Сӯҳробро аз тамошои манзара ҳиссиёти аҷибе ба туғён омад. Лаҳзае худро дар оғӯши кадомин афсона пиндошт ва бо андешаи ин манзараро ба тасвир овардан даст ба мӯқалам бурд. Аммо назараш ба сурати нотайёри модар афтода, аз райъ гашт. Ҳар бегоҳ, вақти говҷӯшии модар, Сӯҳроб чорчӯбаи сураткаширо назди тиреза гузошта, барои офаридани тасвири нотакроре кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз говҷӯшиҳои ҳамарӯзаи модар ва пинҳонӣ сураткашиҳои Сӯҳроб рӯи коғаз чанд навъ тасвир пайдо шуда бошад ҳам, ҳеҷ кадоме аз онҳо мусаввирро хушоянд нест. Ӯ мехоҳад акси модараш бо нақши амиқи умри чун хобу хаёл сипаршуда тасвир ёбад ва ин тасвир то андозае ба афсона шабоҳат дошта бошад.
Инак, як порае аз ин афсона дар домани уфуқ тавлид ёфт ва агар ҳоло ҳозир кӯшиш ба харҷ диҳад, орзуи деринааш даст хоҳад дод. Ва Сӯҳроб аз ин бозёфт хурсанд бо шавқ ба кор пардохт. Ба гӯш пайваста садои «ширт-ширт» ба хурма бархӯрдани шир мерасад. Модар ба чизе эътибор надода, бо ҳӯшимхонӣ шир меҷӯшад. Ҳӯшимхонии ӯ суруди алларо мемонад, ки бо меҳру навозиш сари гаҳвораи тифл мехонанд.
Аз хаёли рангини Сӯҳроб тарҳи чеҳраи нуронии модар рӯи коғаз мисли офтоб тулӯъ мекунад ва ин офтоб чун умри сипаригардидаи инсон ғуруб намуда, дар оғӯши абр ба шафақи лоларанг табдил меёбад. Дар паҳнои хаёли рангин Сӯҳроб бо нерӯи ҳунаре, ки туғён дорад, қудрати офтобу зебоии шафақро побанди нури ҷабини модар тасвир карданист. Воқеан чи тавр хуршед бо пораабри оташзадааш побанди ҷабини модар набошад, ки ҳар хами чин сад хати қиссаву достон аст. Қиссаву достонест, ки иншои комилаш на ҳар эҷодкорро даст додааст. Ва ҳоло ин бахт Сӯҳробро даст дод. Ҳаваси умре дар дил парвардааш зуҳур кард. Мисли офтобе зуҳур кард, ки ҳар саҳар бо тулӯи худ аз фаро расидани як рӯзи зиндагӣ мужда мерасонад.
Ва дар қиёми ҳамин ҳавасу хаёли рангин дар бесадо кушода шуд. Ба хона Саодат даромад. Ӯ зани бародараш Абдурасул аст, ки пас аз як моҳи хонадорӣ, ба қавли модар, барои чиллагурезонӣ ба деҳа омадааст. Одами хеле самимӣ, хушгап. Доимо дар чеҳрааш як навъ табассуми латиф сайр дорад ва ҳини аз сухани хуше болидани табъаш ин табассум дар чеҳраи арғувониаш дилкаш гул мекунад.
Сӯҳроб сурат мекашад. Модар хурмаи пур аз ширро сари даст гирифта, қомат рост мекунад. Гови ало гӯё давоми ҳӯшимхонии ӯро гӯш кардан мехоста бошад, ба алафи пеши пояш даҳон назада, ором ковша мегардонад. Саодат тасвирҳои офаридаи Сӯҳробро бо ҳавас тамошо карда, мусаввараи назди оинаи барқадро гӯё бори аввал дида бошад пурсид:
- Аҷиб, чаро ин тасвирро «Лаҳзаи нотакрор» ном кардед?
Сӯҳроб ба ин саволи кунҷковонаи янга чӣ посух доданро надониста, лаҳзае ба фикр рафт. Саодат ба тасвири чанд сол қабл аз ин офаридаи Сӯҳроб бештар мутаваҷҷеҳ гардида, андешаашро ба забон овард:
- Ба назарам тасвири манзара ба номаш муносибате надоштагӣ барин.
