Наргис Ҳамидова хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст. Соли 1997 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ба кор шуруъ менамояд. Аз соли 2010 инҷониб дар кафедраи санъати тасвирии ДДСТ ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калон ва аз сентябри соли 2011 дар вазифаи мудири кафедраи санъати тасвирӣ фаъолият дорад.
Ин рассоми шинохта бо ҳунари волои хеш дар намоишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла „Санъати миллатҳо“ соли 2002 дар шаҳри Маскав, „Наққошии муосири дунёи ислом“ дар Теҳрон ва дар чандин намоишҳои дигар бо асарҳои офаридаи худ иштирок намудааст.
Табиати зебову пок, кӯҳпояву кӯҳдоманҳо ва таъриху фарҳанги ин сарзамин чунон саршор аз мазомини бикр ва беолоиш асту ғиное аз зиндагӣ ва сарзиндагӣ дорад, ки фарохони арсаҳои гуногуни ҳунарист. Хатҳову рангҳо баёнгари он садоқат ва содагианд, ки дар тамоми лаҳазот саррез мешаванд ва бинандаро саршор аз ҳузур мекунанд. Наргис Ҳамидова ҳунармандест, ки инро барои мазомини осораш баргузидааст ва тайи бист сол аст, ки дар ин ҷода фаъолият дорад.
Наргис Ҳамидова ҳунармандест, ки ин сеҳрофаринии лаҳазотро барои мазомини осораш баргузидааст ва сари он дорад, ки манзараҳову дилрабоиҳои кишварро бо пардозҳои қаламаш биомезад ва бо шаффофияти рангҳояш ҳамсӯ кунад. Дар мавриди оғози фаъолиятҳои ҳунариаш чунин мегӯяд: „То он ҷо, ки зеҳнам ёрӣ мекунад ва гузаштаҳоро дар зеҳн мурур мекунам, ҳама ёдоварӣ ин аст, ки бо наққошӣ унс ва улфат доштам. Шояд бузургтарин лаҳзаҳои кӯдакӣ ва ҷавониам наққошиҳоям бошанд. Муҳити шаҳр ва фитрати поку беолоиши шаҳриён он чунон маҷзубам мекард ва он чунон зебоиҳояш дар ниҳонхонаи дил менишаст ва нақш мегирифт, ки орзу доштам осорам сабти лаҳзаи ин зиндагӣ бошад. Зиндагие, ки саршор аз таровату латофату покӣ аст. Ва аз ҳамин рӯ, наққошӣ ҳамеша бароям ҷаззоб, дӯст доштанӣ ва саршор аз хотираву сурур буда ва ҳаст. Бознамоӣ ва бозофаринии лаҳазоте аст, ки бо онҳо бузург шудаам, ба онҳо дилбастагӣ дорам ва хуб мешиносамашон ва бо як ибора лаҳзаҳое, ки маро сохтаанд.
Наргис саъй дорад табиатро чунон ки пеши рӯ дорад ва он мазмунҳои бикре, ки дар он аст, яъне садоқат, покӣ, маҳрумият ва талоши хастагинопазири инсонҳоро ба тасвир кашад, аз ин рӯ мегӯяд: „Наққошӣ дар оғоз бояд ба манзара тасаллут ёбад. Табиати атрофашро хуб бубинад ва дақиқ бишносад. Пас, шеваи баёни худро, ки наздиктар ба он фазо ва ҳолу ҳаво бошад, биёбад. Он ҳам на аз рӯйи тақлид, балки огоҳона ва бо шинохти дақиқ ба ин таваҷҷуҳ кунад. Ва ин амр танҳо бо талош ва тамринҳои шабонарӯзӣ муяссар аст. Албатта, мутолеаи таърих, ҳунар ва тафаккури пуёи ҳунарманд дар расидан ба манзилгаҳи мақсуд нақши муҳимеро ифо мекунад. Бисёре аз ҳунармандон худро такрор карданд ва умедворам аз он гурӯҳ набошам…“
„Аз меҳмонӣ“ яке аз асарҳои ҷолиби ҳунарманд буда, рассом ба иҷроиши абстрактии асар нигоҳ накарда, модари тоҷикро бо тифлаш дар ҳолати саросемагӣ тасвир намудааст. Рангҳои асар аз тапиши дили модар шаҳодат медиҳанд. Наргис гузашти айёмро ба чарх ташбеҳ медиҳад, ки хеле ҷаззобу пурмаъност.
Дар иртибот ба „Лаҳзаҳои хушбахтӣ“ чунин мегӯяд: „Дар бисёр асарҳоям олиҳаи зебоӣ ва маҳин, яъне олиҳаеро, ки барандаи зиндагӣ дар рӯйи замин мебошад, тасвир мекунам. Олами ботинии бонуро танҳо зан дарк карда метавонад. Дар ин асар занро бо рангҳои нозуку сабук ва техникаи муайян тасвир намудаам, ки бинандаро ба хаёл мебарад. Агар бинанда зан бошад, дар ҳар як асари офаридаам ҳолатҳои зиндагӣ ва орзуҳои худро мебинад“.
Маҳорати рассомии Наргис Ҳамидова дар „Дугонаҳо“ бармало мушоҳида мешавад. Дар ин асар тоҷикдухтаронеро тасвир намудааст, ки саргарми гулдӯзианд. Онҳо дар сари ин машғулият ба гуфтаи рассом „суҳбати гарму ҷӯшон доранд“. Ин асар аз шуғли ҳамарӯзаи духтарони одии тоҷик хабар медиҳад. Дар асар рангҳои гуногун ва оромии рангҳо истифода шудаанд.
Наргис, ки худ омӯзгори наққошӣ аст, дар бораи омӯзиши он дар Тоҷикистон чунин мегӯяд: „Аз 30 марти соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 144, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин як падидаи нав барои аҳли эҷод аст. Ба назари ман, чун мутахассиси соҳа таъсиси чунин донишкада тақозои замон буда, дар маҷмуъ ва махсусан дар замони муосир эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисоси бахши санъати тасвирӣ ва дизайни миллӣ хеле зиёд аст. Омодаем аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷавонони лаёқатмандро гирд оварда, барои рушди соҳа хидмат намоем“.
Абдуҷалили Амон