Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо фаъолони вилояту шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат дар бораи саноати маҳаллӣ сухан гуфта, ҳатман оиди мавҷуд будани имконияти дар маҳалҳо дӯхтани сару либоси мактабӣ истода мегузаранд. Ин ишораи Президенти кишварро ба эътибор гирифта дар се-чор соли охир дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар роҳбарони корхона ва сехҳои дӯзандагӣ ба иҷрои чунин як кори барои худашон ва ҳам барои падару модарон муфид камар бастанд ва то ҷойе муваффақ низ шуданд. Вале бо вуҷуди дар пойтахти мамлакат мавҷуд будани Корхонаи нассоҷии тоҷик, „Ёқут - 2000“, „Гулистон“… ва дар маркази вилоятҳо низ фаъолият доштани корхонаҳои хурду миёнаи дӯзандагӣ аз мушоҳидаҳоямон дар мавсими имсолаи омодагии мактаббачаҳо ба соли хониш бобати бо сару либоси ягона таъмин шудани онҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳанӯз ҳам ин корхонаҳо талаботи падару модарон ва маорифчиёни моро қонеъ гардонда наметавонанд.
Ҳарчанд шумораи корхонаву нуқтаҳои дӯзандагии хусусӣ дар марказҳои ноҳияҳо ва ҳатто дар деҳкадаҳо афзоиш ёбад ҳам, масъалаи мазкур ҳалли мусбати худро наёфтааст. Сабаб чист?
Дар яке аз вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Афзал низ аз супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оиди бо сару либоси мактабии худӣ таъмин намудани хонандагон ёдовар шуда, ба раиси ноҳия ва раисони шаҳраку деҳот супориш дод, ки фаъолияти корхонаҳои дӯзандагиро дар бобати ҳалли масъалаи мазкур ҷоннок намоянд. Бо вуҷуди ин масъала ҳалли пурраи худро намеёбад.
Дар минтақа яке аз корхонаҳои дӯзандагии як вақтҳо овозадор фабрикаи „Фирӯза“-и шаҳри Кӯлоб аст, ки имрӯз фаъолияташ мувофиқи талаб нест. Ба андешаи Сайрамбӣ Саломова нуқс дар шумораи корхонаву сехҳо нест, балки дар нарасидани чеварони моҳири касбист. Имрӯз дӯзандаҳои моҳир ангуштшуморанд.
Тавре аз мушоҳидаҳо аён гардид, қариб дар ҳама ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дӯзандаҳои моҳири касбӣ намерасанд. Дар ноҳияи Данғара сехи калони дӯзандагӣ таҷдид гардид. Касбомӯзии чеварони маҳаллиро дар ин ҷо мураббиёни корхонаи машҳури „Ёқут - 2000“ ба уҳда гирифтанд, вале натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад. Дар ноҳияи Фархор, ки ба ақидаи масъулини раёсати маорифи минтақа дар ин бобат пешсаф аст, то 10 август коргарони сехи дӯзандагии муваффақи он - „Насима“ бо дархости роҳбарони мактабҳо ҳамагӣ 50 ҷуфт либоси мактабӣ дӯхтанду халос. Тавре масъули кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳия Ф. Абдуллоева иттилоъ дод, дар ин ноҳия ҶДММ „Само“ ва сехи дӯзандагии Ҷамоати деҳоти „Гулистон“ низ бо дархости масъулини маориф ва падару модарон ба дӯхтани сару либоси мактабӣ машғуланд.
Танҳо дар Темурмалик ба гуфти Рухшона Шарифова, муовини раиси ноҳия, бо қувваи чеварони сехи дӯзандагии Кангурт сару либоси мактабии хонандагони гимназияи давлатии ноҳия пурра омода шудааст.
Аз мушоҳидаҳо ба чунин натиҷа расидан мумкин аст: дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар тамоми қаламрави кишвар ин масъала ҳалли пурраи худро ба шарте меёбад, ки Вазорати маориф намунаи тасдиқшуда, ҳатмӣ ва ягонаи сару либоси мактабиро муқаррар намуда, дар мактабҳои олӣ ва махсуси касбӣ омода сохтани мутахассисонро ба роҳ монад. Ҳама сола бо корхонаҳои дӯзандагӣ дар тамоми манотиқи кишвар шартномаи ҳамкорӣ бандад. Корхонаҳои интихобшуда кафолати сифати маҳсулоти худро мувофиқи ин шартнома ба зимма гиранд. Дар ин сурат метавонем аз маҳсулоти гарони истеҳсоли хориҷӣ даст кашида, ҳам ба манфиати саноати кишвар ва ҳам ба манфиати мардуми кишварамон дар ин масъалаи муҳим муваффақ гардем.
Билоли Шамс