Сухан ин ҷо аз ин боб нест, балки аз завқ ва маърифати интихоби либос ва ба бар кардани он аст. Имрӯз интихоби либос ва дигар ороишот миёни бонувон озод аст. Хеле хуб, ки бонувони тоҷик аз рӯйи табъу завқ ва муди муосир либос мепӯшанд, аммо зуҳури баъзе намунаҳои бегонаи либоспӯшӣ, тақлид ба фарҳанги аҷнабӣ ва муди ҷомеаи мудерн эҳтирому эътибори маданияти либоспӯшии миллиро коҳиш додаанд. Имрӯзмо дар кӯчаю бозорҳо бонувони зебоеро мебинем, ки бо муди аврупоӣ либос пӯшидаанд, худро мислиз анҳои араб кардаанд ва ё ҳам ину ҳам он шудаанд. Мо ҷонибдори либоси шинаму зебо ва муосир ҳастем. Муди ҷомеаи модернро қабул дорем, аммо на ба ҳадди ифроту бе ҷо ва безавқ! Ҷое бонувону духтаронеро мебинем, ки сатрпӯшу сиёҳпӯш ҳастанд ва ҷое қариб нимурён. Хуб, мо амри фармон ва ҳукмро надорем, аммо вақте сухан аз боби фарҳанги миллӣ, фаросату назокати занона ва шарму ҳаёи тоҷикона меравад, бояд андоза риоя шавад. Тақлид ва ё парастиши фарҳангу маданияти бегонагон арзишҳои волои миллӣ, маърифати хоси мардумиро дар фарҳанги либоспӯшӣ ба оҳистагӣ аз байн хоҳанд бурд ва ин хатар аст ба мисли масале, ки зоғ булбул шудан мехоҳаду аз зоғиаш ҳам мемонад. Ин ишора барои андеша аст, на таҳқир!
Паҳлӯи дигари масъала интихоби матоъ ва либосҳо аз ҷониби бонувони мост. Аксар ба ҳамдигар тақлид мекунанд ва матоъҳоеро мехаранду курта медӯзанд, ки як мавриде маъмул гаштаанд, яъне матоҳои ба истилоҳ «бозоргир» ва «мудшуда». Ҳама медонанд, ки матоъҳои нахи синтетикӣ дошта ба саломатӣ зарар доранд, аммо боз ҳам ин навъи матоъҳоро бештар мехаранду либос медӯзанду мепӯшанд. Ҳатто баъзеҳо дар фасли гармо ҳам ин гуна куртаҳои «ялаққосию» «ҷараққосӣ»-ро ба бар мекунанд. Бехабар аз он ки баъди чанд муддат ба бемориҳои пӯст, асаб ва ғайра гирифтор хоҳанд шуд. Занону духтарони огоҳ ва закию бофаросат аз матоъҳои хеле зебои пахтагӣ либосмедӯзанд, ки хеле шинам ҳастанд.
Ба сар бастани рӯймол ҳам яке аз вижагиҳои фарҳанги либоспӯшии бонувони мост. Ин таблиғ нест, ки ҳама рӯймол ба сар банданд. Боз мегӯем, ки интихоб, тарзи зист ва андешаю тафаккур дар фарҳанги либоспӯшӣ озодона аст, аммо боз мегардем ба ҳамон андозаю меъёру завқу ҳавас ва маданияти миллӣ. Рӯймолбандие, ки бибиҳою модарони мо доштанд ва доранд, аҷаб зебою диданӣ аст.Ҷаҳонишавӣ, омезиши фарҳангҳо, урфу одатҳо ва ҳатто ақоид ҳам ҷанбаҳои мусбӣ доранд ва ҳам манфӣ. Беҳтаринаш, ки ба суннату оинҳо ва фарҳанги миллии мо ихтилофи зиёд надорад, қабул аст, аммо бегонааш, ки пояҳои анъаноту маданияти моро заҳролуд месозад, хатарзо ҳастанд. Пас, ин андешаҳои мо барои андеша буданд ва нуқта мегузорем ба андешаҳои худ бо як мақоли маъмул:
Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест!
Р. Камол