Ривоят менамоянд, ки асрҳои мозӣ дар водии Зарафшон марде ба сар мебурд, ки хеле доро буд ва аксари замину боғҳо, чашмаҳою чарогоҳҳо моли ӯ маҳсуб мегашт. Дар баробари дороӣ ин мард хеле мумсик будааст. Аксаран заминҳои лалмиро ба мардум иҷора медодааст, ки рӯёндани ҳосил дар онҳо заҳмати сангин тақозо мекардааст. Агар хушксолӣ биояду кишоварзе гандуми тавофуқшударо ба ӯ дода натавонад, бе истиҳола марди доро ӯро ба ивази қарз ба ғуломӣ мегирифтааст.
Дар яке аз деҳоти водии Фон кишоварзи пире мезистааст, ки танҳо дар бисоташ як писару як байтал доштааст. Дар давоми сол дар замини марди доро аз субҳ то шом бо байталаш заҳмат мекашад, аммо ҳосили дилхоҳ ба даст намеорад. Аз тарси ғуломӣ ва аз даст додани байтал шабона писарашро ба асп савор мекунаду деҳаро тарк намуда, қад- қади дарёча рӯ ба кӯҳистон меорад. Чанд шабу рӯз рафтанашро ёд надорад, аммо ба ҷойе мерасад, ки зебоии табиат, покии оби кӯл ва сабзии замини атрофу марғзор ӯро ба ҳайрат меорад. Кишоварзи пир писарашро бо худ ба ғор бурда, аспашро дар марғзор раҳо мекунад. Баъд аз тановул намудану фурсате хастагии роҳро костан, намоз мегузорад. Дар нимаи намоз садои пойи аспе баланд мегардад ва пирамард фикр мекунад, ки марди доро ӯро дунбол гирифтаву даст мебандад. „Ҳар чӣ бодо бод“, –гуфта ӯ намозашро идома медиҳаду баъд аз анҷоми он ва сипосгузории Офаранда саҷҷодаро рӯйи даст гирифта, бо писараш аз ғор берун меояду манзараеро мебинад, ки ғайричашмдошт будаву афсонаеро мемондааст. Аспи бузурги офтобранге, ки думи дарозаш ба замин мерасиду сари калонаш ба барзгов монанд буд, бо байтали ӯ ҷуфт мешавад. Баъд аз лаҳзае он аспи офтобӣ ба баландие баромада, худро ба қаъри кӯл ҳаво медиҳад…
Рӯзҳову ҳафтаҳо сипарӣ мегарданду аз аспи обӣ дигар дараке намешавад. Баъд аз як сол байтали кишоварз тойе мезояд, ки аз сар то ба по ба падари худ монанд будааст. Кишоварз сипос ба Худованд мегӯяд, зеро то ҳанӯз чунин тойи зеборо надида будааст. Тобистону поиз ҳам гузаштаанду фасли сармо қудратро ба даст гирифтааст. Пирамард аз нав писарашро ба асп савор карда, роҳи деҳаро пеш мегирад.
Хабари баргаштани ӯ бо тойи зарин зуд дар тамоми водии Фон паҳн гашт. Мардуми деҳоти гирду атроф ба дидани той меомаданду ангушти ҳайрат мегазиданд. Овоза то Фалғару Мастчоҳ ва Исфараву Хуҷанд мерасад.
Марди дорою хасис низ таҳаммулро аз даст дода, ба хонаи ӯ омада, тойро дида дар ҳайрат мемонад. Ӯ ба кишоварз мегӯяд, ки агар қиссаи сафарашро пинҳон надошта ба вай бигӯяд, аз баҳри қарзаш мебарояд. Баъд аз шунидани нақли пирамард марди хасис тамоми дороию молу мулкашро фурӯхта, дар пули ҷамъовардааш галлаи байтал харида, роҳи кӯлро пеш мегирад. Мушкилоти зиёдеро пушти сар намуда, ба кӯл мерасад. Галларо дар марғзор раҳо карда, худаш дохили ғор рафта намоз мегузорад. Чанд лаҳза пас садои шиҳаи аспе баланд мешаваду ӯ намозро бурида ба берун мебарояд.
