Аз ранги шаху садои кабк ҷон ҳузур кард Нодирро. Қаҳқаҳи кабк такрор шуд. Ин навбат баландтар ва хаёле бадардтар хонд кабк. Аз бехи кадом як арча, аҷаб не, бутта ба қаҳқаҳи бадард ҷавоб омад. Хониши зери бутта, аҷаб не, арча ба гӯши Нодир нисбати қаҳқаҳи шахи баланд форам нишаст. Аз он ки ҳамин хониш кабки тани шахи баландро ба қиём овард, Нодир ҷинси латиф будани садоандози қаҳқаҳи форамро дарк кард.
Ду кабк аз ду самт қаҳқаҳ мезаданд. Яке аз тани шах нолаю фарёд дошт, дигаре аз таги бутта, аҷаб не, арча нозу истиғно. Ва гӯё маҳз аз ҳамин нолаю ноз ҳавои салқини дара майл ба гармӣ, қулла рӯ ба зардӣ оварда, аз нури офтоб олам ба ранги дигар мунаввар мешуд. Дили то дами субҳ хумор шикастаи Нодир боз ба оғӯши гарму сухани нарм, чашмони пурхумору лабҳои бӯсахоҳ майл кард. Бо ҳавас лаби бистари ҳанӯз гарм нишасту чашм пӯшид. Акси дилҷӯи хуморшикани то субҳи содиқ оғӯшашро чун офтоб гармдошта ба ҷилва омад ва бо ҳамин ҷилваи ҷонситон садои Фозиларо шунид, ки бо нозу истиғно мисли кабки таги бутта, аҷаб не, арча такрор ба такрор мегуфт:
- Бас, ба..с.., б…а…с…
Не, не ин нозу истиғноро Фозила аз кабк не, балки кабк аз Фозила омӯхт. Ҳа, Нодир нағз ёд дорад, ки аввал ҳарфи пурнози Фозиларо шунид, сипас нолаи кабкро…
Аҷаб шабе буд дишаб. Рӯҳпарвару хуморшикан, дилнавозу шерафкан. Шаб не, афсона буд. Афсонае, ки Нодир дар олами орзуҳои бекарон чун донаи умед парвариш медод ва ин парвардаи ҳавасҳои ӯро фариштае бо номи Фозила бо ҳаваси дигар самар дод. Ончунон самар дод, ки дар фасли хазонрез мисли гулҳои наврӯзӣ бишкуфт ва аз накҳати ин гулҳо кӯҳу дараи Хоҷаобигарм муаттар гашт.
Нодир дар бораи табобатгоҳи Хоҷаобигарм бисёр ривоятҳо шунидааст. Одамон обу ҳавои онро ба мӯъҷиза баробар мекунанд. Ва Нодир дар оғӯши ҳамин мӯъҷиза мӯъҷизаи дигаре дида, дил бохту имон овард ба афсонае, ки фарҷомаш мурод аст. Ӯ ин олиҳаи ҳусну латофатро дар афсонаҳои рангини хеш бо рангу бӯи сад гулу чаман офарида, ҳар шаб аз гесувони шабрангаш машом муаттар мекард.
Худоё, орзую ҳавасҳояш пас аз солҳои сол, дур аз шаҳри азиму меҳри аҳли байт дар оғӯши кӯҳи баланд чун офтоб тулӯъ кард. Ва Нодир ин офтобро, ки Фозила ном аст, ҳар рӯзу соат бесаброна интизор буд, то дили умре офтобталабашро мунаввар гардонад. Аммо сабабе даст намедиҳад, ки ин офтобро ба ӯтоқи худ хонад. Ва ин орзуро худи Фозила тӯҳфа овард:
- Мумкин?
- Марҳамат.
Ба назари Нодир чунин расид, ки дарро Фозила не, орзую ҳавасҳо чун офтоб кушод.
- Агар иҷозат диҳед, бо чойинакатон об ҷӯшонам, - хоҳиш намуд Фозила.
- Иҷозат намедиҳам, - хушгӯӣ кард Нодир. - Чунки метавонам ман худам бо як ҷаҳон ҳавас ин хизматро барои шумо ба ҷо орам.
