Боир Саидов,
муовини раиси ҳайати мудирияи гурӯҳи саноатии Русия „Азбестнефтестрой“ ва мудирияти бахши эронӣ дар Теҳрон
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Ба назари ман, барои интихоби ҳирфа миёни занону мардон фарқе набояд бошад, магар ин ки занонро аз корҳои сангин ва зараровар ҷилавгирӣ кунем. Зеро занон бузургтарин рисолатро бар дӯш доранд, рисолати модар буданро. Ин рисолат болотар аз ҳамаи ҳирфаҳост. Касб ва фаъолияти иҷтимоӣ аз маҳорат ва интихоби занҳо бастагӣ дорад. Маъмулан, агар соҳаи гуманитарӣ бошад, хубтар аст. Аммо барои интихоби пеша ё ҳирфа миёни марду зан тафовути чандоне намебинам. Ин бастагӣ ба истеъдод ва салиқаи инсонҳост. Барои касе пизишк будан хуб асту барои дигарӣ муаллим, сеюмӣ хабарнигору чаҳорумӣ наққош ва ғайра.Чаро бархе дар соҳае муваффақ намешаванд? Зеро ҳар кас бояд пешаеро интихоб кунад, ки онро дӯст дорад ва бо он зиндагӣ кунад!
Умаралии Сафаралӣ,
котиби масъули ҳафтаномаи „Ҷавонони Тоҷикистон“
Фикр мекунам, ҷудо кардани кадом касбе барои бонувон дуруст нест. Зан ҳам одам аст ва метавонад дар ҳамаи соҳаҳо кор карда, обрӯй пайдо намояд. Хушбахтона, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо бонувон кор мекунанд ва фаъол ҳам ҳастанд. Намунаи олиаш варзишгар Мавзуна Чориева мебошад, ки дар бокс медали олимпӣ ба даст овард. На танҳо обрӯйи худаш, балки обрӯйи Тоҷикистонро баланд кард. Ҳол он ки бисёриҳо ин намуди варзишро хоси мардон мегӯянд. Имрӯз бонувони мо нақлиёти ҷамъиятиро уҳда мекунанд, корҳои кишоварзӣ бар дӯши онҳост, сардори хоҷагӣ ҳастанд, муовини раис, раиси ноҳия ва ҳатто дар баъзе кишварҳо президент мебошанд. Яъне, имрӯз бонувон дар баробари мардон кор ва фаъолият мекунанд, дар баъзе маврид беҳтар аз онҳо.
Абдуфаттоҳ Шарифзода,
профессор
Занон дар ҳар вазифаву мақомоте, ки кор кунанд, корро баобрӯ мегардонанд. Аз назари ман, агар занон ба омӯзгорӣ, табибӣ ва тарҷумонӣ шуғл варзанд, барои оромиву осудагии хонавода ва тарбияи фарзандашон фоидаовар аст. Омӯзгор дар тамоми давру замон касби аз ҳама баобрӯй ва боэҳтиром буд ва мемонад. Духтур низ касби хуб аст, зеро занон ҳеҷ набошад фарзандонашонро солим тарбия мекунанд.
Орзуи Хатлонӣ,
журналист
Касбҳои нармафзоӣ (программист), муҳандисӣ (муҳовиротӣ) ва ҳатман забондонӣ. Бештар забонҳои англисиву чинӣ дар ҷомеа ҷойгоҳ доранд. Зан ба ҳар касбе содиқ бошаду онро дӯст дорад, барояш обрӯю нуфузи зиёд меорад. Ҳар зане корашро хуб анҷом диҳад, барӯманд мешавад. Зани ҷангалбонро дидаам, ки пешааш ба ӯ обру овардааст, деҳқонро медонам, ки дар чандин кишварҳо аз номи бонувони тоҷик суҳбат кардааст, раққосаеро мешиносам, ки 80 сол рақсидаасту муваффақ шудааст. Бонуи дигареро дидам, ки донандаи хуби забони англисист, вале бо ҳирфаи асалпарварӣ маъруф аст. Ин рӯйхатро метавон идома дод. Ин гуна занон дар вилояти Хатлон зиёданд ва ман онҳоро бо мансабу касбашон қиёс карда наметавонам.
Парвиз Шарифов,
коршиноси масоили иқтисодӣ
Занонро ба мисли мардон касбу корҳои гуногун писанд ва мувофиқ аст. Беҳтар аст корҳоеро анҷом диҳанд, ки дар дафтари корӣ сурат бигирад, мисли дӯзандагӣ, муҳосибӣ, мураббӣ, коргузорӣ, муҳаққиқӣ. Инҳо касбҳое ҳастанд, ки нозукӣ ва бодиққат буданро талаб мекунанд, ки хоси занҳост. Дар ҳар сурат ба бонувон маслиҳат медиҳам дар интихоби масири ҳаётӣ иштибоҳ накунанд. Чун асри ХХ1 марҳилаи рушди технологияи инсоният аст.
Азиз Хайруллоев,
мутахассиси соҳаи реклама ва PR
Фикр мекунам занҳо нисбат ба мардҳо бомаҳорат, ором ва ҳамоҳангтар ҳастанд. Барои ҳамин сифати кори онҳо хубу муассир ва дар кӯтоҳтарин вақт анҷомёбанда аст. Имрӯз занон ба тиҷорат машғуланд. Ин моро хушҳол мегардонад. Мехоҳам бонувонро бештар дар риштаи соҳибкорӣ ва сиёсат бубинам, ҳарчанд мегӯянд сиёсат кори занона нест. Аммо занҳо табиатан савдогаранду ҳамаи паҳлуҳои соҳибкориро хуб баладанд. Сиёсату соҳибкорӣ ҳарду дар симои зан ҳаст.
Исфандиёри Назар,
сармуҳаррири ҳафтаномаи „Дишидак“
Обрӯйи касб ё вазифа аз инсони кордон вобаста аст, фарқ намекунад зан бошад ё мард. Яъне инсон аст, ки касберо, мансаберо бо донишу кордонияш нуфузу обрӯ мебахшад. Як шахси корнодону бедониш бо нишастан дар курсии вазорате наметавонад онро обрӯ диҳад. Барои занон ҳамаи он корҳое, ки дар тавони онҳосту аз уҳдаи анҷомаш мебароянд, шарофат дорад. Корҳои судягӣ, омӯзгорӣ ва табибӣ барои занон беҳтаринанд.
Меҳр Собириён,
иқтисоддон
Боиси хушнудист, ки имрӯз қариб дар ҳама соҳаҳо бонувон фаъолият доранд. Бештар дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, савдо, хизматрасонӣ ва соҳаи бонкдорӣ бонувон ҷалб шудаанд. Фикр мекунам имрӯз дар Тоҷикистон аз ҳама касби бообрӯй табибист ва дар ҷойи аввал меистад.
Баъдан касби омӯзгорӣ ва хизматрасонии бонкӣ аз нуфузи бештар бархурдор аст.
Таҳияи Раҳимаи Аъзам