Воқеан, аспи обӣ дар марғзор ҷилва мекард, аз баландӣ ба баландие мепариду „соҳиб“-и кӯлу марғзор буданашро ба намоиш мегузошт. Зебоию бузургиаш марди хасисро мафтун мекунад. Аммо аспи обӣ бо галлаи ӯ қаробат наҷуста, аз баландие худро ба кӯл ҳаво медиҳад. Лаҳзаи дигар тамоми галла низ аз дунболи аспи обӣ худро ба кӯл ҳаво медиҳад. Марди бадбахт бо садои баланд дурудароз навҳа карда, оқибат худро дар дарахте ба дор меовезад…
Ин водии биҳишгунаи ноҳияи Айниро имрӯз бо номи Искандаркӯл мешиносанд. Ривоят мекунанд, ки Искандари Мақдунӣ баъд аз муҳорибаҳои шадид ба ин водӣ мерасад. Аспи ӯ-Бутсефал, ки аз ғояти хастагӣ арақшор будааст, аз оби сарди ин кӯл менӯшаду мариз мегардад. Искандар, ки аксари ғалабаҳояшро аз баракати Бутсефал медонистааст, муддате интизор мешавад, аммо саломатии асп хуб намегардад. Бо маслиҳати мушовиронаш аспро бо сӣ нафар сарбоз мемонаду сафари хешро идома медиҳад. Сарбозон аспро нигоҳубин мекунанд. Баъд аз шифо ёфтан Бутсефал аз марғзор берун шуда, аз баландие худро ба қаъри кӯл ҳаво медиҳад.
Тибқи ривоятҳо то имрӯз ҳар шаби панҷшанбе Бутсефал аз қаъри кӯл берун меояду дар марғзор ҷилва менамояд. Аз кӯҳ ба кӯҳе парида, неруи худро намоиш медиҳад ва бо дамидани субҳ боз ба қаъри кӯл бармегардад.
Роҳ то ба Искандаркӯл чандон тӯлонӣ нест. Танҳо вақти гузаштан аз нақби Истиқлол дилро воҳима зер мекунад, зеро роҳ хароб буда, аз фаршу боми нақб об мерезад. Дар торикии дохили нақб ронандагон бо оҳистагӣ ва эҳтиёт мошин ронда чуқуриҳоро убур менамоянд. Ба хотири ҳифзи саломатӣ беҳтар аст, ки ҳангоми ворид шудан ба нақб оинаҳои мошинро боло кунед, чунки ҳаво ғализ буда, бӯйи тунди газ ба чашмону шуш зарар мерасонад.
Аммо бо берун шудан аз нақб ҳаво ба куллӣ дигар мегардад. Табиати сарсабзу зебо ба ҷону тан фараҳ мебахшад. Дар як они воҳид гармиву ҳавои ғализи пойтахт аз зеҳн берун мешавад. Чизи дигаре, ки ҳамзамон мусофири пойтахтро ба худ ҷалб менамояд, ин муносибати гарм ва чеҳраи кушодаи мардуми ноҳияи Айнӣ аст. Илова бар ин, дар гуфтори мардум ҳанӯз ҳам ибораҳои рехтаи классикӣ ҳифз шуда, гӯйишро хеле ширин ва ҷолиб менамоянд. Тарзи ҷумлабандӣ ҳам дар шакли классикӣ аст ва вақте нафаре мехоҳад бигӯяд, ки меоям, чунин шаклро истифода месозад: „дорам меоям“, ки он хеле гӯшнавоз аст.
Аз роҳи марказӣ то ба Искандаркӯл ҳамагӣ 24 км аст. Роҳ замони шӯравӣ сохта шуда, таъмирталаб аст. Новобаста ба ҳамаи ин, табиат нотакрор аст ва роҳ қад –қади Искандардарё то ба кӯл тӯл мекашад. Бояд қайд кард, ки бори аввал дар дастхатҳои қадима Искандаркӯл дар қарни 16 дар „Бобурнома“ ёдоварӣ шудааст. Муаллифи китоб, волии собиқи водии Фарғона шоҳ Бобур, ки аз ҷониби Шайбонихон ронда шуда буд, аз кӯл дидан намудааст.
Соли 1870 дар ҳайати як гурӯҳи калон олими рус А. П. Федченко ба Искандаркӯл омада, муддате пиромуни он пажӯҳиш анҷом медиҳад. То ғасб гардидани Осиёи Марказӣ аз ҷониби Русия ҳайатҳои зиёди илмие ба хотири омӯхтани ин кӯли зебо ва нотакрор ба водии Фон омадаанд. Дар замони шӯравӣ ин пажӯҳиши олимони рус идома меёбад ва ба яке аз аҳдофи стратегӣ табдил меёбад. Олими рус В.М. Ионов дар ҷараёни яке аз сафарҳои худ ба Искандаркӯл менависад: „Дар назди мо ду мақсад гузошта шуда буд:
1.Анҷом додани корҳои тадқиқотӣ бо мақсади сохтмони обанбор ба хотири танзим намудани ҷараёни дарёи Зарафшон барои обёрии заминҳои пахтаи Ӯзбекистон.
