Баъди ин ба хонаи мо як муаллим рафтуомад мекардагӣ шуд. Вай ҳамеша даст афшонда, баъди ҳар гап такрор мекард: «Пӯсткандаи гап ин ки». Боре вай ба ман глобус, яъне шакли курраи заминро тӯҳфа кард, аммо баъдтар пояшро аз хонаи мо канд ва глобусро гардонда гирифт.
Баъди муаллим дар атрофи Матилда муҳандиси деҳот хушомад зада гашт. Ӯ ба баҳсу мунозира одат карда буд ва ҳар замон мегуфт: «Инро манфиати давлат тақозо дорад». Вай бениҳоят ба Матилда маъқул буд, вақте ки падараш ранҷида ӯро аз хона ронд, вай ҳафтаи дароз гирист, сабаб он буд, ки муҳандис чунин мепиндошт, пул бояд на ба Вена интиқол дода шавад, балки дар Чехия монад.
Сипас падарам аз гурӯҳи худ як мансабдорро ҳамроҳаш овард. Ин одами хеле оромтабиат буд. Падарам то ними шаб ҳамроҳи ӯ дар бораи корҳои давлатӣ сӯҳбат мекард.
Матилда ба дӯхту дӯз машғул мешуду падарам ҳамроҳи ин мансабдор дар бораи корҳои сиёсии давлат гуфтугузор дошту об менӯшид.
Ин марди оромтабиат ба Матилда хеле хуш омад, баъд фаҳмид, ки ин одам дар Маравия оила ва се фарзанд доштааст. Ҳамин тавр вай ҳам ғайб зад ва падарам гуфт, ки ӯро ба куҷое ба кор равон кардаанд.
Ним сол ба хонаи мо ҳеҷ кас наомад. Матилда бо афсаре пинҳонӣ мулоқот мекард. Аммо падарам аз ин хабардор шуду ба сари вай дод задан гирифт. Дар чунин ҳолатҳо ҳамаи мо мегиристем, зеро падарам оташинона мегуфт:
-Ин беҳаёйӣ, беҳаёйӣ!
Рӯзи дигар падарам як одами лоғари рангпаридаро пешандоз карда овард: ин Гандшлаг буд. Баъди рафтани ӯ падарам гуфт, ки ин одами ӯҳдабаро аст. Баъди ҳар гап Гандшлаг изҳор медошт: «Сар фуруд меоварам, хонума» падарамро бошад ин тавр ном мебурд: «Волоҳазрат, ҷаноби мушовир». Падарам сардори вай буд. Рӯзи сеюм Гандшлаг боз ба хона омада, эҳтиромона гуфт: «Иҷозат диҳед, хонума» ва дастонашро бӯсид. Вай дар ҳӯзури мо хӯроки шом хӯрда, ҳамаи гапҳои падарамро тасдиқ мекард: ӯ сар такон медод, мехоид, боодобона фурӯ мебурд ва мегуфт: «Иҷозат фармоед, бигӯям, ки ин гапи хеле аҷоиб». Ва боз ин тавр: «Ҳар чӣ ки фармоед, ҷаноби сардор».
Баъди рафтани вай мефармуданд, ки ман рафта бихобам, вале худашон дар ошхона машварат меоростанд. Ман ба пушти дар омада гӯш ба қимор меистодам, то шунавам, ки падарам чиҳо мегӯяд:
-Ту бояд гапи падаратро ду накарда ба вай ба шавҳар баройӣ, вай аз рӯи хизмати содиқонааш туро ба занӣ мегирад.
Матилда ин гапро шунида, ғашомез-вай ҷиннӣ гуфт.
Модарам оҳ кашида мегуфт, зарурат надорад, ки Матилда алҳол ӯро дӯст дорад: худаш ҳам падарамро дӯст надоштааст ва баъди панҷ сол ба ӯ одат кардааст. Аммо ба ин мансабдор зоҳир нанамояд, ки дӯст намедорад ва ӯро ҷиннӣ меномад.
Матилда мегуфт, ки ба каси бад медидагӣ мерасида бошам, беҳтараш ба таваллудхона меравам. Аммо падарам аз ҳар ҷиҳат ба ӯ мефаҳмонд, ки ҳоло дар таваллудхона шӯъбаи зоиши пинҳонӣ вуҷуд надорад.
Сипас падарам ваъда дод, ки ба Матилда дастпона, ҳалқаву ороишоти алмосӣ ва дигар чизҳои қиматбаҳо мехарад. Ин хел ки бошад, гуфт Матилда, барои шарманда нашудани оила ба шавҳар мебарояд…
Баъди ин падару модараш ӯро бӯсаборон карда гуфтанд:
-Ту асалаки моӣ, Матилда!
Аз ин пас ман шунидам, ки дар бораи Гандшлаг чиҳо мегуфтанд. Падарам гуфт, ки дараҷаи мансаби ин аблаҳро боло мебардорам, лекин фақат баъди тӯй, то ки гурехта натавонад. Ба ҳар ҳол, вай нодон бошад ҳам, вале беҳад гапдаро аст.
-Вайро ба занӣ мегирифта бошад?-гуфт модарам.
