Шоёни зикр аст, ки ин фарҳанг аз фонди захиравии Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расида.
“Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дар нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 15000 нусха чоп шудааст.
Фарҳанги мазкур беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳотро дар бар гирифта, он бар асоси “Коидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, таҳия гардида. Ин фарҳанг он тағйиротеро, ки ба Қоидаҳои имлои соли 2011 ворид шудаанд, фаро мегирад.
Дар таҳия ва чопи китоб хидмати донишманди варзида Д. Саймиддинов ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсину офарин аст.
Ба иттило, дар таърихи илми забоншиносии тоҷик чунин фарҳанг 6 маротиб (дар қарни ХХ), бо мурури замон бо таҳриру иловаҳо ва тағйирот ба зевари табъ кашида шудааст. Бори нахуст дар асри гузашта феҳристи беш аз 2 ҳазор вожаву истилоҳот ҳамчун замима ба “Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ” соли 1941 ба табъ расида.
Сипас нахустин луғати имло шомили 8 ҳазор вожа, барои истифодаи омӯзгорон ва хонандагони мактаби миёна, якҷо бо “Қоидаҳои асосии имло” соли 1944 чоп шуд.
Бо гузашти понздаҳ сол, возеҳтарин соли 1959 дар асоси Қоидаҳои имлои соли 1953 барои мактабҳои ибтидоӣ, ҳафтсола ва миёна “Луғати орфографӣ” бо 16 ҳазор вожа ва таркиботу иборот рӯи чопро дид.
Ин луғат низ 15 сол мавриди истифода қарор дошт. Соли 1974 “Луғати имлои забони адабии тоҷик” дар таҳияи донишманди шинохта Яқуб Исхакович Калонтаров барои истифодаи умум ба табъ расид. Луғати мазкур 40 ҳазор вожаро дар бар дошт.
Аз миён 17 сол сипарӣ шуд ва соли 1941 тибқи “Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик” (соли 1972) нашри нави “Луғати имло”, А. Маниёзов ва А. Мирзоев шомили 30 ҳазор вожа ва таркибот мавриди истифодаи умум қарор гирифт...
Баъди соҳибистиқлолии Ватан таҳияву нашри луғати навбатӣ ба дарозо рафт. Ин ҷони бесаброни яке аз муаллифони фарҳанг устоди гиромӣ, доктори илмҳои филологӣ Абдусаттор Мирзоев (равоншон шод бод) пурсон шуд, ки кай луғати навбатӣ чоп мешавад. Устод гуфтанд, ман корро ба субут расондам ва он алъон дар дасти ҳаммуаллиф қарор дорад. Боқӣ он номаълум монд...
Ҳамоно интизори луғати нав будем. Ҳарчанд дар ин миён бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (сар аз соли 1988) “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” қабул шуда бошад ҳам (аз 3.9.1998 №355 ва 4.10.2011 №458), аммо чопи нави фарҳанг дар асоси қоидаҳои фавқузик даст намедод...
Боиси тазаккур аст, ки луғати нав дар асоси “Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ”, ки аз ҷониби Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ (нашри аввал дар ду ҷилд, солҳои 2004-2005 ва нашри дувум дар як ҷилд, соли 2006) нашр гардидааст...
Чун фарҳанги номбурда барои истифодаи умум пешбинӣ шудааст, хушоянд мебуд агар дар охири ин луғат чун дар “Луғати имлои забони адабии тоҷик” (Душанбе, “Ирфон”, 1974) рӯйхати мухтасари номҳо (мардона ва занона), номи мамолики хориҷӣ, пойтахт ё марказҳои маъмурии онҳо, рӯйхати шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра замима мегардиданд. Зеро баъзе унвону калимоти зарурӣ инъикоси худро наёфтаанд. Мисол: унвони Шаҳритус дар қисми зиёди ҳуҷҷату навиштори мардумӣ ва ҳатто дар қисме аз маҷаллаву рӯзномаҳо “Шаҳритуз” навишта мешавад. Ва ё калимаи ба ҳамин монанди Тошканд (Тошкент). Шояд истифодаи гуногуни чунин калимот хатои ҷиддӣ набошад, аммо боз ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҳуқуқӣ мавҷуд аст, ки дар он бояд як варианти дурусттари он мавриди истифода қарор бигирад...
Масъалаи дигар ин теъдоди нашри фарҳанги мазкур аст. Барои сокинони кишвар ин теъдод (15 ҳазор) хело кам аст. Ҳол он ки соли 1974 “Луғати имлои забони адабии тоҷик” бо теъдоди 55 ҳазор нусха чоп шуда буд...
Аммо айни ҳол ба ҳаминаш изҳори қаноатмандӣменамоем. Шояд бо ба савдо рафтани луғати мазкур боз имкони чопи такрории он фароҳам ояд. Сад ҳазор шукр...
Нашри нави “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро ба ҳамаамон табрик мегӯем!
Умари Шерхон