- Хӯш, шумо ба он чӣ ном гузоштаниед? – Бо табассум пурсид Сӯҳроб.
- Масалан «Дара» ё худ «Дар оғӯши шаршара» - табассум дар лабони Саодат худ аз худ гул кард.
- Не, намешавад, зеро «Лаҳзаи нотакрор» мавзӯи асосии тасвир аст, - гуфт Сӯҳроб ва барои наозурдани хотири янгааш сабаб овард. – Барои ман ин манзара воқеан нотакрор буд ва то имрӯз бо як ҷаҳон ҳавас ҳамчун орзуи дастнорас пеши назар аст.
Сӯҳроб он вақт дар курси охирини омӯзишгоҳи рассомӣ мехонд ва толибҳунарон аз аввали соли хониш ба таҷрибаомӯзӣ баромаданд. Сӯҳроб бо Лутфӣ ном ҳамсабақаш мувофиқи тақсимот ба яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон роҳхат гирифт ва баробари ба манзил расидан мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳия онҳоро дар хонаи Саломатбибӣ ном пиразане, ки ба ҷуз набераи даҳсола касе надошт, ҷой дод. Саломатбибӣ, бархилофи андешаи Лутфӣ, ки ҳамаи пиразанҳо сергап мешаванд, одами хеле камгап буд. То зарурат набошад, ҳарфе намезад ва ба ҳар пурсиш кӯтоҳ посух медод. Пиразан одати аҷибе дошт. Баробари дамидани субҳ аз хона мебаромад ва дами тулӯи офтоб бармегашт. Рӯзҳои аввал Сӯҳроб ҳайрон буд, ки Саломатбибӣ куҷо мерафта бошад. Баъди чанд рӯз асли гапро аз Нишона фаҳмид. Ҳар пагоҳ зиёрати қабри писар, яъне падари Нишона одати Саломатбибӣ будааст. Аз вафоти писараш Хуррам Раҳмон даҳ сол гузашта бошад ҳам, кампир ҳар саҳар аввал қабри ӯро зиёрат карда, сипас аз пайи кори рӯзгор мешавад. Дар фасли навбаҳорон фарзанди яккаву ягонаи пиразан бо нияти аз сел наҷот додани писарбачае худ ҳалок мешавад. Баъди се моҳи фавти Хуррам Раҳмон завҷаи ӯ духтарча меёбад. Саломатбибӣ аз писарам нишона гӯён набераро Нишона ном мекунад ва пас аз як соли азодорӣ «ту ҳанӯз ҷавон, бояд рӯз бинӣ» гуфта келинашро худаш шавҳар медиҳад.
Сӯҳробу Лутфӣ ҳар саҳар баъди аз зиёрат баргаштани Саломатбибӣ дар ҷустуҷӯи тасвири зебою дилкаш ба дара ва соҳили дарёи деҳа мерафтанд. Барои тасвир Сӯҳроб шаршараи Гулрезро интихоб кард. Оби ин шаршара як шахоби дарёи деҳа аст, ки аз мағзи харсангҳои кӯҳ ибтидо гирифта, дар роҳ аз санг ба санге сар зада меояд ва гӯё бо муроди лаҳзае нафас рост кардан бошад, ин ҷо андаке таваққуф намуда, сипас боз бебокона ба шӯр меояд ва мешавад шаршараи Гулрез. Заррачаҳои паҳну парешони об дар партави нури хуршед ба ҷилва меояд ва аз ин ҷилваҳои пайваста рангинкамон эҷод мегардад. Садаи пире, ки Сӯҳроб дар сояи он ҳар рӯз машғули амал аст, гӯё аз ин манзараи рӯҳбахш нерӯ мегирифта бошад, назар ба долу дарахтони атроф сарсабзиву таровати бештаре дорад.
