Аз хурдӣ таҳти таъсири муҳити хонавода ба хондани китоб оғоз намуд. Аз афсонаҳои нахустин то қаҳрамонҳои машҳури адабиёт меомӯхт, аз онҳо ибрат мегирифт ва нисбат ба қаҳрамонони манфӣ нафрат пайдо мекард.
Роҳи Ситора Абдумуъминзода ҳама вақт тахту ҳамвор набуд. Баъди хатми мактаби миёна ният дошт ба Донишгоҳи тиббӣ шомил гардад, вале муваффақ нашуд. Ин ҳам ӯро дилшикаста накард.
Аз ноумедиҳо басо умед аст
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Ситора сарватманд аст. Ва боз аз он хушнуд аст, ки касбаш тақозо менамояд дигаронро низ аз ин сарват баҳравар созад.
-Китобхона ба бонк шабоҳат дорад, - мегӯяд ӯ.- Дар ҳарду ҳам сарват маҳфуз аст. Фарқ дар он аст, ки сарвати бонк муваққатӣ асту аз китобхона абадӣ.
Раҳимаи Аъзам