… Ин суоли ман, суоли инсонест, ки сарупо ташнаи орзую ҳавасҳои надидаву начашида. Не, ношукри надорам ба додаю надодаи худо. Шукри беҳисоб ба ҳама он рисқу рӯзии қисмате, ки насибам кардааст. Ва аз домани ҳамин сипос сахт ташнаи орзуе ҳастам, ки маро лаҳзае ором намегузорад. Ва ташнаи ташна имон дорам, ки рӯзе садои орзуҳоро хоҳам шунид. Аз ғайб пайваста садое хушдорам медиҳад: «Қомати умедро хам магир, дилро аз норасиданҳо ранҷур мадор, дидаро рӯшан дор аз ҳусни ин диёр».
Садои орзу маро раҳнамун аст. Худро дар саҳрои беканоре дидам ва аз кадомин тангои ин саҳро садои ошно ба гӯшам форам мерасид. Ба хотири марғубтар шунуфтани он садову донистани он, ки аз куҷо меояд ба ҳар тараф мисли оне, ки аз дастам косаи пуробе мерехта бошад, назар кардам ,аммо чизе надидам. Давидам он ҷонибе, ки дил роҳбалад буд.
Саҳро аз ҳадди беканории худ гӯё маро ба худ фурӯ мебурд. Бехабар аз хавфи раҳгумиҳо. Давидам ҷонибе, ки дил хост. Вале афсӯс ҷуз холигии беҳаду бенур чизе надидам. Боз баргаштам ба он манзиле, ки садои орзу маро аз он бегона карда буд.
Ҳамон занҷиру тақдир аст. Ҳамон садои дилфиребу гӯшнавоз маро ово дорад. Боз ташнаи ҳавасҳо давидам ҷонибе, ки дил хост. Аз давиданҳо хаставу бемадорам. Аммо садои гӯшнавоз маро ово дорад:
Биё, биё, биё…
Шаҳло