Забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, баробари тамаддуни ҷаҳонӣ рушд менамояд. Забони адабии тоҷик решаҳои амиқ дар таърихи чандҳазорсолаи инсоният дорад. Китобҳои бузург ва мондагоре, ба мисли „Авасто“, „Шоҳнома“, „Девони Кабир“ ва „Маснавии маънавӣ“ бо ин забон нигошта шудаанд ва дар пешрафти тафаккур ва фарҳанги башар саҳми бузург доранд.
Илми забоншиносӣ забонҳои дунёро ба оилаҳое чун оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, туркӣ ва ғайраҳо ҷудо менамояд. Ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва ҳиндуӣ дохил мешаванд. Ба оилаи забонҳои туркӣ забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ, тоторӣ, туркӣ, қирғизӣ ва туркманию озарӣ шомил мебошанд. Бо гузашти қарнҳо ҳанӯз дар ин забонҳо вожаҳоеро метавон мисол овард, ки пайдоиш ва истифодаи онҳо шабеҳи ҳаманд. Масалан, вожаи „модар“ ва „мом“-и забони тоҷикӣ дар русӣ дар шакли „мать“, ҳиндуӣ „ма“, дар забони олмонӣ „мутер“, дар англисӣ бошад, дар шакли „мазе“ истифода мегардад. Калимаи „бародар“ дар забони русӣ дар шакли „брать“, дар забони олмонӣ „брудер“, дар забони англисӣ дар шакли „бразе“ мавриди истифода қарор мегирад. Вожаи „падар“ дар забони олмонӣ дар шакли „фатер“ ва дар англисӣ „фазе“ садо медиҳад. Дар оилаи забонҳои туркӣ низ калимаҳои зиёде мавҷуданд, ки бо тағйироти хурде дар забонҳои ӯзбекӣ, тоторӣ, озарӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва қирғизӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Забоншиносон таърихи забони адабии тоҷикро ба се давра: қадим, паҳлавӣ ва забони адабии нав қисмат намудаанд ва он таърихи чандҳазорсолаи тамаддуни моро фаро мегирад. Агар забони давраи қадим дар ёдгориҳои таърихӣ, зарфҳо ва тангаҳои қуруни 4-и қабл аз мелод дида шавад, забони паҳлавӣ аз худ нишонаҳои зиёде боқӣ гузоштааст. „Навиштаҳои Кӯҳи Бесутун“, „Ёдгории Зарирон“ ва боз чандин асарҳои дигар бо ин забон иншо шудаву то имрӯз ҳифз гардидаанд. Забони паҳлавӣ дар замони салтанати сулолаи Сосониён хеле рушд намуд.
Айни замон аҳолии дунё бо 5 ҳазор забон
сухан гуфта, аз 65 хел алифбо истифода мебаранд.
Нишонаҳои забони адабии нави тоҷик тақрибан дар асри 8-9 ошкор мешаванд ва намояндагони барҷастаи ин давраро метавон дар симои устодони назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ дид. Забони адабии тоҷик дар асрҳои 9 ва 10 на танҳо шакл гирифт, балки аз баракати забондонӣ ва суханшиносии чунин адибон хеле густариш ёфт.
Як ҷанбаи нек ва қобили таваҷҷуҳ дар ин давра он аст, ки суханварони мо талош намудаанд, аз вожаву ибораҳои сирф тоҷикона истифода баранд. Намунаи барҷастаи ин гуфтаҳо „Шоҳнома“ -и Фирдавсӣ мебошад, ки бо гузашти садсолаҳо ҳанӯз ҳам аз нахустин авроқ дили хонандаро тасхир менамояд ва муҳаққиқи жарфбин дар суханварии шоири тавоно мафтун мегардад. Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ ибораву ташбеҳоте мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки онҳо ба истилоҳ аз миёни мардум баромадаанд ва новобаста ба сатҳи дониш хонанда маънии абёти шоирро мефаҳмад. Ин ду ҷанба забони адабии тоҷикро дар он замон хеле пешрафта намуда, ба мардум наздик кард.
Бо гузашти қарнҳо меъёри забони адабии тоҷик ба тадриҷ тағйир ёфт. Азбаски забон яке аз авомили муҳими давлатдорӣ ва тиҷорат маҳсуб меёбад, бо ташаккул ёфтани кишварҳои форсзабон, доду гирифти „забонӣ“ низ сурат мегирифт. Ба забони адабии тоҷик вожаҳои арабӣ, чинӣ ва туркӣ ворид мегардиданд. Азбаски алифбои тоҷикӣ арабиасос маҳсуб меёфт, дар қарнҳои 11- 19 асосан асарҳои илмӣ ба забони арабӣ ва осори бадеӣ ба забони ширину ноби тоҷикӣ иншо мешуданд. Новобаста ба ин, дар эҷоди шуаро ва донишмандони тоҷики ин давраҳо истифодаи калимаҳои арабӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар қарни 19 забони адабии тоҷик барои мардуми одӣ хеле мушкилфаҳм гардид.
Хусусияти сухангӯйии инсон 45 ҳазор сол
қабл аз замони мо ба вуҷуд омадааст.
