Рустам Шоазимов - саркоргардони студияи „М.К“
Зан бояд истиқлолияти молӣ дошта бошад. Аммо, ба шарте ки зани босавод бошад, озодии молиро ба дигар маънӣ нафаҳмад ва урфу одатро вайрон накунад, теша ба решаи оила назанад. Зеро ӯ мушкилоти зиёд дорад, масъалаи гигиена, тарбияи фарзанд…
Вақте мо занро гул мегӯем, бояд ӯро парвариш кунем. На танҳо озодии молӣ дошта бошад. Ҳар моҳ аз тарафи ҳукумати кишвар ё мардҳо 50–60 сомонӣ барои занҳо ҷудо шавад. Масалан ҳар моҳ аз мардҳо барои занҳои ниёзманд, як маблағи муайян нафақа ҷудо карда шавад. Зеро он зан, модари тоҷик аст. Мо мардҳо бояд бикӯшем, ки зан нозанин бошад. Мехоҳам ҳамсарам озодии молӣ дошта бошад, аммо ҳанӯз фарзандон хурданд ва ӯ машғули тарбияи онҳост.
Саъдии Юсуфӣ - коршиноси масоили динӣ
Аз назари динӣ мехоҳам ҷавоб диҳам, зеро ҷаҳонбиниям дар умум мазҳабист. Бубинед, аз лиҳози исломӣ ҳар зани мусулмон ҳаққи пурраи истиқлолияти молӣ доштанро дорад. Ва ҳеҷ шавҳаре ҳаққи тасарруф дар моли ҳамсараш бе иҷозаи ӯро надорад. Ба ибораи дигар, як зани мусулмон ҳаққи шаръии молу тиҷоратро дорад ва аз лиҳози динӣ ин моликияти муштарак ҳисобида намешавад. Ин танҳо моликияти зан аст. Дигар ин, ки дар ҷомеаи имрӯзии мо истиқлолияти молӣ барои як зан хеле масъалаи муҳим аст. Як духтари тоҷик бояд ҳамеша омодаи пул ёфтану истиқлолияти молӣ доштан бошад, албатта, аз роҳҳои шаръӣ ва ҳалол. Зеро бунёди оилаи тоҷик рӯ ба заъфу сустӣ овардааст ва табиист, ки дар аксари хонавайрониҳо осеби аз ҳама бештарро зан мебинад, на мард.
Абдулло Давлатов - пизишк
Агар ин савол аз ҳамон „тарбияи ҳолливудӣ“ пайдо шуда бошад, пас рахна задан ба институти оиладорӣ аст! Ҳоло ғарбиён иштибоҳҳои худро дарк карда, дар тарғиби арзишҳои оиладорӣ ҳастанд.
Баъдан, зани оиладор масъулияти дигаре дораду духтари бешавҳар дигар. Дар Ғарб як сафсатаи маъмулист: „Маро чунон қабул кун, ки ҳастам“! Яъне, духтар мехоҳад баъди шавҳар карданаш ҳам, „маҷнунаш“ бо ӯ чунон муносибат кунад, ки то арӯсиаш буд. Вале, равоншиносон пайваста ва бо таъкид мегӯянд: „Ҳеҷ имкон надорад, ки зан ё шавҳар чунин кунанд! Охир, вақте ду нафар якҷо набуданд, имконоти бештар доштанд. Аммо, чун баҳам омаданд, ҳар кадоме бояд ба якдигар гузашт кунад. Мард дигар наметавонад то субҳ ба тамошои футбол равад, зан ҳам наметавонад шабонарӯзӣ „лаби об пеши дугонааш“ бошад. Ҳар кадоме бояд як қисмати озодиашро (мустақилияташро) фидои дигарӣ кунад“. Истиқлолияти молӣ низ инро мехоҳад.
Занони озод барои ҳамин озоданд, ки мустақилияти пуливу молӣ доранд. Вале занҳои оиладор барои ҳамин оиладор ҳастанд, ки озодии худро қурбони оила ва шавҳару фарзанд кардаанд. Чуноне ки шавҳар озодии худро ба нигаҳдориву парастории зану фарзанд иваз кардааст.
Агар зан шавҳар дошта бошад, пас, мустақилияти на зану на шавҳарро дастгирӣ мекунам! Зеро дар оила бояд зану шавҳар чун ду нимаи як тан бошанд ва набояд чизеро аз ҳам пинҳону „мустақил“ доранд.
Вале, агар зан танҳо ва ё бо волидайнаш бошад, аллакай мустақилияти молӣ дорад.
Бахтиёр Ҳамдамов - сардабири ҳафтаномаи „Минбари халқ“
Истиқлолияти моддии зан дар замони муосир ҳатто аз истиқлоли молии мард муҳимтар аст. Чун зиёд мебинем, ки дар оилаҳои вайроншуда мард бо молу коло мемонаду зан бо кӯдаку ҳазор мушкилот…
Пас, волидайн бояд бештар дар фикри таҳсил ва ҳунаромӯзии духтарон бошанд, ки дар ҷомеа бештар осебпазиранд. Мо бояд аз менталитетамон, ки таҳсилу ҳунар танҳо барои мард ва хонанишиниву тарбияи кӯдак барои зан аст, даст кашем. Бонувони таҳсилдида ва соҳибҳунар ҳар оина побанди мардон намешаванд ва дар ҳоли истиқлоли моддӣ доштан метавонанд, ки алайҳи носозгориҳои рӯзгор устувор бошанд.
Султон Сафаров - нависанда
Марду зан вобастаи якдигаранд
Коиноти шавқро суратгаранд.
(Муҳаммад Иқбол)
Дар ниҳоди зану мард як ангезаву кашише нисбати ҳамдигар вуҷуд дорад. Ин ангеза сару сомондиҳандаи зиндагонии онон асту асоси низоми ҳастии инсон ва ҷомеаи башарӣ. Инсонҳо ҳама дар сояи ҳамкориву бастагӣ ва иртиботи ду ҷинс-зану мард ба дунё омадаанд. Ин нишонест аз вобаста будани зану мард.
Ин қоида ва низом бояд дар дигар бахшҳои зиндагии инсон, аз ҷумла иқтисод низ ҳукмрон бошад. Набояд зану мард дар мавриди ниёзҳову дастовардҳои пуливу молӣ иддаои мустақилият намоянд. Бояд ҳам мард ва ҳам зан дар сояи эътимоду эҳтиром нисбати ҳамдигар, ки кафили зиндагии хушбахтонаи онҳост, ба сар баранд. Ва ҳамин сармояву мол, ки василае барои идомаи ҳаёти инсон ва бақои оилаи онҳост, ҳамеша бояд ба ҳардуи онон мансуб бошад. Мустақилияти зан дар мавриди молу сарват дур аз мантиқ аст ва мухолиф бо қонунҳову низомҳои оиладорӣ. Оилаи хушбахт ва ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ танҳо дар партави ҳамин вобастагиҳои мутаносиби марду зан муяссар мешавад.
Таҳияи Раҳимаи Аъзам