Ва нахустин пурсиши мо аз эшон суоли зерин аст:
- Зани тоҷик дар тӯли таърих чӣ гуна рисолати адабӣ дошт?
- Мехоҳам суханро бо ин байти зебою дилнишин оғоз намоям, ки вуруде ба мавзӯи сӯҳбат бошад:
Агар зан нест, ишқ андар ҷаҳон нест,
Ҷаҳон беишқ агар бошад, ҷаҳон нест.
Воқеан, рисолати аслию азалии зан ҷаҳонро аз меҳру муҳаббат ва зебоӣ саршор намудан ва дар матну батни чунин ишқи нозанин тарбият кардани инсон аст.
Зани тоҷик рисолати адабӣ низ адо карда, бо қалам, бо шеъру сухан низ ба тарбияти инсон пардохтааст. Номи ин гуна бонувонро таърихи адабиёти форсу тоҷик дар саҳифаҳои хеш зиёд сабт кардааст. Бархе аз ин бонувон соҳибибтикор ва нахустасоси шеъру шоирӣ низ унвон шудаанд.
Масалан, бино ба маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ Дилороми Чангӣ аввалин гӯяндаи шеър ба забони порсии дарӣ будааст ва ин байтро Давлатшоҳ ба номи Дилором овардааст:
Манам он шери дамону манам он пили яла,
Ном Баҳром турову падарат Бӯҷабала.
Мувофиқи маълумоти муаллиф Дилором дар навохтани чанг дасти тавоное доштаву аз илми мусиқӣ низ баҳрае бардоштааст. Ва дар дарбори Баҳроми Гӯри Сосонӣ рӯзгор ба сар бурдааст.
Робиаи Балхиро низ баъзе аз сарчашмаҳои таърихӣ аввалин бонуи сорҳибдевон ва порсисаро дар таърихи адабиёти форсӣ- тоҷикӣ ном бурдаанд. Ҳарчанд Робиа духтари ҳокими Балх буда, аммо бо тавозӯъ, хоксорӣ ва донишу фазлу камол ангуштнамои даврони хеш будааст. Ин гуна байтҳои ӯро, ки имрӯз мехонем, гумон мекунем, ки Робиа ҳамзамони мост:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андараст,,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт…
Шарафи асосгузории бидъати ишқӣ дар адабиёти тасаввуфӣ низ ба Робиаи Адавия насиб гардидааст. Робиаи Адавия бо сурудаҳои дилангези ошиқолна ва орифонаи худ дар адабиёти ирфонӣ чун ҷорикунандаи бидъати ишқ дар шарёни тасаввуфи исломӣ шинохта шудааст. Бар ин гуна далелҳо метавон афзуд, аммо ин чанд намуна шаҳодат аз он медиҳад, ки занон дар раванди инкишофи адабиёт ва илму фан ширкати фаъол нишон дода, чун ситораи тобоне дурахшидаанд.
- Мехоҳам рӯйи суханро сӯйи адабиёти имрӯз бигардонем ва дар бораи вазъи насри бонувон ибрози назар кунем. Яъне бе ҳамин як руҷӯъи таърихӣ замони имрӯзро қиёс кунем, ки оё бонувони соҳибсабке дар насри муосири тоҷикӣ дорем?
Аз ин номгӯй устод Гулрухсор ба навиштани роман иқдом кард ва бо иншои «Занони Сабзбаҳор» аввалин зани романнавис дар Осиёи Миёна эътироф гардид. Ва бо ин романаш собит сохт, ки дар баробари шоири тавоно буданаш дар навиштани наср низ чирадаст аст.
Солҳои 60-70 асри гузашта Муаззама Аҳмадова ба майдони наср ворид шуд. Ӯ чун яккатози ин майдон аз нахустин навиштаҳояш нависандаи тозаназар ва навандеш будани худро собит сохта ба таҳлилу таҳқиқи олами ботинии инсон камар баст. Аз ин рӯ, ноқидони соҳа аз ҷумла, мунаққиди тавоно Абдухолиқи Набавӣ «оғози насрнависии ҳирфаиро аз байни занон ба номи Муаззама Аҳмадова» вобаста медонад. Аммо дареғ, ки умр бар ӯ вафо накард ва хеле ҷавон ноком аз дунё рафт ва роҳи оғозкардаи ӯ нотамом монд.
Навиштаҳои Марямбону низ хонданӣ буда, аз ҷиҳати мавзӯъ, масъалагузорӣ ва ҳалли он ҷолиб аст. Агар Муаззама бо гуфтани шеър ба майдони адабиёт омадаву сониян ба пайроҳаи наср қадам гузошта бошад, Марямбону баръакс, аз иншои наср ба кӯйи шеър рафтааст.
Насри Марямбону хонандаро ба шебу фарози таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ва тамошои унсурҳо ва нишонаҳои тамаддуни шаҳрҳои қадимии тоҷикон, чун Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Тирмиз ва амсоли онҳо мебарад. Аз ҳар як ҳикояи Марямбону хонанда ҳеҷ набошад бо як унсур ва ё ҳунару пешаи қадимии мардуми тоҷик ошно мегардад.
- Нақди адабӣ нисбат ба эҷодиёти бонувони адиб чӣ гуна арзишеро қоил аст?
- Нақди адабӣ махсус ба таҳқиқу баррасии насри бонувон машғул нашудааст. Ва то кунун чунин таҳқиқоте нест, ки махсус дар бораи насри занон анҷом гирифта бошад. Шояд чунин зарурат ҳам дар миён набошад. Аммо мунаққидон ҳангоми таҳлили насри давраҳои гуногуни адабиёти муосир ба нигоштаҳои занон низ таваҷҷӯҳ кардаву дар мавриди насри онон андешаҳои судманд баён доштаанд.
