Суруди фаришта
Ривоятест, ки фарзанди инсон пеш аз ба дунё омаданаш, назди Худованди мутаол рафта мегӯяд: „Офаридгорам, маро як пораи гӯшт халқ кардаӣ, ки наметавонам барои дифои худам коре бикунам. Акнун муҳлати ба он дунёи ношинос рафтанам расидааст, бигӯ, чӣ кор хоҳам кард?“ Худованд фарзанди одамро тасалло дода мегӯяд, ки ту ғам махӯр, дар он дунё туро бо амри ман фариштае ҳамроҳӣ мекунад, ки болотар аз ҳама дӯстат хоҳад дошт, ғамхору мададгорат шуда, ба гӯшат таронаи „Алла“ хоҳад хонд…
Хонандаи азиз, аллакай дарк намуд, ки он фаришта МОДАР аст! Азбаски тавсифи хизматҳои гаронмояи модарро бисёриҳо волотар аз мо кардаанд, ҳадаф аз ин навиштаҳо имрӯз танҳо суруди руҳнавози ин фариштаи тақдири мо, „алла“ мебошад. Суруди аввалине, ки бо шаҳди навозишу меҳрубонӣ ба зеҳни мо мерезад, „алла“-и модар аст, ки онро то дами сар ба болини марг мондан, фаромӯш нахоҳем кард. Лолоии модар дар ҳама халқу миллатҳо вуҷуд дорад, ҳарчанд он сари гаҳвораи тифлон бо забонҳои гуногун садо диҳад ҳам, як мазмун дорад: ба ИНСОН шудан даъват намудани одами хурдакаке, ки беғаму бепарво дар гаҳвораи ноз хобидааст. Суруди „алла“ дар сари гаҳвораи тифли бегуноҳ роз гуфтан бо Худованди меҳрубон аст, аммо аз рӯйи мушоҳидаҳо мегӯям, ки имрӯз модарони ҷавон ин анъанаи аҷдодиро, ки як рукни муҳими тарбия аст, хеле кам иҷро мекунанд. Шояд як омили коста шудани ахлоқи наврасону ҷавонон низ ҳамин бошад?
Биҳишти кӯдак
Домони модар аввалин дабистони кӯдак аст ва оянда чӣ гуна тарбия ёфтани ӯ маҳз аз ҳамин дабистон, ки мо баъди ба камол расидан онро бо ҳасрат ёд мекунем, сарчашма мегирад. Бедил бо ҳама он шаҳомати осмонӣ, ки ба қавли худаш хайма ба сарои моҳу ахтарҳо зада буд, айёми тифлии хешро ба ёд оварда ҳасрат кардааст:
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем…
Модарони моро зарур аст, ки аз биҳишти домони сабз ва суруди руҳафзои „алла“ тифлакони худро бенасиб нагардонанд. Зеро дар ташаккули шахсияти онҳо ва инсони комил ба воя расиданашон, нақши носутурдание дорад. Агар шумо мушоҳида карда бошед, вақте тифл ғаш мекунаду норозӣ аз атрофиён домони гиряро сар намедиҳад, як бор бо овози маҳин „аллаё, аллаё, ширини оча, аллаё“-гуфтани модар ё бибӣ кофист, ки дар лабони нозукаш ханда шукуфад. Сеҳри суруди биҳиштии модар низ дар ҳамин аст, охир модар бо „алла“-и худ аз Худо барои тифлакаш умри дароз, сиҳатӣ, имони комил, одами оқил шудан, пайрави ниёгони бузурги худ буданро орзу мекунад. Дар мағзи нозуки кӯдак бошад ин орзуҳои модар нақш мегарданд ва тифлаке, ки зери садои ин суруди руҳнавоз ба воя расидааст, ҳеҷ гоҳ ба кори зиште даст намезанад. Мекӯшад фариштаи тақдирашро ба ҳама орзуҳои дилаш расонад. Агар „алла“-и модар ангезаҳои муъҷизавӣ намедошт, устод Лоиқ Шералӣ бо табъи дарёӣ намегуфт:
