Гулмаҳмад Қаюмов, директори Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Телеком Технолоджи» дар ифтитоҳи Конфронси мазкур аз хотираи асосгузори интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ сарвари ҶСП «Телеком Технолоджи» Шавкат Халилов ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки Шавкат Халилов дар эҳёи алоқаи интернетӣ ва дигар бунёдгузориҳои коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон нақши арзанда дорад.
Дар Конфронс самтҳои иноватсионии инкишофи фановариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи он дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ, таъсири он ба инкишофи илмӣ –фановарии ҷомеа, масъалаҳои ҳолат ва инкишофи коммуникатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили марбут матраҳ шуданд.
Қадамҷон Сафиев, мудири маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар, таъсиси пойгоҳи миллии интернетӣ ва сатҳи истифодабарии интернет дар кишвар ибрози андеша намуд.
Қадамшоҳ Сафиев иброз дошт, ки бо пешниҳоди мушовири давлатӣ оид ба сиёсати кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо маълумотномаи электронии кадрӣ таҳия шуда истодааст, ки дар он беш аз 5 миллион маълумот ҷамъоварӣ шудааст.
Дар Конфронси илмӣ – амалии «Рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон. Тоҷикистон онлайн: баъди 15 сол» зикр гардид, ки 22 сол қабол дар баробари соҳибистиқлолии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби домана (домен) - и миллии .tj шуда буд. Аммо бинобар нооромиҳои кишвар доманаи нуқта тҷ дар ихтиёри ширкатҳои тиҷорӣ буд. Баъдан дар таърихи 30 –юми июли соли 2003 доманаи мазкур расман барои истифодабарии Тоҷикистон дода шуд.
Иштирокчиёни конфронс ҳамчунин оид ба рушду инкишоф ва васеъ намудани доираи истифодабарии доманаи тҷ андешаҳои худро баён намуданд. Зимни муҳокимаи ин мавзӯъ иброз гардид, ки азбаски ҳукумат дар алоҳидагӣ ба пешрафту такомули доманаи миллии нуқта тҷ муваффақ шуда наметавонад, хубтар аст, ки ширкатҳои тиҷоратӣ низ ба ин кор ҷалб шаванд».
Баъдан Қаҳрамон Бақозода, сарвари Маркази тадқиқотҳои ҷомеашиносии «Зеркало» оид ба натиҷаҳои як пурсиши оммавӣ дар мавзӯи истифодабарии интернет ва технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз натиҷаи ин тадқиқот бармеояд, ки 80 дар сади посухдиҳандагони ин пурсиши иҷтимоӣ аз мавҷудияти интернет огоҳӣ дошта, аз се як ҳиссаи онҳо аз интернет истифода мекунанд ва танҳо 4 % дигар тасмими пайвастшавӣ ба интернетро доранд.
Бинобар иттилои Қаҳрамон Бақозода 24 дарсади пурсидашудагон ҳафтае 3-5 маротиба аз хидматрасонии интернет истифода мебурдаанд. Гуфта мешавад, ки аз теъдоди умумии пурсидашудагон 73 дарсадро мардон, 49 % ҷавонони 16-20 сола ва 27 дарсадро шаҳрвандони аз 25 то 34 сола ташкил медиҳанд.
Аз натиҷаи тадқиқоти мазкур бармеояд, ки 83 дарсади посухдиҳандагони пурсишши иҷтимоӣ интернетро аз тариқи телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Мавсуф илова намуд, ки 78 дарсади пурсидашудагон интернетро дар хона ва 26 дар сад дар ҷойи кор истифода мебаранд.
Дар имрӯз инчунин насли ҷавони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Адад» оид ба лоиҳаи нави «Юнибокс» иттилоъ дода, шакли ибтидоии ин сомонаро, ки дар назардошти талабу хосатҳои донишҷӯён тарҳрезӣ шудааст, назди ҳозирин муаррифӣ намуданд. Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа ин пойгоҳи омӯзишӣ дар дастрасии донишҷуёну омӯзгорон ба саҳифаҳои интернетии худӣ ва шабакаи ягонаи таълимӣ мусоидат менамояд. Сомонаи «Юнибокс» имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо дигар ҳамсолони хеш робита пайдо намуда, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гарданд, барои худ ҷойи кор ва дигар шароиту имкониятҳоро пайдо кунанд.
Тибқи ваъдаи ташабускорон дар ояндаи наздик тамоми муассисаҳои талимӣ ба шабакаи ягонаи омӯзишӣ пайваст шуда, хонанда, омӯзгор ва ё зодмандон аз рӯзонуи хеш ба равзанаи ин ё он муассисаи таълимӣ ворид шуда, ба тамоми маълумотҳо аз қабили рӯйхати донишҷӯён, ҷадвали дарсӣ, рӯзномаи синфӣ ва мавзуҳои таълимӣ дастрасӣ пайдо мекунанд. Ҷавонон бошанд имкон пайдо мекунанд, ки тавассути ин пойгоҳи интернетӣ ба китобхонаҳои интернетии донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таълимӣ ворид шаванд. Ҳамчунин донишҷӯён бо истифода аз пойгоҳи «Юнибокс» ба хазинаи адабиётҳои ҷахон, эълону рекламаҳои ҷойҳои кори холӣ ва тиҷоратҳои гуногун роҳ меёбанд.
Чуноне, ки зимни муаррифии ин сомона зикр гардид, барои ҳарчӣ зудтар ҷолибу аз иттилооти зарурӣ бой гардидани пойгоҳи мазкур бояд дар ҳамбастагӣ ба Вазорати маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумотҳои зарурӣ ба он ворид карда шаванд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳарчӣ барвақттар пайваст шудани муассисаҳои таълимии кишвар ба пойгоҳи ягонаи омӯзишӣ сомонаҳое мисли «Юнибокс» фаъолтару ба пешрафти илму донишандӯзии ҷавонон нақши муҳим хоҳанд бозид. Зикр гардид, ки пойгоҳи интернетии «Юнибокс» дар мустаҳкам намудани робита миёни муассисаҳои илмомӯзӣ, донишҷӯёну ба омӯзгорон мусоидат мекунад.
Масоили дигаре, ки дар Конфронс матраҳ гардид ин мавҷуд набудани вожаномаи тоҷикӣ дар интернет мебошад. Умрулло Меликов намояндаи маркази Қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи дар сатҳи лозима татбиқ нашудани Қонун дар бораи забони давлатиро ба миён гузошта, илова намуд, ки бояд ҳамаи соҳаҳо коргузории хешро бо забони давлатӣ ба роҳ монда, вожаномаи тоҷикии касбию соҳавии худро таҳия намоянд. Дар акси ҳол мо наметавонем дар масоили рушду инкишофи домана (домен) - миллӣ дар интернет мушараф шавем.
Дар охир бо мақсади рушду тараққиёти минбаъдаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон ва беҳдошти раванди иҷроияи онҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа иштирокчиёни Конфронс тавсияномаи хешро таҳия ва пешкаши масъулон гардониданд.
Ҷамолиддин С.