Соли 2007 донишгоҳи мазкурро хатм намуда ва соли 2008 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантура дохил шуда, дар мазуи «Ҳосил кардани рангҳои табии ғизоӣ аз растаниҳои Тоҷикистон» ба гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ шуруъ намуда ҳамон сол (2008) фаъолияти педагогиашро дар Донишгоҳ оғоз намудааст. Аз соли 2010 ассистенти кафедраи «Кимиё» буда, соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои биокимиёии пайвастаҳои фенолии баъзе растаниҳои худрӯи Тоҷикистон» ҳимоя намудааст. Айни ҳол саромӯзгори кафедраи «Стандартизатсия ва Технологияи истеҳсоли маводи хӯрока» мебошад.
Яке аз хосиятҳои муҳими органолептикии маҳсулоти хӯрока, ки ифодаи сифаташ ба ҳисоб меравад, ранг мебошад. Дар вақти коркарди технологӣ ранги маҳсулоти хӯрока паст ё тағйир меёбад. Аз ин сабаб бисёр намуди маҳсулоти хӯрокаро ранг мекунанд. Бо ин мақсад дар корхонаи истехсолй аз рангҳои синтетикӣ истифода мебаранд, дар ҳоле, ки ин рангҳо барои организми инсон зарароваранд. Аз ин сабаб дарёфти манбаъҳои рангҳои ғизои аз табиат, усулҳои ҳосилкунй ва истифодаи онҳо дар истеҳсоли маводи хӯрока, яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим мебошад, хусусан барои кишвари мо, ки олами набототаш бой ва беҳамтост.
Раҳимова Файзигул Амонқуловна номзади илмҳои биологӣ, дар озмуни ихтирокорони ҷавон, ки моҳи августи соли равон баргузор гардид, 32 нафар, ба тадқиқоти арзишманди худ, ки ба шароити кунунии кишвар хеле муфид аст, дар мавзӯи ««Хусусиятҳои биокимиёии пайвастаҳои феноли баъзе растаниҳои худрӯи Тоҷикистон» ба ҷоизаи ихтирокорони ҷавон «Исмоили Сомонӣ» мушарраф гардид. Файзигул ба исботи мавзӯи тадқиқ намудааш ба хулосае меояд, ки:
«Қариб ҳама маводи хӯрока бо мақсади барқарор кардани ранги табии ашё, ки зимни коркарди технологӣ паст шудааст, ё барои ранги анаъанавӣ бахшидан ба маҳсулоти беранг ранг карда мешаванд. Барои ин рангҳои сунъӣ ва табииро истифода мебаранд. Солҳои охир рангҳои табиӣ барои ранг кардани моддаҳои хӯрокворӣ хеле васеъ истифода мешавад, чунки моддаҳои рангкунандаи табиӣ фаъолияти хеле зиёди физиологӣ ва антибиотикӣ дошта, ҳамчун маводи табобатӣ истифода бурда мешаванд. Айни замон истифодаи рангҳои табии дурнамои хубтар дорад, зеро ки онҳо бехатаранд ва ғайр аз моддаҳои рангкунанда дар таркибашон моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол мавҷуд аст».
Боиси тазаккур аст, ки мавзӯи «Ҳосил кардани рангҳои ғизоӣ аз растаниҳои Тоҷикистон» ба тадқиқи имконияти ҳосил кардани рангҳои ғизоӣ аз растаниҳои Тоҷикистон, омӯхтани хосиятҳои физико –химиявӣ ва истифодаи онҳо барои ранг кардани маводи хӯрока бахшида шуда, бо мақсади муайян намудани шароити оптималӣ ҷудо кардани моддаҳои рангкунанда таъсири таркиби экстрагент, ҳарорат ва вақти экстраксияро таҳия шудааст. Файзигул иброз дошт, ки: «Моддаҳои рангкунандаро бо об бо маҳлули обу спиртӣ, маҳлули обу спиртии гидрокарбонати натриядошта, маҳлулҳои 1% тезоби гидрогенхлорид, тезоби лимон ва инчунин, маҳлули 96% спиртӣ этили экстраксия карда, зимни экстраксия бо об ва спирти этил рангаш зардро ҳосил мекунад, ки аз он хокаи рангаш зард ҳосил шудааст. Яъне маҳлулҳои тезоби гидрогенхлорид тезоби лимон экстрактҳои рангнок ҳосил намешавад».
Ӯ гуфт: «Инчунин дар рафти тадқиқот таъсири таносуби ашё ва ҳалкунандаро низ омӯхтем ва моддаҳои рангкунандаро дар таносуби ашё ва ҳалкунанда 1:5,1:8,1:10 ҷудо карда таносуби оптималии ашё ва экстрагент 1:8 буд, ки тадқиқот оиди ҳосил кардани рангхои ғизоӣ аз растаниҳои Тоҷикистон гузаронида шуд. Рангҳои ғизоӣ аз растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ширинбуя, эрғай, ривоҷ, шулха ҳосил шуданд. Таъсири омилҳои гуногун (ҳалкунандаҳо, рН-и муҳити экстрагент, муҳлати экстраксия, ҳарорат) ба ҳосилшавии рангро мавриди омӯзиш қарор додем. Шароити беҳтарини ҳосил кардани ранг муайян шуд. Рангҳо ба намуди хокаҳои хушк ва маҳлулҳои ғализ ҳосил шуданд».
Сафаргул, дар рафти тадқиқоти анҷомдодааш хосиятҳои физикию химиявии рангҳои ҳосилшуда (ҳалшавӣ дар об ва ҳалкунандаҳои органикӣ, зичӣ, туршии умумӣ, туршии фаъол, миқдори моддаҳои хушк, миқдори моддаҳои рангкунанда)-ро омӯхта устувории моддаҳои ҳосилшуда, таъсири ҳарорат, муҳити маҳлул, муҳлати гармкунӣ ба ранги онҳоро муайян намудааст, ки дар натиҷа экстрактҳои рангкунандаи ҳосилшуда дар об ва спирт нағз хал мешаванд, бӯйи махсус ва таъми нохуш надоранд. Микдори моддаҳои рангкунандаи онҳо аз 45% зиёд аст, ки ин ба талабот ба рангхои ғизоӣ мувофик аст. Рангҳо устуворанд ва рангашонро дар давоми муҳлати зиёд гум намекунанд. Моддаҳои ҳосилшуда ба сифати рангҳои ғизой санҷида шуданд. Сафаргул гуфт: «таҷрибаҳои озмоишӣ нишон доданд, ки ин рангҳоро, ки аз решаи ширинбуя, эрғай, ривоҷ, шулха хосил карданд, барои ранг кардани қиёмҳои шакарин, конфет ва кулчақанд, маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ истифода бурдан мумкин аст. Заҳрнокӣ ва бехатарии биологии рангҳои аз аз решаи ширинбуя, эрғай, ривоҷ, шулха ҳосилшударо омӯхтем ва тадқиқотҳои гузаронида исбот карданд, ки рангҳои ҳосилшуда заҳрнок нестанд ва аз ҷиҳати биологӣ безараранд.
Абдуҷуалили Амон