Ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад. Қариб ҳамарӯза тавассути телевизион ва радио меҳмони хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Бо истеъдоди баланд ва ҳунари волояш моро механдонаду завқ мебахшад. Бале, ӯст – Тоҷинисо Саидова - хатмкардаи Донишкадаи давлатии кинематографии шаҳри Маскав (соли 1975), актрисаи Театри академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ (то соли 1991) ва Театри минётурии «Ойина» (то имрӯз).
Бештар аз сад нақши марказии ҷиддӣ ва мазҳакавӣ офаридааст. Рӯшантарин нақшҳояш дар синамо: бевазан дар филми Марат Орифов «Хандонтар нигар», Қумрии шаттоҳ дар филми Маргарита Қосимова «Марди мутааллиқи ду зан», модар дар филми Умед Мирзоширинов «Муҷассамаи ишқ» ва боз нақши модар дар филми бисёрсериягии ҳамин таҳиягар «Муҳаббат», нақши марказӣ дар филми Муҳаббат Сатторӣ «Пайванди шикаста» ва ғайра. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.
ГАРДИШИ АЙЁМ…
Оре, гардиши айём рӯзгори ҳунармандеро, ки бо истеъдоди баланди фитрӣ ба инсонҳо шодию фараҳ мебахшид, ба нокомӣ кашид. Муддати тӯлонӣ мариз шуданашро шунида дар моҳи шарифи рамазон ба аёдаташ рафтем. Ғайричашмдошт дарро бар рӯи мо худи ӯ боз кард бо чеҳраи шукуфон, лабони чун ҳамеша дар табассум. «Биёед, марҳамат!» - гуфт бо ҳамон навъ рӯҳияи қавӣ, вале худ аз роҳрав намеҷунбид. Ин дам фарзандаш Диловаршоҳ пайдо шуда салом дод ва ба модар ёрӣ расонд, ки роҳро холӣ кунад. Фақат ҳамин вақт мушоҳида кардем, ки ӯ бо ду асобағал базӯр ба по меистад.
- Назди табиб равон шуда будем, - узр хоста гуфт Тоҷинисо, - шумо гузашта шинед, духтарҳо ҳамин ҷо, мо пас аз ним соат меоем.
Мо аз ин ҳолат лол монда будем, вале ӯ ҳамоно табассум мекард:
- Ҳеҷ гап не, ҳамааш мегузарад, илтимос, аз боло гузаред!...
- Баъди ҷарроҳӣ ҳамин тавр шуд, - гуфт Дилафрӯз – духтари хурдии хона моро ба нишастан таклиф карда, - аз духтурони касбӣ дилаш мондааст. Чанд вақт боз ба назди кадом табиби халқӣ рафта меояд. Азоб дорад. Шаби дароз дард мекашад… - дар чашмони духтарак ашк ҳалқа зад.
Мо аз Дилафрӯз хоҳиш кардем, ки то омадани бемор, агар тавонад, моро бо бойгонии Тоҷинисо ошно созад. Ӯ албоми суратҳо, навори намоишҳои телевизионӣ ва як даста ҳафтаномаву маҷаллаҳоеро, ки дар бораи ҳунарманди тавоно мақола дарҷ карда буданд, пешкаш намуд. Мо аз ин маъхазҳо бо ҳаёти гузаштаи санъаткор бори дигар ошно гаштем…
ҲИДОЯТИ ТОҲИР СОБИРОВ
Аз хурдӣ дилбохтаи санъат буду дар пеши худ ҷиддан мақсад гузошт, ки маҳз ба ҳамин роҳ меравад. Вақте аз мақсади хеш падари зиёиаш Акрам Саидовро огоҳ кард, ӯ ба фарзанд не гуфта натавониста, чунин шарт пеш гузошт: «аввал омӯзишгоҳи тиббиро хатм мекунӣ, баъд ихтиёр дорӣ». Бо чунин шарт падар гумон дошт, ки бо гузашти вақт Тоҷинисо шояд аз ҳавову ҳаваси бачагияш даст бикашад. Вале орзуи санъаткор шудан барояш ҳавову ҳаваси бачагӣ набуд. Дар рӯзҳои нахустини таҳсил дар омӯзишгоҳи тиббӣ ба дастаи ҳаваскорони санъат шомил шуд. Соли охирини таҳсил иттифоқо гурӯҳи эҷодии «Тоҷикфилм» бо роҳбарии таҳиягари тавонои тоҷик Тоҳир Собиров барои банаворгирии филми «Хати парвоз» ба Кӯлоб омад. Тоҳир Собиров шӯҳрати дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи тиббиро шунида, аз ҳунари иштирокчиёни ин даста дидан карду онҳоро даъват намуд, ки дар як саҳнаи умумии филм ҳунар намоянд. Пас аз наворгирии муваффақона таҳиягари машҳур таклиф кард: касе хоҳиши ҳунарманди кино шудан дошта бошад, номашро ба рӯихати дохилшавандагони Донишкадаи умумииттифоқии давлатии кинематографии шаҳри Маскав (ВГИК) хоҳад навишт. Тоҷинисо пеш аз ҳама худро номнавис кард ва баъд аз гузаштани санҷиш ба дидори орзуи хеш муваффақ шуд…
БАҲОИ ҲАМКАСБОН
Бо навору рӯзномаву маҷаллаҳои пешниҳоднамудаи Дилафрӯз ошно гашта, андешаи ҳамкасбон, устодони санъати тоҷикро дар бораи нозукиҳои ҳирфаии ҳунари Тоҷинисо Саидова мутолиа кардем. Инак, намунае аз онҳо.