-Ман ҳамчун сардор ба ӯ фармон медиҳам,-ҷавоб дод падарам. –Ман ба вай ҳама гапро мефаҳмонам.
Чун рӯзи дигар Гандшлаг ҳозир шуд, ҳис кард, ки хеле шарм медорад ва доимо сӯи Матилда менигарист. Пеш аз ин ба Матилда гуфта буданд, ки дар вақти рӯ ба рӯ шудан бештар табассум ва ҳамроҳи вай чақ-чақ кунад. Матилда бидирросзанон гап мезаду вай бошад, оромона ҷавоб мегардонд: «Бале, хонум». Сипас вино оварданд, вай қулт карда гуфт: «Иҷозат диҳед, ҷаноб» ва дар бораи таъиноти мансаб ким-чиҳоро ба хотир овард. Он рӯз баъди рафтани вай дар борааш чизе нагуфтанд.
Рӯзи дигар падарам гапашро аз ман пинҳон доштанӣ шуда гуфт:
-Матилда, субҳи имрӯз соҳибмансаби зердасти ман омада, розигии туро мепурсад. Ба пироҳани сандуқи синаат гул часпон.
Хизматгорзан ба гулхарӣ рафт, модарам бошад муноқиша мекард, ки гулро одамон ба си крейсер мехаранд, на ба понздаҳ. Баъдан Матилдаро атр зада, хушбӯй карданд. Боқимондаи атрро ман ба тани сагам пошидам.
Ҷаноби Ганшлаг кастуму шими сиёҳ пӯшида омад, дастпӯшаки сафед дошт. Вай назар ба дирӯза лоғартару рангпаридатар ба назар метофт. Вақте ки нишаст, боз дар бораи таъини мансаб сухан ронд. Модарам май оварда, барои вай се қадаҳ пур кард. Чун қадаҳи чорумро рехт, вай рад карда гуфт: «Бас аст, хонум» ва ба падарам рӯ овард:
-Хӯҷаин, ман мехостам бо шумо дар бораи кори шахсӣ гапзанон кунам.
Падарам маро бо ангушташ сӯи дарро ишора кард, модарам бошад, назди Матилда, ки дар утоқи дигар хамёза кашида менишаст, рафта чунин гуфт:
-Ҳа, ин бисёр ноз намекунад.
Модарам ба Матилда хокаи хушбӯй пошид ва ин вақт садои падарам баланд шуд: «Матилда, Матилда!».
Ман ба пушти дар рафта шунидам, ки падарам чиҳо мегуфт:
-Азизакам, Матилда. Инак ҷаноби Гандшлаг розигии туро мепурсад. Ман мукобил нестам, акнун ҳама гап дар ихтиёри ту чӣ мегӯйӣ?
Ман шунидам, ки Матилда чӣ хел инони гиряро сар дода гуфт: «Ҳа,ҳа, розиям». Баъдан вай фарёд зад: «Модарҷон!» Модарам шитобон омада гуфт:
-Фарзандонам, ман зуд пай бурдам, ҳардуятон мисли себи дукафон ба ҳамдигар мувофиқ ҳастед!
Сипас онҳо маро ҷеғ заданд:
-Печикҷон!
Ман омадам ва ба ман гуфтанд, ки ҷаноби Гандшлаг ба Матилда хонадор мешавад. Модарам пурсид, ки оё ӯро ман дӯст медорам? Фаҳмост, ки ман ҷуръат надоштам гӯям, ки не, дӯст нахоҳам дошт. Гандшлаг маро ба оғӯш кашида бӯсобӯсикунон дод зад:
-Папичекҷони волоҳазратам!
Аз ҳамон вақт сар карда ба падари ман ин тавр мегуфт:
-Чӣ мефармоед, ҷаноби сардор-падар?- ба модарам:
-Дастонашонро мебӯсам, хонумаҷон ва модарҷон.
Вай вақти рафтанаш дар даҳлез ба хизматгор як танга ва ба ман ду танга дода гуфт:
-Мана ба ту ширинкома, Папичеки ҷаноби сардор.
Рӯзи дигар ҷаноби Гандшлаг ангуштпонаи тӯёна овард ва ҳангоме ки ба ман ҳадя намуд ва ӯ қадаҳ бардошта гуфт:
-Бо иҷозати ҷаноби сардор ва падари хонавода ва хонума-модар барои ҳамсарии хушбахтонаи мо менӯшем.
-Хушбахт бошед, фарзандонам!-гуфт модарам ва гирист.
Вақте ки Матилда ӯро то баромадгоҳ мегуселонид, модарам маро аз хона берун карда гуфт:
-Матилда бояд моҳи ноябр таваллуд кунад, баъди ду моҳ.
-Баъди як моҳ тӯй барпо мешавад,-гуфт падарам,-ана баъди он дар бораи баланд бардоштани вазифаи вай фармон мебарорам.
Сипас Матилда омада гуфт, ки вай ҷиннӣ мехост ӯро бибӯсамаш.
-Ана дағалию бефаросатӣ!-гуфт модарам.
-Бале, аблаҳи гузаро, лекин соҳибмансаби фармонбардор,-хулоса кард падарам.
Ярослав Гашек
(тарҷумаи Ҳ. Имодӣ)