– Тайи ду соли охир, – мегӯяд Сайрам Бухориева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, литсейро бештар аз 60 нафар чевар хатм карда, бисёриҳо дар ин сех таҷрибаи дӯзандагиро азбар намудаанд, вале бо ҷурми кам будани дархостдиҳандагон онҳо ҳунари хешро амалӣ насохтанд.
Тавре Шамъигул Наботова, муовини раиси ноҳия, ба мо иброз дошт, роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ба қароре омад, ки имсол истеҳсоли либоси ягонаи мактабиро дар ноҳия барои хонандагони мактабҳо бо истифода аз қувваи ҳунармандони таҷрибаандӯхтаи ин сех ба роҳ монад.
– Бо ин мақсад бо омӯзгорони мактабҳо ва падару модарони хонандаҳо машварат гузаронида, ба ноҳия аз маркази мамлакат тарроҳ ва дӯзандаи соҳибкасб Сафармоҳ Мардоноваро даъват намудем. Чанд намуд либоси пешниҳоднамудаи тарроҳро баррасӣ намуда, бо назардошти шароити кӯҳистон нусхаеро интихоб кардем, ки дар он хусусиятҳои сару либоси миллиамон бештар бошад. Ҳамчунин матое интихоб шуд, ки дар моҳҳои бе барқ мондани деҳот ба дарзмол кардан ниёз надошта бошад. Интихоби мо ба падару модарон низ писанд омад.
– Либоси ягонаи мактабӣ ба ман маъқул шуд, – мегӯяд Сония Донаева, модари 7 фарзанд. – Зеро солҳои пешин волидайне ёфт мешуданд, ки ба фарзандони худ аз пойтахти кишвар ё хориҷи мамлакат бо маблағҳои калон сару либоси мактабӣ мехариданд. Дар мактабҳои деҳоти кӯҳистон аз як ҷиҳат пӯшидани либоси аврупоӣ миёни мардум ноҳинҷориро эҷод кунад, аз тарафи дигар, мардуми одӣ, ки аксарияти оилаҳояшон зиёда аз 4-5 мактабхон доранд, барои харидани он либос маблағ пайдо карда наметавонистанд.
– Либоси ягонаи мактабии омоданамуда барои духтарон аз матои одӣ буда, ҳамагӣ 75-80 сомонӣ арзиш дорад, – мегӯяд тарроҳ Сафармоҳ Мардонова.
Ин тарроҳ ва дӯзандаи чирадаст, аллакай ба чеварони нурободӣ нозукиҳои омодасозӣ ва дӯхтани либоси ягонаи мактабиро омӯзондааст.
Ташаббус ва таҷрибаи роҳбарият ва маорифчиёни ноҳияи Нуробод дар бобати таъмини либоси ягона ба мактабиён метавонад боиси пайравии роҳбарони дигар навоҳии кӯҳистон бошад.
Зебо Давлатова