Рисолати инсон дар зиндагӣ зистан, офаридан ва аз худ меросе ва ё нақше боқӣ гузоштан аст. Мерос фарзандон ҳастанд, нақш-ободӣ, созандагӣ ва тарбияи насл аст, аммо дар ҳама давру замонҳо ҳамин рисолат олудаи ихтилофу ноҷӯриҳо будааст ва ҳаст. Дар қиболи рисолати азалӣ боз масъулият ҳаст, ки донистану анҷом додани он ана ҳамин олудагиҳоро пок месозад, вале на ҳама бархурдоранд аз рисолату масъулияти хеш назди виҷдону имони худ. Ин буд, ки ихтилофу ноҷӯриҳо аз остонаи хонаводагӣ ба кӯчаҳо роҳ ёфтанд ва ҷомеаро олудаи ноҷӯриҳо сохтанд. Пас, ба ин ҳама кӣ посух мегӯяду масъулияташро ба дӯш мегирад? Модоме манбаъ оила бошад, пас гунаҳкору ҷавобгару масъул волидонанд. То ин замон ва фурсат масъалаи матраҳ аз нигоҳи фарҳангу маърифати хонаводагӣ дар доираи маҳдуди як гурӯҳ мустақилона хоҳаму нохоҳам ҳар гуна таҳлил ва тадбир мешуд, аммо нашуд, зеро ҷиддият, масъулият ва ҳукми ягонаи сомондиҳанда набуд. Пас, зарур омад, ки ҳама уҳдадорию масъулияти сарварони хонавода дар масири таълиму тарбия ва камолоти ахлоқию маънавии наслашон тариқи санаде танзим гардад, зеро нашуд, ки меъёру андозаи тарбия аз рӯйи принсипи анъанаю суннатҳои ҷомеаи анъанавӣ боз идома ёбад. Ахлоқ, муошират,рафтор ва андешаҳо ҳам олудаи зуҳуроти номатлуб гаштанд. Ин хатари коҳиш ёфтани пояҳои оиладорӣ, фарҳангу ахлоқи миллӣ, расму оинҳои мардумӣ ва билохира, рисолати волидонро зиёд намуд. Қабули як санади ҳуқуқӣ дар мисоли Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ин раванд нукта гузошт ва равзанаи дигареро дар масири шинохти масъулияту уҳдадориҳои волидон боз намуд. Воқеан, санад саривақтӣ ва муҳиму муфид буд ва ҳаст, аммо боз ҳам татбиқи он имрӯз зери савол мондааст. Гӯё, ки мо ҳама ғуломи ин қонун шудем ва гӯшу ҳуш гаштем ба он. Боз аммо, ки ин ҳама назарфиребӣ будааст.Ҷойе вақте аз қонуншиканиҳои фарзандон ба волидон арз мебарем, эшон китф дар ҳам мекашанд, ки намедонистанд ва ё хашмгин мешаванд,ки кори касе набошад ба фарзандони онҳо. Таассуф аст, ки имрӯз баъзеҳо ба рӯй ниқоб кашида симои аслии худро пинҳон медоранд ва бо ин амали хеш боз роҳи хаторавиҳоро ба фарзандони гарданшаху бадахлоқашон тоза месозанд. Оё метавон дар ин мавридҳо аз фарҳанги хонаводагӣ ва масъулияти волидон сухан гуфт? Баъзан ба саволи «Чаро кӯдакон душвортарбия мешаванд?» посух меҷӯем паси дарҳои пӯшида ва аз остонаи манзил бурун дар маҳфилу нишастҳо ва ишора мекунему далел меорем омилҳои зиёдро, аммо боре худро дар меҳвари ин ҳама ноҷӯриҳо намегузорем. Шояд иқрор шудан, ки аслан худи мо айбдор ҳастем, душвор аст! Ҳама гуноҳу савобро ба гардани дигарону замона бор мекунем, ки айб дар мо несту дар ин замона аст! Замона айбдор нест, танбаливу бетадбирии мост, ки бо замона намесозему ҳамқадаму ҳамнафаси он нестем. Агар чунин нест, пас чаро қонунро риоя намекунему рисолату масъулияти худро дар таълиму тарбияи фарзандон намешиносем ва анҷом намедиҳем? Мо магар танҳо рисолати биологии худро чун падару модар эътироф мекунему рисолати маънавии худро аз ин мавқеъ нодида мегирем? Ана ин аст иштибоҳи бархе аз волидон, ки дар таълиму тарбияи насли худ оҷизу дасткӯтоҳанд, зеро эшон аз нигоҳи масъулият ва уҳдадорӣ коста ҳастанд ва ҳатто талош барои ислоҳи камбудии худ надоранд. Ва ин замону вақт, ки қонун чун санади танзимкунандаи меъёри ахлоқ, тарбия, таълим ва маърифати хонаводагӣ ҳукм меронад, хоҳу нохоҳ ҳама назди он ҷавоб хоҳем дод. Мегӯянд, ки он вақт инсон озод аст, вақте ғуломи қонун бошад. Воқеан, агар дар дилхоҳ ҷомеа меъёру андозаи рафтору гуфтор, нақшаю ниятҳо ва дигар хостаҳои инсон дар чаҳорчӯбаи талаботи давру замон ба танзим наоянд, нобасомониҳо хуруҷ хоҳанд кард ва паёмадҳои баде ҳам ба бор хоҳанд овард. Зуҳури авбошию қонуншиканиҳо миёни баъзе ноболиғон, фарзандони хонаводаҳои рисолатнашинохта паёмадҳои ҳамин гуна мавқеъ ҳастанд. Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» самтҳои асосии масъулияту уҳдадориҳои волидонро возеҳ баррасӣ кардааст ва риояю татбиқи онҳо ҳатмианд.Пас, боз чаро дар ҳошияи ин ҳама меъёрҳо ва чаҳорчӯбаи қонун бонг мезанем, ки: «Чаро ин хел асту чаро он хел?» Агар санад барои ин зумра мардумон меъёр набошад, пас, ба гуфтори бузургони аҳди бостон чӣ посухе медода бошанд, ки фармудаанд:
«Беҳтарин меросе, ки падарон ба фарзандон боқӣ мегузоранд, АДАБ аст!»
«Бонувони Тоҷикистон»