Дар нимаи аввали асри 20 таҳав-вулоти ҷиддии сиёсӣ сурат гирифт. Бо мустаҳкам гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ неруҳои пантуркистӣ аз зиндонҳои Русия озод гардида, фаъолияти худро дар ин кишварҳо ба таври густурда ба роҳ монданд ва он хатари ҷиддиеро эҷод намуд. Ин гурӯҳҳо то сатҳи олии роҳбарияти кишвар роҳ ёфта, талош мекарданд асолати таърихии забони адабии тоҷикро инкор созанд. Пантуркистон даъво пеш меоварданд, ки миллате бо номи тоҷик вуҷуд надошта, ақвоми кӯчаке дар ин минтақа забони аслии худ, яъне туркиро фаромӯш намуда, бо забони форсӣ ҳарф мезанад. Чунин даъво корро ба ҷойе кашид, ки Тоҷикистонро роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 20 - ум танҳо ба унвони ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон шинохт. Заҳматҳои рӯшанфикрон ва донишмандон тайи солҳо ба инобат гирифта шуд ва соли 1929 Тоҷикистон ба унвони ҷумҳурии мустақил шинохта гардид. Устод Садриддин Айнӣ бо эҷоди асаре таҳти унвони „Таърихи адабиёти тоҷик“ тавонист исбот намояд, ки миллати тоҷик тӯли қарнҳо вуҷуд дошт ва забони адабии тоҷик дар рушди тамаддуни на танҳо кишварҳои Осиёи Миёна, балки инсоният низ нақши босазо дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар ин давра пеш омад, меъёри пазироии забони адабии тоҷик буд. Гурӯҳе аз олимони забоншинос даъво мекарданд, ки меъёри аслии забони адабии тоҷик бояд забони классикӣ дониста шавад. Гурӯҳе шеваҳои бархе аз маҳалҳоро ба унвони меъёр пешниҳод месохтанд. Новобаста ба ихтилофи назарҳо забони адабии тоҷик дар қарни 20 –ум арзи вуҷуд намуд, аммо ба андозае содашавии забон дар рушди он монеа эҷод кард. Намунаи барҷастаи забони адабии тоҷики асри 20-ро метавон дар эҷодиёти устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадов, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр ва боз даҳҳо адибони дигар дид.
Агар дар қарнҳои 15–19 дар забони тоҷикӣ калимаҳои арабӣ ва туркӣ мавқеъ ёфта бошанд, дар адабиёт ва забони коргузории асри 20 таъсири забони русӣ зиёд мушоҳида мегардад. Азбаски тамоми ҷумҳуриҳо аз марказ, яъне Маскав идора мешуданд, забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо пазируфта гардид. Ба тадриҷ ин забон мавқеи забонҳои дигарро дар ҳудуди шӯравӣ танг сохт ва худ ба унвони забони давлатӣ дар аксари ҷамоҳири шӯравӣ мавриди истифода қарор гирифт. Кор ба ҷойе кашид, ки баъзе миллатҳои Осиёи Миёна дар мактабу идора ва хиёбон ва ҳат-то дар хона байни ҳам бо забони русӣ гуфтугӯ мекарданд. Дар матбуот ва адабиёт аз русҳо ба унвони бародари калонӣ ном мебурданд. Хушбахтона, дар замони шӯравӣ забони адабии тоҷик ҳамвора рушд мекард, омӯзиши он дар мактабу донишгоҳҳо ба таври густурда ба роҳ монда шуда буд. Адибону донишмандони тоҷик дар баробари забони русӣ бо забони модарии худ асарҳо эҷод менамуданд.
Охири солҳои 80 -ум ва ибтидои солҳои 90 дар Иттиҳоди Шӯравӣ бозсозӣ шуруъ гардид ва дар баробари бознигарӣ ба аксар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дурнамои рушди забони адабии тоҷик низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Тайи ин солҳо дар мактабҳои миёнаи умумӣ омӯзиши хати арабиасоси тоҷикӣ ба роҳ монда шуд ва вақте пайки истиқлол ба ҷумҳуриҳо расид, дар Тоҷикистон ба забони адабии тоҷик унвони забони давлатӣ дода шуд. Ба ибораи Давлатбек Хоҷаев, профессори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар баробари истиқлолият касб намудани Тоҷикистон забони тоҷикӣ низ истиқлолияти воқеӣ ёфт ва он барои рушди минбаъдаи забон шароити мувофиқ таҳия намуд. Имрӯз дар тамоми идораву вазоратхонаҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ ба забони адабии тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, тадрис дар макотибу донишгоҳҳои кишвар низ бо ин забон сурат мегирад. Вазорати фарҳанг низ тарҷума ва намоиши филмҳои хориҷиро ба забони адабии тоҷик ба роҳ мондааст. Бо касб намудани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ шаҳодатномаҳо ва шиносномаҳо ба забони давлатӣ ва тарзи суннатӣ таҳия мегарданд. Умед аст, ки бо таҳияи имлои нави забони адабии тоҷик мавқеи он на танҳо дар адабиёти хаттӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, балки дар сомонаҳои интернетӣ низ устувор хоҳад гашт ва наслҳои минбаъда низ мисли аҷдод аз забони ноби тоҷикӣ насиб хоҳанд бардошт ва дар пешрафти он саҳми арзанда мегузоранд. Ба қавли шоири саршинос Бозор Собир то рӯзе, ки забони тоҷикӣ арзи вуҷуд дорад, фарҳангу тамаддуни мо побарҷост:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик
Забони тоҷик аст,
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондон аст, бисёр аст ӯ…
Эмомалӣ Сайидамирзод