Хусусан, таҳлилҳо ва андешаҳои мунаққид ва адабиётшиноси номӣ Абдухолиқи Набавӣ дар мавриди насри занон ҷолибу тоза ва доманадор аст. Мунаққиди дар бораи маҷмӯаи «Аспи сафед»-и Муаззама Аҳмадова мақолаҳо навишта, дунёи рангини ин нависандаи номуродро барои хонанда бозгӯ намудааст. Шодравон Абдувалӣ Давронов эҷодиёти Муаззама Аҳмадоваро таҳқиқ кардааст.
- Бархе бар онанд, ки аз бонувони тоҷик нависанда ё шоире нест, ки берун аз кишвар осорашон маълум ва мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта бошад.
- Аввал ин ки ҷинсият барои адабиёт бегона аст ва ба мардонаву занона ҷудо кардани адабиёт чандон кори дуруст нест. Дигар ин ки адабиётро намояндагони барҷастаи он – хоҳ мард бошад, ҳоҳ зан, инкишоф медиҳанду пеш мебаранд. Сониян, дар раванди рушди адабиёт адибони барҷаста ва тозаназару навовар (чӣ мард, чӣ зан) иштирок менамояд ва онро ба дигарон мешиносонанд.
Хушбахтона, адабиёти тоҷикро чехраҳои намоёну барҷастае аз байни бонувон сарбаландона муаррифӣ менамоянд. Масалан, Гулрухсорро берун аз Тоҷикистон низ чун шоира ва ҳам нависанда на танҳо хуб мешиносанд, ҳатто навиштаҳояшро ҷустуҷӯ мекунанду мехонанд. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаро низ берун аз кишвари мо мешиносанд ва дар мавриди осори ин ду бонуи суханвар берун аз Тоҷикистон (дар Эрон ва Ӯзбекистон) рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд.
Аз бонувони насрнавис Марямбону барои маҷмӯаи ҳикояҳояш «Афсонаи тамаддун» бо ҷоизаи адабии ба номи Борис Постернак сазовор гардидааст. Андеша ва тахайюли бадеӣ ва зебописандӣ ба назари банда занонаву мардона намешавад. Адиби соҳибандешаву тозапардозро хонанда ҷустуҷӯ мекунад ва осорашро мехонад. Муҳим ибтикороту андеша ва сабки ҳунарии адиб аст, на ҷинсияти ӯ.
- Ба назари Шумо имрӯз бонувон ба кадом мавзӯоти рӯз бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд?
- Ба назари банда бояд нависандаи имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистони навин бештар дар бораи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва мавзӯъҳои таърихӣ асарҳои мондагору ҷолибе офарад, то ки насли ҷавонро ба саодату маърифат ҳидоят карда тавонад. Дар бораи сохтану ободгарӣ ва бунёдкориҳои навини замони истиқлол асарҳо бояд навишт, то боиси илҳоми созандагони бинои озодию истиқлоли миллат гарданд.
Чанд сол пеш Ҳанифаи Муҳаммадохир дар бораи яке аз сохтмонҳои бузурги замони Истиқлол нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда китобе бо номи «Сангрезаҳои Сангтӯда» иншо кард, ки доир ба корнамоиҳои сохтмончиёну бинокорони Сангтӯда қисса мекунад. Чеҳраҳо ва олами ботинии ҳар як қаҳрамонашро Ҳанифа бо эҳтиром ва самимона ба тасвир кашидааст. Нависанда борҳо ба нерӯгоҳ сафар карда бо кори сохтмончиён аз наздик ошно шуда, саъйу кӯшиш ва азму талоши бинокорони он ҷоро дар асар бо ҷузъиёташ таҷассум намудааст. Ин гуна асарҳо рӯҳияи созандагӣ ва ободкории мардумро баланд мебардорад.
Ахиран, повести Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи «Замини модарон» чоп шуд, ки хеле ҷолиб ва хонданист. Дар ин қисса Шаҳзода камбудӣ ва нуқсонҳои давраи шӯравиро хеле моҳирона ва мушоҳидакорона ба риштаи таҳрир кашидааст. Муаллифи қисса аз беқадрии зан дар замони шӯравӣ сухан гуфта чун қувваи асосии корӣ дар майдонҳои пахтазор ва дигар соҳаҳои истеҳсолот кор фармудани ҷинси латифро аз ҷониби роҳбарону сарварони вақт танқид кардааст. Ҷузъиёти воқеаву ҳодисоти замонро Шаҳзода чун нависандаи андешаманду таҳлилгар ба риштаи тасвир гирифтааст ва асари хонданию шавқангез офаридааст. Ин гуна асарҳои хонданӣ бояд бештар навишта шаванд, то чашмандози таҳлилии хонандаро васеътар намояд.
Шаҳзода диди амиқи таҳлилгарӣ ва мушоҳидакориву ботиннигарӣ дорад. Ба умқи ҳодисаву воқеоти атроф менигарад ва мулоҳизаву хулосаҳои ҷиддӣ аз дидаву шунидаш берун мекашад. Чунин диди пурвусъати нависандагӣ қиссаи «Замини модарон»-ро либоси зебои бадеӣ пӯшонидаву дилнишин ва хонданӣ гардондааст.
Ногуфта намонад, ки бонувони насрнавис ба мавзӯъҳои таърихӣ камтар рӯй меоранд. Дуруст аст, ки дар нигоштаҳои онон ишораҳо ба баъзе унсурҳои ҷузъии таърихӣ рафтааст, аммо ҷойи асарҳои барҷастаи таърихӣ дар олами эҷоди бонувон ҳанӯз холист ва ҷойи сухан гуфтан ҳаст.
Ташаккури зиёд барои суҳбати самиӣ.
Абдуҷалили Амон