2. Омӯхтани ҳаҷми оби дарё ва кӯли Искандаркӯл (Рӯзномаи „Коммунист Таджикистана“, 20–09–1935.).
Масофа аз Искандаркӯл то шаҳри Самарқанд 200 км ва то Бухоро 500 километрро ташкил медиҳад ва барои интиқол додани он хазинае бузурге зарур мешавад. Ба ҳамин хотир пажӯҳишҳо пиромуни интиқол додани оби Искандаркӯл ба Ӯзбекистон мутаваққиф мемонанд.
Истироҳатгоҳ дар дохили боғе ҷой гирифтааст, ки дарахтони он тақрибан дар нимаи аввали қарни 20 шинонда шуда, пиру каж ва дар ҳоли хароб шудананд. Хонаҳо низ сохти замони шӯравӣ буда, бо мебели нав муҷаҳҳаз гардидаанд. Чизе, ки дар мавриди аввал таваҷҷуҳамро ба худ ҷалб намуд, сайёҳони хориҷӣ буданд. Онҳо нисбат ба мардуми тоҷикистонӣ бештар буданд. Шояд хазинаи роҳ ва шароити будубош ба мардуми ҷумҳурӣ имкон намедиҳад, ки хастагии худро дар ин истироҳатгоҳ рафъ кунанд. Барои як кат (бе хӯрок ва яхдон) дар як рӯз 50 сомонӣ ва барои утоқ 150–180 (бе хӯрок ва яхдон) сомонӣ бояд пардохт намуд, ки дар шароити кунунӣ на ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ чунин имкон дорад. Дастшӯйӣ ва ҳаммом умумӣ буда, дар масофаи 50 то 150 метр аз маҳалли хоб қарор дорад.
Тақрибан дар масофаи 200–300 метр аз тафреҳгоҳ кӯли Морон қарор гирифтааст, ки дидани он табъро хуш мекунад, зеро он дар шафати марғзори сабзу зебое қарор дорад.
Панҷчашма, ки бо оби сарду покаш дили сайёҳонро тасхир сохтааст, аз Искандаркӯл дар масофаи 4, 5 км қарор дорад. Қабл аз расидан ба он дар самти рости роҳ ғоре мавҷуд аст, ки бо исми Ғори Искандар маъруф аст. Тамошои ғор дар зеҳн ривоятҳоро пиромуни Искандари Мақдунӣ ва аспи қашанги ӯ- Бутсефал зинда мекунад. Оби Панҷчашма он қадар софу сард аст, ки бо ҳама хоҳиш бештар аз як қулт об нӯшидан намешавад.
Ҷойи дигари ҷолиб ва диданӣ ин шаршара аст, ки тақрибан дар як километрии Искандаркӯл воқеъ мебошад. Пайроҳаи кӯҳие қад –қади Искандардарё шуморо ба шаршара мебарад. Дар ҳоле, ки дар кӯҳу тали атрофи пойтахт алафу сабзаҳо кайҳо боз зарду хушк шудаанд, гирду атрофи Искандардарё хеле сабзу зебост ва баҳорро дар зеҳни бинанда эҳё месозад. Маҳалле, ки онро шаршара унвон намудаанд, ҷойест, ки дар байни ду кӯҳ маҷрои дарё танг мешаваду он аз баландии тақрибан 100 метр ба поён сарозер мешавад. Шиддати об ончунон баланд аст, ки нохоста дили бинандаро ваҳм зер мекунад.
Нисфирӯзӣ ҳаво дар Искандаркӯл гарм мешавад, аммо оби кӯл ҳатто дар тобистон аз 10 дараҷа болотар намешавад. Илова бар ин, жарфнои кӯл тақрибан 80 метрро ташкил медиҳад, бинобар ин сайёҳон аз оббозӣ худдорӣ менамоянд. Субҳу шом бошад, ҳаво сард аст ва дар хона бидуни истифодаи бухорӣ хеле мушкил аст.
Новобаста ба баъзе маҳдудиятҳо дидани табиати нотакрори Искандаркӯл ва талу теппаҳои сабзи атрофи он хастагиро рафъ ва дар шарён неруи наверо ҷорӣ месозад, ки барои чанд муддати дигар ҷиҳати эҷод ва зиндагӣ мусоидат менамояд.
Эмомалӣ Сайидамирзод,
Душанбе-Искандаркӯл- Душанбе