Убайдулло Раҷабов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
«Тоҷинисо ҳунарманди бомаҳорат ва нотакрор, зиндагиаш саҳна ва ҳадафи ҳаёташ ҳунар аст. Аз уҳдаи офаридани ҳама гуна нақш ба хубӣ мебарояд. Агар нақш ба табиаташ созгор биафтад, ба омодагии пешакӣ ниёз надорад. Тавре ки бо дӯстону пайвандон самимӣ суҳбат мекарда бошад, ҳамон тавр, бе ягон душворӣ самимона онро ба дараҷаи аъло меофарад».
Қиёмиддин Чақалзода, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
«Мо мисли Тоҷинисо Саидова дигар ҳунарманде надорем, ки симои бонувони одии кӯҳистонии тоҷикро ба ин дараҷа хубу самимӣ ва табиӣ офарида тавонад. Дар ин ҷода ӯ назир надорад, ягона аст».
Асалбек Назриев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
«Агар мардум дар толоре ҳамроҳаш нишаста бошанду аз ӯ хоҳиш кунанд, ки ба саҳна баромада нақши як зани шат-тоҳ ва ҳақоратчии кӯҳистониро бибоз, ӯ осонакак бархоста ин корро ба дараҷаи олӣ ба сомон мерасонад ва ҳамон тавр табиӣ омада дар ҷояш менишинад. Ин кор на ба ҳар кас даст медиҳад…»
Асланшоҳ Раҳматуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
«Ману Тоҷинисо аз хурдӣ шиносем. Ҳамсоя будем, якҷоя дар Маскав, дар Донишкадаи давлатии кинематографӣ таҳсил кардем. Айёми донишҷӯӣ дар як рӯзи таътил хоҳиш кардам, ки сару либоси миллӣ бипӯшад, то ба Намоишгоҳи хоҷагии халқ ба тамошо биравем… Дар намоишгоҳ ман ба тамошои ҳайкалу фаввораҳо андармон шуда, ӯро гум кардам. Ба қафо гашта дидам, ки дар майдончае мардуми бисёр ҷамъ омадаанд. Наздик шуда Тоҷинисои чаканпӯшро дар миёни анбуҳи хориҷиён дидам, ки бо рақсу ҳаракат-ҳои зебои тоҷикона диққати ҳамаро ба худ ҷалб месозад ва хориҷиён ӯро аз чор тараф аксбардорӣ мекунанд… Он рақсу ҳаракатҳояш чунон табиӣ ва зебанда буданд, ки каси дигар як сол агар машқ кунад, аз уҳдаи чунин кор намебарояд…»
Соро Сабзаалиева, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон:
«Мо дар Маскав ҳамсабақ ва дугона будем. Дар Ватан мисли хоҳар қарин гаштем. Шиносоиамонро беш аз чил сол шудааст, вале ягон бор надидаам, ки аз ҳунараш, аз шӯҳраташ фахри ноҷо кунад. Ҳама вақт як хел аст: одӣ, самимӣ ва меҳрубон. Дар офаридани нақшҳои мазҳакавӣ истеъдоди нодир дорад. Ҳар як санъаткор орзу мекунад, ки мисли Тоҷинисо табиӣ бошад».
БА ҚАДРИ ҲАМДИГАР БИРАСЕД, АЗИЗОН!
Занги дар садо дод ва бо ёрии Диловаршоҳ табассум дар лаб Тоҷинисо ворид гардид.
- Узр, андак дер кардем, - гуфт ӯ. - Маҳс фармуд табиб, маҳсгар, як зани дасташ сабукро низ ёфтем, иншооллоҳ ба табобат сар мекунем.
Мо аз таърихи беморӣ, вазъи саломатию табобаташ пурсон шудем.
- Ин дардро косартроз – хӯрдашавии устухон мегӯянд, - нафаси чуқур гирифта шарҳ дод Тоҷинисо, - он чанд сол боз маро ранҷ медиҳад. Бо ҷарроҳӣ табобат меёбад. Солҳои пеш беморонро дар хориҷа табобат мекарданд. Чор-панҷ сол шуд, ки дар Душанбе ҳам ин амалро духтурон иҷро мекунанд. Азбаски барои дар хориҷа табобат кардан маблағи кофӣ надоштам, ба вазири тандурустии худамон Нусратулло Салимов муроҷиат намудам. Худо баракаташ диҳад, ёриашро дареғ надошт. Маблағ ҷудо намуда, ба шӯъбаи ортопедии беморхонаи Қарияи Боло супориш дод, ки аз пайи табобат шаванд. Шумо парво накунед, иншооллоҳ, нағз мешавам ва боз нақшҳои нав ба нав меофарам!
Оре, ӯ иродаи қавию мустаҳкам, рӯҳи мӯқтадир дорад ва ҳатман аз болои дард ғолиб меояд. Вале дар ҳар сурат, агар ба қаъри чашмонаш зеҳн монӣ, ин шеъри шоир ба хотир мерасад, ки гуфта:
Ханда мебинӣ, вале аз гиряи дил ғофилӣ,
Хонаи мо андарун абр аст, берун офтоб…
Табиати инсон аҷиб аст. Чаро мо шахсиятҳои зебоиофарамонро то замоне ҳаводорӣ ва парастиш мекунем, ки сиҳату саломат ва пайи эҷоданд? Чун ба синни пирӣ бирасанд ё маризу нотавон бигарданд, аз эшон дурӣ меҷӯем. Гӯё на онҳо буданд, ки зиндагии моро гуворо ва фароғатамонро таъмин мегардонданд…
Вориси Шеърдӯст