Ва нахуст суоли мо аз муаллима ин буд:
Чи мушкили ҷомеа Шуморо ба ташвиш овардааст?
– Дар ҳама суҳбатҳо модарони тоҷикро ба он даъват мекунам, ки ба фарҳанг рӯ биёранд, зеро то он даме ки зан аз фарҳанг огоҳ набошад ва ё ҳамон мазмуни панди дилниши Мавлонои Рум, ки боз наҷӯяд рӯзгори васли хешро, барои ин миллат фарзанди фарзонаву худшиносро тарбия ва ба воя расонида наметавонад. Абдураҳмони Ҷомӣ ба маврид фармуда, ки: «… Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст». Гузаштагони мо ба китоб бисёр арҷу эҳтиром қоил буданд, ба қавли устодон китоб бояд аз сар боло ҷой дошта бошад. Дар фарҳанги мо панде аст, ки салом диҳанда як савоб мегирад, ҷавоб гӯянда 99 савоб ва ё ривояте аст, ки чанд тан аз рафиқон дӯсташонро интизор буданд, ки пири солхӯрдае аз роҳ мегузашт, ӯ аз мӯйсафед пеш нагузашта каме таъхир мекунад, рафиқон аз ӯ мепурсанд, ки «чаро дер кардӣ»? Дар посух мегӯяд: «Шарм доштам аз мӯйсафед пеш гузарам». Ана ҳамин коҳиш ёфтани одоб ва эҳтиром нагузоштан ба инсон дар ҷомеи имрӯзи мо, мояи нигаронист.
Манзуратон коҳиш ёфтани одоби ҷавонон аст, ё ?
- Бештар ҷавонон.
Оё гуфта метавонед, ки чи боис шуд, ки одобу рафтори ҷавонони мо имрӯз ба ин сатҳ расидааст?
- Пеш аз ҳама он чизе ки зеҳни касро хутур мекунад носолимии оила аст, яъне оилаҳои ҷудошуда. Ин бадбахтӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Аз фарҳанг дур будан, дар интихоби ҳамсар ба ҳарфи калонсолон гӯш надодан. Устовории оила аз занон бисёр вобаста аст. Вақте зан дарки комил надорад, ноилоҷии шавҳрашро намефаҳмад, пастиҳои зиндагиро таҳаммул карда наметавонад, хостаҳои зиёд дорад, мард аз ӯ иҷборан ҷудо мешавад. Яъне ҳамон мақоли мардумӣ, ки «Хок бар сар мекунад, зан мекунад, тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад».
Як асп арбоаашро мекашад, дар ҳоле тавони бардошти бори гаронро надорад, аспи дигаре ба он ҳамроҳ мекунанд, то мушкиле пеш наояд. Зан ҳам бояд дар қатори мард бошад, на чун як бетараф дар паҳлуи ӯ. Вақте оила пошмехӯрад, бори гарон ба дӯши зан меафтад. Бадбахтона занони бештар аз ин оилаҳо соҳиби касб нестанд ва бо азоби сангин дар паи ризқу рӯзӣ шуда, фарзандонаш аз тарбия дур мемонанд. Ин фарзанд сафи наврасони дар кӯча тарбия мегирифтаро зиёд мекунад.
Чӣ бояд кард то аз ин варта раҳо шавем?
- Дар тӯли асрҳову қарнҳо бисёр абёту андарзҳои пурмазмуне бузургони мо мерос гузоштанд ва дар ин маврид шояд гапи нав ҳам гуфта натавонам. Аз китобе хонда будам, ки; «Масъала «он чӣ дорӣ» нест. Масъала ин аст, ки : «Бо он чӣ дорӣ, чи кор мекунӣ»? Бояд бо хубаш шукр кунему ояндаро созем. Ва ба гуфтаҳои Ошо хулоса мекунам, ки гуфтааст: «Инсони огоҳ аз ҳар чизе ки воқеъ аст, чизи зебое месозад»
Шумо дар мавзӯи зан рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докторӣ анҷом дода, хуб огоҳед, ки зани тоҷик кӣ буд, чи роҳҳоеро тай кард ва имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар як суҳбат гуфта будам, ки мо бояд ҳайкали модари тоҷикро гузорем. Зеро дар давоми ҳазор солаҳои тохту тозу хунрезиҳо модари тоҷик забону фарзанди худашро ҳимоя кард. Бо араб омехта шуд, бо Искандару турку дигар аҷнабиҳо омехта шуд, лекин ба забони худ арҷ гузошта, онро ба фарзанди худ омӯхт, то аз байн наравад. Зани тоҷик аз Рӯдакӣ то Ҷомиву устод Айнӣ баринҳоро ба дунё овард,болонишин буд боз ба ҳамон асолати таърихии худ бармегардад.
Ҷаҳонишавӣ, зани муосирро дар назар доред ё дар сатҳи ҷаҳонӣ буданро?
- Зери мафҳуми муосир, бисёриҳо ҷаҳонӣ шудани занро дар он мебинанд, ки занҳои мо зери тақлиди занҳои мамолики мутарраққӣ бошанд. Манзури ман аз ҷаҳонӣ будан, тоҷикона ҷаҳонӣ шудан аст.
Яъне…
- Шумо бубинед, вақте як туркман саҳна ба мебарояд бе ягон тардид мо медонем, ки ӯ туркман аст, зеро ӯ ба гузаштаи худ тақлид намуда, ҷаҳонӣ шуда истодааст. Занони дигар миллатҳо низ. Имрӯз мебояд зани тоҷик ба асолати гузаштаи худ «ҷома»-и нав пӯшонад. Ба омӯзишу парвариш машғул гардида, аз анъанаҳову русуми миллии худ дур нашавад. Забонро донистану фарҳанги кишвари дигарро донистан ё тақлид кардан ба фарҳанги ғарб ҷаҳонишавӣ нест. Ҷаҳонишавӣ фарҳанги худро ҷаҳонӣ кардан аст.
Зан олиҳаест, ки дар зиндагӣ рисолати бузургеро ба уҳда дорад, аммо баъзе бехабарон ба қадраш намерасанд. Ривоят аст, ки; «Зане чанд нафареро маслиҳат медод. Ин лаҳза марди роҳғузаре сӯйи онҳо хитоб мекунад: «Аз насли зан паёмбаре нест, ба ҳарфи зан гӯш надиҳед». Зан ба даргоҳи Худо дуову илтиҷо мекунад, ки чи гуноҳ доштам, ки аз насли ман пайғомбар наофаридаӣ? Он вақт аз ғайб ин садоро мешунавад; «Эй модар, бирав осуда бош, ки ҳама пайғомбарон аз ту ба дунё омада, дар домони покат тарбия ёфтаанд»».
Орзуи Шумо…
Зан- модарони тоҷик ақлу маърифати воло дошта бошанд. То насли ба дунё овардаву дар домони поки онҳо ба воя расида, раҳнаварди роҳи ҳақиқат бошанд.
Ташаккур бароя суҳбати самимӣ.
Саломат бошед.
Суҳбаторо: Абдуҷалили Амон