Хоҳари ман камбизоат буд, аммо серчашми шукргӯи пурқаноат буд. Давлату дороияш мехонд фарзанди падарро, кӯдакони хешро, осудагии халқу кишварро.
Рӯзи шодӣ хандаи ширин ба лаб, рӯзи ғам ӯ гиряҳои талх дошт.
Пойро дониста бар даргоҳи ҳастӣ мегузошт. Марги додар кард ӯро достонгӯи ҳама дарду аламҳо. Буд сарбози аламбардори урдуи диёри сӯзу ғамҳо.
* * *
Мерасад он рӯзи ҷашни хонаободии ӯ бар ёди ман. Барфалак мепечад оҳу нолаву фарёди ман. Медиҳад гӯё ки то ҳолосадо ҷои дуои мӯсафеди куҳнасоли деҳкада эҷоди ман:
Хоҳарам ҷашни арӯсӣ мушкил,
Меравӣ, меравӣ бар ҷои дигар.
Донае кам шуда аз хӯшаи мо,
Мешавад сабз ба саҳрои дигар...
Хоҳарам бош азизи дигарон,
Шод кун хотири озурдаи мо.
Ончунон бош, ки ҳозир бошанд
Ҳама дар зиндаву дар мурдаи мо…
* * *
Як пагоҳӣ хоҳарам бо пойи урён, дидагирён омад аз кошонаи хушдоманаш, ларзаҳо буд дар танаш. Гуфт: -Дар он хона ноосудагист. Дар сари хашму ғазаб ҳам бегуноҳро мезананд. Талх он ҷо зиндагист. Хостам, ки оташи ҷанҷоли пири хонаро бо ҳамсараш хомӯш созам, мушт хӯрдам. Бори ҷисм аз бими ҷон то байни гандумзор бурдам. То саҳар тарсидам аз овози сагҳо. Хайрият, ки рӯз шуд, автобус омад. Он даме ғамномааш бишнидаанд. Аҳли хона роҳи хушиқболияшро дар ҷудоӣ дидаанд. Ман фақат будам муқобил. Гуфтам аз сабру таҳаммул мешавад ҳосил мурод. Гуфтамаш, ки зоти мо як бор ҷашни хонаободӣ кунад. Гарчи резад бар сараш борони ғам, бо умеди неки фардо бояд ӯ мисли замин шодӣ кунад. Шавҳарат бад нест, хоҳар. Ин асирие, ки дорӣ дар назар, бӯйи озодӣ кунад. Ин ҳама осуда мегарданд, лек аз теғи ғами бахти нахустат мешавӣ ту синареш. Хоҳӣ аз баҳри бародар бигзарӣ , роҳи дигар гир пеш.Тобутатро ҳам, ки бардоранд аз он кошонаат,ту бирав бар хонаат. Хоҳарам бе ҳафту ҳашт, он калуши куҳнаи пешинаи худро зи нав пӯшида бар даргоҳи қисмат рафт. Тоб овард ӯ ба дарду сӯзҳо, рафтаанд он рӯзҳо. Кард хизмат, аз дуои пирҳояш соҳиби фарзандҳои хонадору хона шуд. Рафт, аммо некномияш бимонд, қиссаҳои подшоҳӣ аз ғуломияш бимонд.
* * *
Шавҳараш бо майпарастон ёр шуд. Кас намедонист баҳри чи ба пастон ёр шуд. Маст меомад ба хона, гоҳ меафтод дар ҷӯбору гоҳе байни роҳ. Хоҳарам дар баҳри шарму ғусса гашта ғарқ, мекашид аз банди дил оҳиста оҳ. Тоб меовард бо он додаи тақдир, фикри ҳастӣ зуд ӯро кард пир. Он даме ки пахтосо аз ҳалоҷии аҷал хоҳар гузашт, гӯиё ки он масти ӯ ҳушёр гашт.Ҷисми беҷони занашро гаштаву баргашта чун носер мебӯид, рӯю пешонии сарди ҳамдами гумкардаашро гаштаву баргашта мебӯсид. Мегирист ӯ зор-зор. Гӯиё мегуфт:-Бе ту хонаам тобад мазор…
* * *
Гардҳову баргҳоро бодҳо хезондаанд. Бодҳои ғуссаҳо ҳамбаргҳои боғи умрамро чу ашки шашқатор резондаанд. Оҳ, дарфасли хазон омад хазон.Тобути дунёи меҳрам-хоҳари ҷони маро рӯй-рӯйи даст бар пеши азизон бурдаанд. Пештар азфасли сармо бар замини сардхоки пуштаи рустоамон биспурдаанд.
Рӯзи марги хоҳари ман дар дигар ҷо жола буд, лек дар онрастае, ки хона дошт, нарм-нарм борони рӯҳафзоймерехт. Пеш аз тобутбардорӣ ҳамон шим-шим намонд. Рӯз-рӯзиофтобӣ шуд, мисоли рӯзи дафни модарам. Мерасид аз ҳар сӯ бӯйи хоки тар, чун нишони покиву дилгармиҳои хоҳарам...
* * *
Ҳар гаҳе ки ҷониби Кӯлоб мекардам сафар, аз миёни дашт мекардам гузар. Мезадам сим пештар бар хоҳарам. «Хоҳари ҷон, ҷаҳд месозам туро гирам хабар». Лаҳзаи бикшодани дарвоза доим мезадам бо хоҳари худ сар ба сар. Аз куҷо донам, ки баъди занги ман, то дами бишнидани оҳанги ман дар паси дарвоза бори интизорӣ мекашад. Заҳри ҳиҷрон мечашад.Гӯиё он ҳайкали меҳру вафо имрӯз ҳам интизорам дар паси дарвоза аст.Не, натобад. Он чи мебинам ба хоб аст ё сароб аст. Гирди ҳавлӣ тоза нест. Тозакору тозахунам дар паси дарвоза нест. Рафт ӯ, аммо суроби посдоре дар паси дарвозаи ёдам бимонд. Мисли он дарвозаи овоздораш оҳу фарёдам бимонд.
***
Хоҳари ман хонашин буд. Як зани хокӣ ба як кунҷи замин буд. Он ҷаҳони меҳрубонӣ, дошт дар сар доимо андешаи нек. Аз ҳамон дунёи номаълуми хосаш некномӣ ҷустуҷӯ мекард. Хоҳари ман беҳтарин кадбону буд.Мисли нони пухтаи худ сурхрӯ буд. Рӯзи нонпухтан набуд танҳо, аз фатири пухта мекард ӯ шакароб, хонааш пур мешуд аз ҳамсоязанҳо. Буд ӯву шавҳараш меҳмонавоз, буд дари кошонаи онҳо ба рӯи ошнову мардуми бегона боз. Рӯзи маргаш ҳуҷраҳову ҳавлиро занҳо гирифтанд, баҳри мардон ҷо намонд. Баҳри дафнаш бонамакҳо роҳи кӯталро, ки буд дуру дароз бо амри дил паймудаанд. Дар сари гӯраш, дар он як теппаи беҳад баланд одамон метофтанд аз дур мисли сангҳо дар куҳҳо. Хонашини мо ба тобут обрӯву шуҳрати сад тахтшинро дошт…
Муҳаммад Ғоиб