Пояи зиндагӣ муҳаббат аст ва руҳу равони инсон аз ин манбаъ нуру зиё мегирад, агар софу белоиш ва орӣ аз ҳама ғаразҳо бошад, аммо ишқу муҳаббати ҳақиқӣ дар қалбҳо хеле кам лона мегузорад. Бузургони илму адаб дар ин маврид андарзу резагуфторҳои зиёде доранд, ки аз таҷриба, мушоҳида ва воқеияти ҳаёт маншаъ гирифтаанд. Дӯст доштан ва муҳаббат варзидан дунёи дигаре будааст,ки насиби ҳар кас нахоҳад шуд.
Масалан, бузургон фармудаанд:
-Бо ишқ агар ҳила кунӣ, мегурезад.
-Маъшуқеро,ки чашм интихоб кунад, чӣ басо маҳбуби дил нашавад, аммо онро, ки дил биписандад, бегумон нури чашм хоҳад шуд.
-Дар баҳори ишқ таъсири ишқ дар вуҷуди писарон ҳамчу тӯфоне аст, ки бар дарё бигзарад, оқибат фурӯ менишинад ва фаромӯш мешавад, лекин доғи ишқ дар дили духтарон ҳамчу оташе , ки ба гулзор расида бошад, маҳв шуданӣ нест.
-Зан аз дӯстӣ ба ишқ мерасад, мард аз ишқ ба дӯстӣ
-Маъшуқ барои мард борест, ки ба дӯш бибарад, барои зан маркабест, бар он савор мешавад.
-Муҳаббат ва сарфаҷӯйӣ кулбаро бадал ба қаср месозад.
-Айше, ки дар он муҳаббат набошад, ғизоест, ки ба сер и бихӯранд.
-Ишқро шаҳват бо зорӣ ва илтимос ба хонаи дил меоварад ва бар сарири ҳукмравоӣ менишонад, аммо зодагони шаҳват ҳамчу ҳасодату худхоҳӣ ишқро ба хорӣ мекашанд ва ба ҷойи он душманӣ менишонанд.
- Ишқ шуълаест, ки агар аз оташи дӯстӣ мадад нагирифт, фурӯ хоҳад нишаст.
-Дар ҷавонӣ дунёро саросар зебоӣ ва ишқу шӯру шеър мебинем, дар пирин ҳамаро аз пушти пардаи ашк тамошо мекунем, ки насиби дигарон аст.
-Ҷавонию зебоӣ ва шӯру ишқу умедро табиат ба мо медиҳад ба шарти он ки вопас бигирад ва дар иваз неъмати ақл ба мо бубахшад, аммо онҳо ҳамаро як ба як аз мо мегирад ва ғолибан ваъдаи ақлро фаромӯш мекунад.
-Ишқеро, ки ақл биписандад, биҳишт аст ва онро написандад, ҷаҳаннам.
-Лаззати ишқ дар ёдгору хотироти ғамолуди ӯст, вагарна дар шуълаву илтиҳоб ба ҷуз сӯзу алам чизе нест.
-Ошиқе, ки маъшуқро ба хотири хеш бихоҳад, золиме аст, ки мехоҳад вуҷуди озодеро банда куна два ба майлу ҳаваси худ водорад.
-Ҷавонон ишқи зиндаро мекушанд, пирон ишқи мурдаро дар хаёл зинда мекунанд.
-Басе ишқу дӯстиро, ки аз худхоҳӣ ба дасти худ мекушем ва боқии умрро ба ин кушта менолем.
-Зан ва шеър ду лафзанд барои як маъно: агар зан набуд, шуълаи ишқу шеър дарнамегирифт ва агар ин шуълаву нур набуд, зебоӣ ва хубии зан оламгир намешуд.
-Зан саодати худро ба зебомефурӯшад, мард ба қудрат
-Заношӯӣ, агар бо муҳаббату вафодорӣ омехта бошад, қайдест, ки аз озодӣ хуштар аст.
- Ишқе, ки аз дӯстӣ бизояд, ҳаргиз намемирад; ишқе, ки бо дӯстӣ накашад, ё мемирад ва ё бадал ба душманӣ мешавад.
- Танҳо дарду ранҷи ишқ аст, ки ҳама ба ҷон мехаранд.
-Дилрабоӣ осон аст, аммо дилдорӣ кори ҳар кас нест…
-Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест
Бомдоди ошиқонро шом нест…
Васфи ишқ боз идома дорад….
Р.Камол