд, метавонанд раванди ҷалби насли наврасро ба китоб таҳким бахшанд. Дар фестивал беҳтарин асарҳои бачагонаи адибони тоҷик муаррифӣ шуданд ва дастур шуд, ки минбаъд китобҳои бадеӣ, шеъру таронаҳо, ҳикояю повестҳо аз ҳаёти кӯдакону наврасон эҷод ва нашр гашта бо ҳар роҳу восита ба хонандагонаш-кӯдакону наврасон дастрас карда шаванд.