Сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар бораи баланд бардоштани мақоми зан ва ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани бонувони фаъол низ боварӣ ба неруи ақлонию ҷисмонии зани тоҷик аст, ки онҳоро хеле рӯҳбаланд месозад. Аммо ҳадаф сухан гуфтан аз комёбиҳои бонувони муосир набуда, паҳлуи дигари зиндагии онҳост. Шоҳид ҳастем, ки вақте аз пешрафту комёбиҳои марди бузурге сухан мераваду аз ӯ сирри муваффақияташро мепурсанд, албатта, нақши бонуяшро дар рушди шахсияташ изҳор медорад. Равшан аст, ки дабистони нахустини ҳар як инсон домони поку биҳиштии модар аст, аммо пас аз модар танҳо ҳамсари мушфиқу ғамхор ва дилогоҳ метавонад марди ҳаёташро ба қуллаҳои баланди мақсуд раҳнамоӣ кунад. Зан дар ташаккули шахсияти мард чӣ нақш бозида метавонад? Ин суолест, ки бисёриҳо бар он ҷавоб меҷӯянду мо кӯшидем бо чанд далел аз зиндагӣ ва сарнавишти инсонҳо ба он ҷавоб гӯем.
Оғози роҳи бузургмардон
Ходими сиёсию ҳизбӣ, Қаҳрамони Халқи Тоҷик, аллома Бобоҷон Ғафуров тамоми муфафақиятеро, ки дар ҳаёт ба даст овардааст, натиҷаи тарбияи дурусти модараш, шоира Розия Озод медонист. Ин нобиға нақши боризи модарашро дар тарбияи ақлонию зеҳнияш борҳо қайд намудааст. Китоби шарҳиҳолии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Сулҳофар»-ро, ки ба қалами Султон Мирзошоев ва Шодон Ҳаниф тааллуқ дорад, варақ мезанам. Пас аз мутолиаи ин китоб равшан мегардад, ки хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз қабили дастгирии мардуми камбизоат, тараҳҳуми зиёд ба ятимону дармондагон, раҳму шафқат ва эҳтиром ба насли калонсол ва умуман инсонгароӣ дар вуҷуди ин марди шариф аз куҷо ҷо гаштааст? Оғози ин сарҷӯйи меҳр низ аз он баҳрест, ки дили модар ном дорад! Устоди забардасти насри муосири тоҷик Сотим Улуғзода дар повести «Субҳи ҷавонии мо» дар бораи модараш чунин менависад: «Модарам савод дорад, вай дар ҳавлии мо ягона шахси бо хату савод аст. Ӯро дар хурдсолӣ ва духтарияш, то шавҳар додан, волидонаш дар пеши бибиотун хононда буданд. Вай гоҳо шеър менавишт ва мегуфт, ки шеърро аз дилаш мебарорад. Дар рӯи гилем ба девор такя зада менишасту китоберо ба зонуяш ниҳода ва коғазеро ба рӯи он нигоҳ дошта, найқаламро ҳар дам ба давот тар карда, оҳиста-оҳиста навиштан мегирифт…» Бешубҳа меҳри каломи волоро модари тоҷик бо шири худ ба мағзи ҷони фарзанди хеш ҷо намудааст ва имрӯз хазинаи адабиёти муосири миллатро шоҳасарҳое чун «Восеъ», «Ривояти Суғдӣ», «Фирдавсӣ» ва ғайра зеб медиҳанд.
Аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳар марди бузург ба хулосае меоем, ки нақши тарбияи модар дар ҳаёти эшон волотар аз тадрис дар беҳтарин мадрасаҳои дунёст! Зеро бе тарбияи комил шахс ба ҷое намерасад.
Зани шоиста давлати мард!
Баъд аз модар ҳамсари хуб метавонад мардро то қуллаи мақсуд хамроҳӣ намояд. Расули Акрам (с) дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармоянд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст, зани шоиста,фарзандони хайрманд, рафиқони хуб, рӯзӣ дар ватан». Аз ин рӯ, ҳар як бону бояд саодати марди хонадонаш, яъне зани шоиста бошад. Зани хубу бомаърифат барои ба мақсадҳои ниҳоӣ расидан, ба шавҳар кумак мекунад ва хушбахтона, миёни бонувони тоҷик ин гунаҳо хеле зиёданд. Бонувони мо аз рӯӣ анъанаю урфу одат орзую омол ва касбу кори шавҳарро дар хонадорӣ дар ҷойи аввал мегузоранд ва бисёр занонеро медонам, ки барои ҳамсарони хеш фидокориҳои зиёде намудаанд. Дар урфият мегӯянд, ки пушти шуҳрати ҳар марди бузург зане меистад, ки ин ҳақиқати зиндагист. Агар барои касе модар сароғози корҳои неку азим бошад, дигареро ҳамсар ба роҳи шуҳрат роҳбалад мешавад. Мақсад фарқ гузоштан байни тарбияи падару модар нест, зеро агар падар шароит муҳайё накунад, модар ҳаргиз наметавонад ба тарбияи фарзанд машғул гардад. Мурод аз навиштани ин сатрҳо арҷ гузоштан ба шаҳомату бузургӣ ва созанда будани ҳар ҳарф, рафтор ва кирдори ЗАН аст.
Дарси ибрат
Баъзан дар зеҳнам саволе пайдо мешавад, ки чаро дар гузашта бонувони одии деҳотӣ, ки аксарашон «чашми хат» надоштанд нобиғаҳои аёмро ба воя мерасониданду имрӯз модаре бо ду ё се маълумоти олию унвонҳои илмӣ наметавонад як фарзандро хуб тарбия кунад?! Шояд дар ҷомеи мо дар баробари пешрафти илму техника ва сатҳи зиндагӣ меҳру муҳаббати инсонӣ аз байн рафтааст? Ба қавли Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ «аз таҷрибаи рӯзгор» баҳра бардоштан лозим аст. Метавон умед баст, ки аз байни кӯдакони мо нобиғаҳо ба воя мерасанд ва модарони мо мисли аҷдоди хеш роҳу усули тарбияро хуб медонанд.
Ҷавҳари Саидназар