„Мо на давлати атеистӣ сохтанӣ ҳастем ва на давлате, ки бо таассуби динӣ ва хурофот асос ёфта, чархи таърихро ба ақиб гардондан мехоҳад. Танҳо давлати ҳуқуқбунёди демократӣ бо ҳамзистии афкору ақидаҳои гуногун, дину мазҳабҳо ва озодии виҷдон шароит фароҳам оварда метавонад“.
Эмомалӣ Раҳмон
Сатри аврат чист?
Сатри аврат пӯшонидани мавзеъҳои бадан аз рӯйи аҳкоми шариат ва хасоили ҳамидаи инсонӣ аз назари ашхоси бегонаю номаҳрам аст. Бонувони муслима дар ҳама давру замон онро риоя мекарданд ва тарзе либос мепӯшанд, ки барои худи онҳо роҳат бошад. Ба гумони банда либосҳои миллии тоҷикӣ ягон халале ба зебоӣ ва андоми нозуки занон ворид намесозад, аммо солҳои охир баъзе дӯзандагону ба ном „моделерон“ дар дӯхтани либос ба ифрот раҳ додаанду бархе аз духтарон дар тарзи либоспӯшӣ аз сарҳади ченаку андоза гузаштаанд.
Почакандаҳои беостин
Мо дар даврони мураккаби ҷаҳонишавӣ ба сар мебарему суннатҳои пурарзиши фарҳангии ниёгонамонро бояд чун гавҳараки чашм азиз дорем. Либос низ як ҷузъи фарҳанг ба шумор меравад. Пас, чаро ин ҷузъи муҳими фарҳанги хешро нигаҳбон набошем? Имрӯз, вақте аз чакан куртачаи беостину аз атлас поҷома медӯзанду ҳунармандони ҷавони тоҷик пӯшида ба саҳна мебароянд, бисёр нохушоянд аст. Ба фикри мо, „моделерон“-и навбаромад бо ин „ҳунармандӣ“-яшон либоси миллии тоҷикиро таҳқир мекунанд.
Боре дар як маҳфил бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева шарафи ҳамнишинӣ муяссарам гашт ва чун сухан дар бораи либоси миллӣ рафт, муаллима бо дард гуфтанд, ки баъзе аз бонувони мо ҳиси зебоифаҳмӣ надоранд. Ҳатто баъзан санъаткорон ҳам бо сару либоси нозеб ба саҳна мебароянд. Инро дида ба хулосае меоям, ки ҷавонони мо ба омӯзиши фарҳанги либоспӯшӣ ниёз доранд. Шояд дар таълимгоҳу коргоҳҳо дарсҳои омӯзиши зебоифаҳмӣ ташкил карда шаванд, то ки меҳмонони кишвари мо тарзи либоспӯшии бонувонамонро дида ҳавас кунанду мо дар пеши эшон хиҷолат накашем.
Либос - ҷузъи фарҳанг
Бостоншиносон исбот кардаанд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар суннатҳои қадимаи миллии мо вуҷуд надошт. Дар ангораҳои аз даврони қадим дарёфтшуда бонуи тоҷик бо сатр тасвир нашудааст. Аммо зани шарқ чун тимсоли зебоӣ, боиффатию порсоӣ ва олиҳаи ҳусну меҳру вафо шинохта шуда буд. Занони кӯҳистони тоҷик, ки аслан хеле озодандешу мустақиланд, ҳамеша рӯймоли калони дока доштанд ва дар мавридҳои зарурӣ бо гӯшаи он чеҳраи худро аз назари ҳамсуҳбати ношинос панаҳ медоштанд. Хушбахтона, то имрӯз дар байни занони деҳот ин расм роиҷ аст.