Дар лаби нозуку чашмони то андозае маҳзуни зан нақши табассум падид омад. Нодир, ки аз рӯзи аввали ин ҷо омадан ӯро пайваста ғамгин медид, бо нияти хушҳолии бештари олиҳаи ҳусн афзуд:
- Ба шарте инро шумо хоҳеду чойе, ки бароятон дам мекунам, то ҷуръаи охирин нӯшед.
- Менӯшам, - табассум дар лабони зан гул кард. - Чунки сахт ташнаам.
Нодир низ ташна буд. Ташнаи ҳавасҳо, ташнаи васл, ташнаи хумор…
Аз чойи хушбӯ Фозиларо ташнагӣ шикаст, аммо Нодирро аз тамошои дидор ва сӯҳбати доманадор хумор нашикаст…
Як поси шаб аз кадомин гӯшаи дара садои кабки хумор омад, бо нолаву дарди зор-зор омад. Нодир ҳам ба худ нолид:
«Дӯстон имшаб давои ҷони маҳзунам кунед,
Бар сарам афсонае хонеду афсунам кунед…»
Нодир афсун шуду бисмил. Бехуд аз худу олам сари тобу таб пурсид:
- Чанд рӯз аст, ки инҷоед?
- Ду ҳафта, - шояд бо нияти чашмаш ба чашми Нодир наафтодан мижгони ба ҳам нишастаашро накушода, зери лабу дандон посух дод Фозила.
Ба назари Нодир лабони нозуку аз бӯсаҳои пай дар пай ранговардаи Фозила ташнаи ташна намуд ва баробари боз лаб ба лаби бӯсахоҳ бурдан, ду дасти нозук мисли навдаи бороварда ба гарданаш ҳалқа шуд.
- Бас, ба…с, б…а…с…
Аҷиб, ин садои кабк аст ё нози хуморшикани оғӯшаш?
- Бас, ба…с, б…а…с…
Ҳамин нозу истиғно Нодирро бо ҳавасҳои бештаре ба лабҳои гарму бӯсахоҳи Фозила бо сад ҳаваси дигар ташна мекард. Нодир дар ҳайрат, ки ин мӯъҷизаро чӣ дарде ба ин табобатгоҳи дурдаст оварда бошад?
- Дарди ишқ, - мижгони баҳамнишастаро накушода посух дод хуморшикани оғӯши Нодир.
- Ин дард дарди бани башар аст, - дасти навозиш ба мӯи шабранг мебарад Нодир. - Ба сад алфоз гуфтанд, илло дармоне наёфтанд.
- Ба назарам, ман дармон ёфтам, - рухсораи Фозила аз иқрори ба забон овардааш ранги арғувонӣ гирифт.
- Аз ишқҳои новарзидаи ман? - Нодир бо ҳавас лаб ба рухсораи арғувонии Фозила бурд. - Ё аз оби шифои табобатгоҳ?
- Ё ҳарду, - хушгӯӣ намуд Фозила чашмони пурхуморашро кушода.
Ва Нодир дар гавҳараки ин чашм акси худро дида, чун ташнаи ба дарё расида бишкуфт. Фозила боз чашм пӯшид, то ин акси дилҷӯро ба хонаи дил кӯчонад. Ҳамон диле, ки даҳ сол ҳаваси фарзанд дошту ҳамин акси дилҷӯ яқин ин лаҳза онро ато кард.
Дами субҳи содиқ қабл аз он ки Фозила ӯтоқро тарк кунад, боз нолаи кабк ба гӯш расид. Кабки тани шах нола мекарду кабки таги бутта, аҷаб не, арча нозу истиғно. Нодир низ аз дарди ишқ ҳай менолиду меболид. Бехабар аз он менолиду меболид, ки пас аз бист сол писараш Ховар ба духтаре ҳамхона мешавад, ки модар ба ӯ борҳо қиссаи нолаҳои кабки тани шах ва нозу истиғнои кабки таги бутта, аҷаб не, арчаро ҳикоят кардааст…
Иноят Насриддин