Рӯзе Сӯҳроб ба шаршараи Гулрез нисфирӯзӣ омад. Оби шаршара бо туғёну рангинкамонии ҳаррӯзаи хеш ҳусни нотакроре дошт. Ва … Сӯҳробро гӯё сеҳре ҷоду карда бошад ҷо ба ҷо карахт шуд. Ба чашмони худ бовар намекард. Аммо дили дар қафаси сина бо шаст тапандаву вуҷуди аз туғёни эҳсос ларзанда шоҳиди он буд, ки ӯ манзараи нотакрору ақлраборо мебинад ва лаҳза ба лаҳза ақл бохта, ихтиёр аз даст медиҳад.
Духтараки тахминан чаҳордаҳ - понздаҳсолае тани чун булӯр софу дилкаши худро ба оби шаршара дошта, ҳар лаҳза бо шавқ садо мебаровард. Олиҳаи ҳусну латофат чун парии обӣ дам ба дам аз шаршара берун омада, бо ҷилваҳои товусӣ боз бо шавқ тани чун барф сафеди худро ба шасти об мегирифт.
Сӯҳробро аз тамошои ин манзара дил дар қафаси сина чун мурғи бисмил метапид ва бо ҳамин тапишу ларзиш ӯ худро номаълум ба паноҳи сада гирифт. Ҳайрон буд, ки ин парии обӣ аз куҷо зуҳур кард. Аз деҳа набудани духтарак аниқ. Шаршараи Гулрез мавзеи хилват бошад ҳам, духтарони деҳа дар рӯзи равшан ба ин урёнӣ ҷуръати оббозӣ кардан надоранд. Ва то сомони ин андешаи Сӯҳроб олиҳаи урён мисли офтобе, ки аз оғӯши абри сафед зуҳур мекунад, аз шаршара берун омада, оҷил либос пӯшид ва бо табъи болида дар пайраҳа рӯболо шуд. Парии обӣ дар пайраҳа кайҳо ғайб зада бошад ҳам, Сӯҳробро дил дар қафаси сина чун кабки ба дом афтода метапид. Тани урёни парии обӣ бо ҳама он бори латофату назокати худодод Сӯҳробро як лаҳза аз пеши назар дур набуд ва ҳатто ин манзараро шаб такрор ба такрор хоб дид.
Ва рӯзи дигар бо таъбири хобу умеди дидор Сӯҳроб боз ба шаршараи Гулрез омад. Бо дили шайдо интизори парии обӣ шуд. Гумонаш ҳоло ҳозир дар пайроҳаи тале, ки байни деҳаву дара чун ҳисор афтодааст, парии ӯро ақлу ҳуш рабуда чун офтоб зуҳур мекунад. Аммо офтоби оламоро ғуруб карду аз офтоби орзую ҳавасҳои Сӯҳроб дарак нашуд. Рӯзҳои дигар низ офтоби Сӯҳроб аз худ дарак надод ва пас аз чанд рӯзи интизориҳо мусаввири аз зуҳури парии обӣ бисмилгашта фаҳмид, ки духтарак аз шаҳр ба хонаи кадом хешаш дурӯза ба меҳмонӣ омада будааст.
Солҳои зиёде сипарӣ шуда бошанд ҳам, Сӯҳроби дар ҳаждаҳсолагӣ бисмилгаштаро ҳанӯз ҳамон парии обию шаршараи Гулрез бо ҳама бори ҳусну малоҳат пеши назар аст. Ӯ рӯшан мебинад, ки духтарак дар пайраҳаи деҳаи аз назарҳо дурафтодаи кӯҳистон медавад ва сарбанди осмонрангаш ба хами гардан лағжида, алвонҷ мехӯрад. Парии обӣ аз мусаввир ақлу ҳуш рабуда медавад. Сӯҳроб низ бо дили шайдо аз ақиби ӯ давад, аммо намедонад, ки ин давиданҳо то ба кай…
Мусаввир бо як назар дарк кард, ки Саодат аз шунидани ин нақл лаҳзае ранг бохт. Ва дар чеҳраи хандони ӯ маҳзуние соя андохта, хомӯш аз хона баромад. Охир Сӯҳроб аз куҷо донад, ки ҳамон духтараки шаҳрӣ янгааш Саодат аст.
Беҳрӯзи Шахриёр