Қаъри баҳр бо ҳама дуру садафкорӣ, тамкину хомӯшӣ дунёи дигар буд ва ин боли қавию парвози баланд, мавҷи пуртаҳлукаю ҳарос аз марг ва ниҳоят шафақи лолагуну тулӯи хуршед олами дигар аст. Худоё, магар ин манам, ки парвоз мекунам ? Дилу дидаам ба ҳадди он равшан аст ва ман… чашм кушода, ситораи саҳариро дидам, ки болои боми додоӣ мисли орзую ҳавасҳоям равшан чашмак мезад. Даст ба чашмони хоболуд бурда ҳавас кардам: кош ин ҳама дар бедорӣ мебуд… Инро дил мехост, инро мани побанди орзую ҳавасҳо мехостам.
ХХХ
Айёми тифлӣ бароям беҳтарин рӯзгорон буд. Намедонистам, дард чисту ғам кучост. Ва аз он ташвишҳои доманадоре, ки волидайн доштанд, дар ҳайрат мемондам. Ҳайрати тифлонаи ман аз он буд, ки ин қадр эшон оҷизанд баҳри рафъи каму кости зиндагиашон.
Гузашт солҳои бачагӣ. Бар дӯш омад бори зиндагӣ. Ҳар рӯз сад бор дар мавҷҳои пуртуғёни зиндагӣ ғарқ гардида, аз бори гарони рӯзгор миён мешиканад. Агар садои ширин орзуҳои рӯзи неки фардо намебуд, куҷо тоб меовардам, ба ин мавҷи ҳалоилу бори гарон.
ХХХ
Мегӯянд, ки беҳтарин амали инсон имон овардану ният кардан аст. Пас месазад, ки ҳар субҳи зиндагии худро аз домани ҳамин имон бо ниятҳои пок оғоз бахшем. Ва кош дар он рӯзгоре , ки имрӯз ба он сад иллату дард нишастаасту аз имону нияти поки мо мисли баҳор бишукуфаду самар оварад. Ва Худо кунад, ки имону ниятҳои накӯи инсонӣ оғоз дошта бошаду анҷом не.
ХХХ
Мегӯянд, ки ҳанӯз афсонаи аз ҳама ширинро ягон қиссагӯй нагуфтааст. Ба ҳамин хотир ҳар афсона аз «Буд , набуд» ибтидо мегардад. Ин «Буд, набуд» ҳоло ҳар нафари мо на як бору ду бор дар фасли зимистон гирди сандалии гарми хонаи бобо ва лаҳни ширин модаркалонҳо шунидаем.
Аҷабам меояд, ки аввалин афсонаро кӣ гуфта бошад. Ва дар оғӯши ҳамин андешаҳо симои ҳамоне падидор мегардад, ки ҳама ташвишҳои оламро ба фаромӯшиҳо дода ба «Буд, набуд» гуфтани қиссагӯ гӯшу ҳуш мегардад.
«Буд набуд, дар як замони дури дур, дар як макони пур аз нур»… Ва бо умеди шунуфтани анҷоми неки афсона ҳар нафаре аз мо домани афсонагӯро сар намедиҳем, то панд гирему баҳрае бардорем.
ХХХ
Рӯи мизи кориам қоғазпораҳо ба сони хотираи гузаштаҳои дури дур, мисли айёми афсонашунавониҳоям паҳну парешонанд. Дар ҳар кадом аз ин қоғазҳо як пора дарду шодӣ, як пора умеду орзуҳои монанд. Ва ба назарам чунин мерасад, ки дар онҳо як пора буду набуди ман қаламдод гардида. Намедонам ба чӣ хотир дар ин қоғазпораҳо порае аз рӯзгори ман бо ранги сиёҳу сафед омезиш ёфта. Шояд аз он ёдҳои худро ҷӯёям, то дар ин давроне, ки умр бар сар дорам, зиндагӣ кардан бароям душвор набошад.
Шаҳлои Насриддин