Гар шеъраке сурудам, аз буду аз набудаш,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар…
Ман ба расму оини ниёгон меҳри вижа дораму маъракаи гаҳворабандонро барои он дӯст медорам, ки аз он бӯйи деҳа ва зиндагии нав меояд. Ҳарчанд дар шаҳр ин маърака чандин паҳлуҳои тарбиявияшро гум карда, ба як маъракаи хӯрдану нӯшидан ва намоиш табдил ёфтааст, барои наранҷонидани хотири ёру ошно дар он ширкат мекунам. Чанде пеш дар як маъракаи гаҳворабандон ширкат доштам, тарафи модари ҷавон бо ифтихор ҷиҳози барои нахустнабераашон таҳия намударо ба меҳмонон нишон медод. Ман низ мисли меҳмонони дигар рафти „намоиш“-ро назора доштам, вале як лаҳзаи ин „чорабинӣ“ табъамро хира сохт. Бибии модарии тифли навзод катчаи хитоиеро ба маърази тамошои ҳозирин гузошта, сифатҳои онро як-як ба аҳли нишаст мегуфт: –онро ба ҷараёни барқ пайваст мекунию коратро анҷом медиҳӣ, боз ба кӯдак алла ҳам мегӯяд. Зан тугмачаеро пахш намуд ва он ҷо суруди хитоие баланд шуд…
Ногуфта намонад, ки аксари зочаҳо ва баъзе аробачаҳои барои сайри кӯдакон пешбинӣ шуда ҳам, бо забони хитоӣ суруд мехонанд. Гумони ғолиб он аст, ки ҳар фарди соҳибмаърифат, „нимкосаи зери коса“-ро мефаҳмад. Наход ба гӯши тифли тоҷик хитоӣ суруди „алла“ хонад? Муқаддастарин ҷиҳоз дар ҳар хона гаҳвораи чӯбини бобоӣ аст, ки дар он фарзандони як авлод ба воя мерасанд. Ин чизи одӣ нест, ба ин восита байни хешу таборон риштаи меҳру вафо мустаҳкамтар мегардад. Модари тоҷик новобаста аз он ки дар кадом идора ифои вазифа мекунад, бояд ба гӯши тифлакаш бо лаҳни шевои шакарини тоҷикӣ „алла“ гӯяд. Ибораи забони модарӣ низ аз ҳамин пайдо шудааст. Тифл аз рӯзҳои аввалин аз модар бо ин забони ширин навозишу меҳрубонӣ мешунавад.
Китоб, нон ва корд…
Хушбахтона дар деҳот анъанаҳои куҳан ҷо доранду мардум, хусусан занони солрафта сарварии ин гуна маъракаҳоро ба зимма доранд. Гаҳворабандон асосан баъди як ҳафтаи ба дунё омадани кӯдак баргузор мегардад, кампиракони солхӯрдаи деҳа гаҳвораи оростаю перостаро ба назди меҳмонони даъватшуда гузошта, тифлаки парпечро меоранд. Бонуи таҷрибаи зиндагӣ дида парпечи тифлро кушода, барои ширин шудани рӯзгор ба коми кӯдак асал мемолад ва худаш низ даҳон ширин мекунад. Баъд бо хондани сураҳои Қуръони маҷид тифлакро ба гаҳвора мебандаду ба зери сараш китоб, аз ҷумла Қуръон, „Девони Ҳофиз“ ё „Девони Бедил“, пораи нон ва корд мегузорад, ки рамзҳои гуногун доранд. Мардуми тоҷик аз азал хирадманду аҳли китоб ва лавҳу қалам буданд, китоб рамзи савод ва раҳоӣ аз зулмат, нон рамзи шукрона аз неъматҳои илоҳӣ ва корд силоҳ бар зидди бадиҳои дунё аст. Пас, биёед ин анъанаҳои накӯи ниёгони бофарҳанги хешро аз нав эҳё мекунему фарзандони шоистаи давру замонро ба воя мерасонем!