Мушкили асосӣ пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон буд. Дар оғози сол нишондодҳои оморӣ оид ба ин масъала хеле нигаронкунанда буданд. Мутобиқи омори расмӣ шумораи қонуншиканиҳо миёни ноболиғон дар ҳоли афзоиш буд. Давоми сол сохторҳои марбута ва масъулон барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон корҳои зиёдеро анҷом доданд. Назорат аз болои татбиқи қонуни мазкур ва риояи ҳама талаботи он ҳам дар доираи меъёри зарурӣ амалӣ гардид, аммо дар интиҳои сол омор боз рақамҳои хавфнокро манзур кард. Мутобиқи омори расмӣ танҳо дар нӯҳ моҳи соли 2013 аз ҷониби ноболиғон 530 ҷиноят содир шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 92 ҷиноят зиёд аст. Ин рақамҳо дар вилояти Хатлон-157, дар вилояти Суғд-106, дар шаҳри Душанбе-163 ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ-83 ҷиноятро ташкил медиҳанд .Танҳо дар ВМКБ вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон коҳиш ёфтааст.
Қонун ва масъулият
Коршиносон бо пешниҳоди ин омор дар он ақидаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» бояду шояд татбиқ намешавад. То ҳанӯз ҳам баъзе волидон масъулияту уҳдадориҳои худро, ки дар қонуни мазкур зикр шудааст, намедонанд ва гохе донанад ҳам, риоя намекунанд. Аз ҷониби дигар масъулони соҳа, бахусус омӯзгорон, раисони махаллаҳо ба вазъи оилаҳо, раванди таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи ҷиддӣ намедиҳанд. Бемасъулиятӣ, бетарафӣ миёни масъулони соҳа зиёд аст. Шеваи кор, усулҳои таълиму тарбия, муносибату муомила ва таҳлилу хулосабардорӣ аз ахлоқу маънавиёти ин зумраи наврасони ба истилоҳ «душвортарбия» муосир ва мутобиқ нестанд. Пас, чӣ гуна метавонистем давоми сол раванди ҷинояткориро миёни ноболиғон коҳиш бахшем? Баъзан андешаҳое садо медиҳанд, ки ин раванди муқаррарист ва худ аз худ ҳалли худро хоҳад ёфт. Инсоф кунед, чӣ тавр ва бо кадом усулу восита? Вақте наврас ба дуздӣ, авбошӣ ва ҳатто куштор даст мезанад, оё метавон оромона нишаст ва ин равандро муқаррарӣ баҳо дод? Бархе аз волидонро барои риоя накардани талаботи қонун музоҷот ҳам карданд, аммо ин барои дигарон сабақ нашуда истодааст. Бисёр коршиносон, бахусус педагогҳо ва психологҳо дар он ақидаанд, ки сабаби асосӣ ин носолим будани муҳити хонаводагӣ дар чунин оилаҳо аст, яъне волидон натавонистаанд шеваи тарбияро дар хона барои фарзандон хуб ба роҳ монанд. Хуб будан ин риояи меъёри ахлоқи ҳамида, одоби муошират, назорати пайваста аз болои фарзандон ва таҳияи реҷаи дақиқи истироҳату машғулият дар муҳити оила аст. Ба назар мерасад, ки аксари ноболиғони ба ҷиноят дастзада аз оилаҳои носолим ҳатсанд, аммо ин зуҳурот дао оилаҳои солим ва ашхоси доранда ҳам зиёд мешавад. Дар ин гуна оилаҳо фарзандон эрка тарбия меёбанд ва ин сабаби ба роҳҳои бад рафтани фарзандонашон мегардад.
Муҳофизон дар мактаб
Имрӯз аксари сарварони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо ба хизмати муҳофизон рӯй овардаанд. Ин таҷриба дар кишварҳои олам татбиқ мешавад ва хуб ҳам ҳаст, аммо фаҳмиши мо, бахусус сарварони мактабҳо дар ин маврид дигархелтар аст. Муҳофизон ба мактабҳо аз як тараф барои ҷорӣ намудани тартибу низом ҷалб шудаанд. Ва вазифаи асосиашон ҳифзи муҳассилин аз ҳаводис, рӯйдодҳо ва таҳдиди беруна, аммо имрӯз мо мебинем, ки аксари сарварони мактабҳо масъулияти тартибу низоми дохили мактабро ба зимаи муҳофизон гузоштаанд, ки ин ғайри талаботи низомномаи муассисаҳои таълимист.Пас, пурсида мешавад, ки муовини сарварони мактабҳо оид ба тарбия ба чӣ кор машғул ҳастанд? Оё мо нотавон мондаем барои тарбияи насли наврас ва таъмини низому тартибот дар дохили мактабҳо? Боз аз рӯйи кадом муқаррарот мо барои фаъолияти муҳофизон ҳар моҳ аз хонандагон маблағ меситонем? Маблағҳое, ки аз кисса на ба касса, балки ба кисса мераванд? Паҳлӯи дигари ин масъала ин аст, ки мо киҳоро ба ҳайси муҳофиз ба кор ҷалб мекунем? Аксари онҳо аз оддитарин шеваи муомила ва муносибат бо кӯдакону наврасон бархурдор нестанд. Вакте қӯдаке ба дарс дер кард ва ё ҳангоми танаффус каме шӯхию бозӣ кард, ҳатман аз ҷониби муҳофизон бо алфози дурушт «ҷазо» мегирад. Ин гувоҳи он аст, ки имрӯз омӯзгорон, сарварони мактабҳо масъулияти тарбия ва назоратро аз дӯши худ дур партофтаанд ва ба ҳамин омил ҳам барои камолоти носолими наврасон боис мегардад.
Подоши амал
Ҳамин аст подоши амалу рафтори ҳирфаии мо,масъулони соҳаи таълиму тарбия, шуруъ аз падару модарон ва сарварону омӯзгорони мактабҳо. Ба ин боз илова мешавад фаъолияти муҳофизон. Пас, мо аз кӣ гила кунем ва аз кӣ талаб намоем, ки барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон аз рӯйӣ қонун ва виҷдон ҷабоб диҳанд? Вақте мо амалу рафтору шеваи тарбияи худро дигар карданӣ нестем ва мехоҳем, ки насли наврас зери навои ин шева дунёи худро мутобиқ созанд, иштибоҳ мекунем. Имрӯз тафаккур ва фаҳмиши фарзандони мо дар иртибот бо раванди ҷомеаи муосир дигар аст ва баъзан онҳо аз мо пештар гом мезананд, аммо мо ин ҷараён ва суръатро бо тафаккури шахшуда, қолабгирифта ва маъмулии мансабсолорӣ бозмедорем. Мо набояд фаромӯш созем, ки ҳар чӣ мо мекунем дар боби таълиму тарбия, хуб ва ё бад, натиҷа аз ҳамон маҳсули корамон хоҳад буд. Пас, тақдиру сарнавишти насли наврасро ба омилҳои дигар ва одамони дигар бор кардану худро дар канор гирифтан, бетарафӣ ва бемасъулиятист. Аз ҷониби дигар ин ҷиноят ҳам ҳаст, ки рӯзе назди виҷдон ва тақдири худ посух хохем гуфт.
Р.Камол