То Инқилоби Октябр ҳам таъсири нуфузи қавмию аҷдодӣ ва ҳатто шахсиятҳои алоҳида дар номгузории кӯчаю деҳкадаҳо мушоҳида мешуд. Номгузории деҳу маҳаллаҳо ба мисли Эшонҳо, Қулли Суфиён, Булли Суфиён, Арбобдара, Муллоён ва амсоли инҳо бозгӯйи он аст, ки баъзе мардумони асрҳои гузашта деҳоти худро ба номи пешвоёну шахсиятҳои маъруфи замони хеш низ мегузоштанд. Дар умум то ибтидои асри 20-ум кӯчаю маҳаллаҳои Тоҷикистон бештар номҳои фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, номи деҳаҳо мисли Гурдара, Вастанг, Гули Зиндон, Оличадара, Вел, Гирдоб, Сармайдон, Виёон ва ғайраҳо ифодагари вазъи муҳит ва маданияти он мавзеъ ва сокинонаш ба шумор мерафт.
Аммо аз асрҳои гузашта то замони ҳукумати Шӯравӣ ва имрӯз ба ифтихори занони маъруфи замон гузоштани номи кӯчаву деҳкадаҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ангуштшумор мушоҳида мешавад. Деҳаи Давлаттаҳфа – яке аз деҳаи дорои номи қадима дар собиқ ноҳияи Сари Хосор, имрӯза ноҳияи Балҷувон, ё худ деҳоти «Шарора» «Зайнабобод», «Осмонбика», «Шоҳбика», «Бибихуррам», «Озодии занон» ғайраҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар намунаи ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҳасани Муродиён профессори ДДҚ ба номи Носири Хисрав иброз медорад, ки дар навоҳии куҳистони кишвар ба ифтихори занони далеру шуҷоъ гузоштани номи маҳаллаҳо аз асрҳои қадим ба ҳукми анъана даромада буд. Дар мисоли таърихи номи деҳаи «Давлаттаҳфа»-и собиқ ноҳияи Сари Хосор ривояте вуҷуд дорад, ки ду ҷавони куҳистонӣ Давлат ва Туҳфа, ки ҳамдигарро дӯст медоштанд, барои ба висоли ҳам расидан ба куҳистон фирор намуда, дар маҳаллаи мазкур истиқомат ихтиёр мекунанд. Бо гузашти солҳо аз фарзандон, набераву аберагони он дилдодаҳо сокинони он мавзеи хушобу ҳаво афзоиш меёбад. Ҳамин тавр ин деҳа номи нахустин сокинони он Давлат ва Туҳфаро мегирад.
Як сабаби дар гузашта ва имрӯз камтаваҷҷуҳии мардум барои ба ифтихори занони қаҳрамон гузоштани номи деҳу маҳаллаҳо ин аст, ки марди шарқӣ хоҳиши онро надорад, ки исми модар, ҳамсар ё дигар пайвандонаш аз ҷинси зан ба қавле сари забонҳо бошад, мегӯянд мусоҳибони мо. Аз тарафи дигар камшумории кӯчаю маҳаллаҳо бо ифтихори номи шахсиятҳои ҷинси латиф дар ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҳатто тамоми дунё мушоҳида мешавад.
Дар ҳамин ҳол Зафари Мирзоён донишманди тоҷик иброз медорад, ки дар аҳди Шӯравӣ бо номи занони коммунистпеша кӯчаҳо вуҷуд доштанд. Ба мисли Клара Цеткина, Роза Люксембург, Крупская, ҳамчунин баъзе кӯчаҳои Тоҷикистон ба ифтихори шоирон Зебуннисо, Розия Озод ва Зайнаббибию Долорес Ибарури номгузорӣ шуда буданд.
Ба суоли мо; «Оё дар Хатлон ҳастанд заноне ки ба ифтихорашон месазад кӯча ё маҳаллеро номгузорӣ кард? Зафар Мирзоён чунин посух дод: «Ростӣ мо он қадар занонро аз зиндагии иҷтимоӣ дар дурӣ нигоҳ доштаем, ки онҳо ҷузъ хонаву дегу танур, аз эҷоду ибъод бенасиб мондаанд.
Бинобар гуфтаи Аъзамшоҳи Шиговардӣ рӯзноманигори тоҷик, дар кӯҳистони Бадахшон ба хусус ноҳияи Ванҷ дар мавриди эҳтироми ҷинси латиф таваҷҷуҳи хоса дошта, ба духтаре, ки ба ҳаёти мустақилона қадам мегузорад, замин, ниҳол ва ё дигар амволеро ҳамчун тӯҳфа ба номаш мегузоранд. Масалан: Себҳои Шарифа, Замини Муслима, Чормағзи Беҷода ва ғайраҳо.
Аз пурсишу мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки дар мавриди номгузории кӯчаю маҳаллаҳо дар афкори мардум мафҳумҳои «ном номи падар» ё ба қавле «пушти падар» ғолиб аст. Зеро ҳар шаҳру навоҳии кишвари мо дар баробари мардони маъруфу машҳур занони хидматнишондода ва сазовори эҳтирому қадрдонӣ доранд. Аммо дар мавриди ба ифтихори зан модари заҳматкаше гузоштани номи кӯчаю маҳаллае таваҷҷуҳи кам дорем.
Тӯли чанд соли охир бо қарори Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру навоҳии гуногуни кишвар чандин деҳаҳо ва кӯчаю маҳаллаҳо тағйири ном кардаанд. Аз ҷумла дар иҷлосияи вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҷониби вакилон номи маҳаллаи Авул 1-и шаҳри Душанбе ба Бунёдкорон, маҳаллаи Авул 2 ба Ободкорон, кучаи Федини шаҳри Душанбе ба номи Ғуломов Асадулло, кӯчаи Репини шаҳри Душанбе (бо 5 гузаргоҳаш) ба номи Мирзоев Хайрулло, кучаи Чкалови шаҳри Душанбе (бо гузаргоҳаш) ба номи Қандил Ҷӯраев, кучаи Клара Сеткинаи ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Нарзибеков Маҳмудбек ва кӯчаи Спартаки шаҳри Душанбе ба номи Гурминҷ Завқибеков иваз карда шуданд. Албатта шахсиятҳое, ки кӯчаю маҳаллаҳои гуногуни пойтахтро ба номашон гузоштаанд, ҳамагӣ сазовори чунин қадрдонӣ мебошанд. Аммо чӣ дар пойтахти кишвар ва чӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар ба ифтихори зани шоистае гузоштани номи кӯча, деҳа ё маҳалле ниҳоят кам мушоҳида мешавад. Ҳолонки дар чанд соли охир кӯчаю маҳаллаҳои зиёд аз шаҳру навоҳии кишвар тағйири ном кардаанду ба хотири бонуи собиқадоре гузоштани номи онҳо ниҳоят камшумор аст. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки Оё бонувони собиқадори меҳнат ё хидматнишондодаҳои сазовор надорем, ё хайр?
Сайфиддинов Ҷ.