Ҳиҷобпӯшии хандаовари бархе аз бонувонамонро дида аҷабам меояд. Дар тан шими ҷинси танг, куртаи аз он ҳам тангтар, ки аъзои баданро барҷаставу дағал намоён месозанд ва дар ҳамин гармии тобистон гирди сару гардан печонидани рӯмол… оё ҳамин аст риояи нигаҳдории иффату ҳаёи бонувона? Аз ин гуна „сатри аврат“ дида хубтар нест, ки сару либоси озодаву хушдӯхти миллии мардуми худамонро ба бар намоем, ки ҳам сатри аврат риоя шаваду ҳам ба ҷаҳониён фарҳанги волои либоспӯшии миллии худамонро нишон бидиҳем? Дар пӯшидани либоси аврупоӣ ҳам баъзе аз ҷавонбонувони мо зиёдаравӣ мекунанд.
Ҳиҷоб ё ниқоб?
Агар ба таърих муроҷиат намоем, дар оинаи он, дар қарнҳои мозӣ чеҳраҳои бонувони машҳуреро дар мисоли малика Томирис, малика Бухорхудот, аз ҷумлаи аҳли фарҳанг Робиаи Балхӣ, Зебуннисо, Дилшоди Барно ва дигаронро мебинем, ки рамзи озодӣ, далерӣ, шуҷоат ва маърифати баланди зани тоҷик буданд. Дар ягон ҷо ҳиҷобпӯшии онҳо зикр наёфтааст. Чи хуш, ки ҳатто дар ҳамон даврон гузаштагони мо сари масоили пурарзиши тақдири миллат андешида, ба хурофоту даъвоҳои мазҳабӣ барин андешаҳои авомона дода намешуданд. Ҳоло ки ҷаҳони мутамаддин ба сӯйи пешрафтҳои азими илмӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, технологӣ ва кашфиётҳои кайҳонӣ талош меварзад, сари пӯшидани ҳиҷоб баҳсу мунозира кардани мо айб аст. Зани имрӯз бояд ҳамқадами ҷаҳони муосир бошад ва дар баробари ин, анъанаҳои ҳазорсолаи аҷдодияшро ба дасти фаромӯшӣ надиҳад. Боиси таассуф аст, ки аксари он ҷавонбонуҳои сатрпӯш, ки худро боиффат метарошанд, аз дини ислому фарҳангу маърифати исломӣ бӯйе набурдаанд.
Зан - чеҳраи миллат
Мегӯянд, ки агар аз сатҳи зиндагии миллате воқиф шудан хоҳӣ, ба чеҳраи занони он бинигар. Аз ин бармеояд, ки зан чеҳраи ин ё он миллат аст, пас, чӣ ҳоҷат он чеҳраро дар зери пардаи ҳиҷоб пинҳон сохтан?
Ҷиҳати нохубу манфии тақлидкориҳои мо дар бобати ҳиҷоб ё ниқоб боз он аст, ки мутаассибони мо бар замми он боз дар мактабҳо таҳсил кардани духтаронамонро зарур намешуморанд. Мутаассифона, бо ҷурми чунин ашхос дар деҳот шумораи аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дур мондани духтарон ва костагии ахлоқ миёни онҳо зиёд шудааст. Ба ақидаи мо, хушахлоқӣ аз маърифат сарчашма мегирад, на аз ҳиҷобу ниқоб.
Дар боби бемаърифатии мутаассибон Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:
Фитна аз аммома хезад, на зи хум,
Моҳӣ аз сар ганда гардад, на зи дум.
Хеле кам воқеъ мешавад, ки бонуи таҳсилдидаю бомаърифат по ба роҳи каҷ ниҳад. Имрӯз занони бомаърифати тоҷик дар баробари риояи аркони ислом паҳлу ба паҳлу бо мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият доранд. Фақат созандагию бунёдкорӣ ҳадафи аҳли ҷомеа, намояндагони ҳама гуна мазҳабу дин бояд бошад. Ба ин маънӣ шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаю далқ нест.
Ҷавҳари Саидназар