Муҳаббат ҳадяи худованд аст. Агар чунин бошад, пас чаро инсон аз наомадани баҳори муҳаббати ҳақиқӣ гилаҳо дар дил дошта, умре бо худ дар ситез аст. Ба зиндагии ҳамшабеҳи зимистонаш ончунон одат мекунад ва ноаёну бехабар он ҳама орзую ҳавасҳои ночашидаву новарзидаи худро дар як кунҷи дили озурдааш гӯр мекунад. То рӯзе, ки Оламу Одам ҳаст, муҳаббат ҷовид хоҳад буд, зеро зиндагӣ бе он маънӣ надорад. Пас, ҳастии инсон аз муҳаббат вобаста аст. Дар туғёни он имону иродаи инсон обутоб меёбад. Як суҳбати телефонии мусофири дунёи орзуҳо маҷбурам кард, то рози ӯро бароятон ифшо созам. Ҳарчанд аз шунидани ин қисса чандин солҳо гузаштанд, аммо намедонам ба чӣ хотир ин фосила дар байн уфтод. Қаҳрамон бо номи шахси воқеӣ аст.
Ба ин диёри розҳо,ниёзҳо,
Савори рахши орзу.
Ба дӯш тӯшаи раҳ ёди ту,
Шудам раҳсипор
Дар он макони ошно,
Дидам ҳама валангор
Не боз дари умеди хонаи дил,
Ҷои гули ишқ шукуфта гули хор.
Ба худ гуфтам дар ин диёр
Ки бигзашт ҷавониям,
Маро касест интизор?
Наёмад садое ба ҷуз оҳи ашкбор…
Будам чу як мусофире,
К-омаду рафт аспсавор….
- Алло? - Шумо маро мешунавед?
- Одами солим ҳаст дар ин дунёи макру фиреб?
- Ишқ ҳаст? Виҷдон? Адолат ҳаст?
- Бадбахтии ман дар он аст, ки кошонаи умедам валангор гаштаву эҳсоси боварӣ тани дардманди маро кайҳо тарк кардааст. Худоё, муҳаббатро, ки поктарин рӯёи эҳсоси одамӣ мегӯянд – дурӯғ будааст. Инсон махлуқеро монад ,ки нафсаш бунёду анҷоми орзуву ҳавасҳояш бошад.Чаро зиндагӣ ин қадар мураккаб бошад, ҳарчанд чигили ҳамагуна сарсониҳо аз худи мо сар мезанад.
- Ба фикрам шумо маро фаҳмидед?
Фосила..
Худоё, чӣ гуфтан мехост ӯ? Аз куҷо занг заду кӣ буд?
Боз занги телефон банди хаёли маро гусаст. Боз ҳамон садо? Боз ҳамон дардошно?
- Аз ин занги телефонӣ узр мехоҳам аз шумо. Исми ман Давлат аст, вале давлат надорам.
- Гӯш мекунед?
- Чаро не…
Тақдир маро сират, давлат, макон, хешу ақрабо, хона, шароит, умуман он ҳамаро, ки барои инсон дар рӯзгор ҳатмӣ аст, беш дода на кам, аммо саломатӣ надорам. Худованди замину осмон инсонро аз чашму по маҳрум насозад. Дунёро мебинам, шукри худо, аммо ба рӯи замини офаридаи худо гаштан маро насиб нагашт. Аз хурдсолӣ бо дард ошно ҳастам, ки кулли орзуҳои новарзидаи маро, ҳанӯз ҳавасҳои тифлонаи маро зеру забар намуда. Бовар кунед, одат намудам ба ҳама оне, ки худо маро дода. Шукрона аз он мекардам, ки азизони зиёде дорам, дӯстони меҳрубон дар барам ҳастанд. Ҳар чизе, ки хоҳам, маро даст диҳад, зеро сарват дорам. Баъзе вақт сахт дилгир шавам, модарамро мегӯям:
- Давлат баҳри чӣ ном гузоштед, ки имрӯз давлат надорам. Давлати бедавлатам? Худро масхара аз он мекунам, ки масхараи тақдир шудам. Агар не, чаро парвардигор аввал «Одам» баъд аз он офарид зебоиро бо номи «Ҳавво», ки зан аст. Офарид ин мавҷудро, ки баробари ҳастияш офарид зебоиро, тавлид намуд муҳаббатро. Ва ин мавҷуди латиф чун фариштаи наҷот зиндагии бесомони маро сомон бахшид.Ӯ ҳамшираи шафқат, дармонбахши дардҳо буд. Исмаш Мавҷигул. Соли дароз зери табобату назорати ӯ қарор доштам. Ҳамшираи шафқат ҳамрозу ҳамдами ман гашт. Муносибати ҷиддӣ надоштем, аммо тасаллобахши ҳар рӯзи нокоми ман буд. Хуллас, аз он олами поку самимию беолоиши «ишқ» гузар кардам. Акнун ҳар рӯзам чун афсонае мегузашт. Дарди худро фаромӯш кардам. Номи маро бо меҳру навозиш ово мекард. Ва рӯзе овои ӯ маро кора кард:
- Давлат, ҷон Давлат, мисли ту одаме бошад дар зиндагӣ? Худоё, хушбахтам, ки туро вохӯрдам. Медонӣ, туро… туро дӯст медорам.
- Намедонам, он лаҳза худро чӣ гуна дарёфтам. Дар кадом ҳолат қарор доштам? Аммо сахт метарсидам, ки ин гуфтаҳо самимиянд, ё масхараи навбатии такдири нокоми ман. Худоё, ишқ неруи зиндагӣ будааст. Самимияту шафқат ва меҳрубониҳои Мавҷигул чу мавҷи дарё маро дар худ фурӯ нишонд. Нигоҳи басо мафтункунанда дошт. Ростӣ, муҳаббат иродаи маро ба зиндагӣ мустаҳкам намуд. Кӯшиш мекардам ба ҳар муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз намоям. Агар худ чорае дида наметавонистам, сарвати падар, ки маро мерос буд, калиди баъзе мушкилиҳои дӯстонам гашт. Аз ҷумла, тамоми мушкилоти ин бонуи дилфиребро ман бе дудилагӣ ҳал мекардам. Рӯзҳо пайи ҳам гузаштанд. Муҳаббат маро нерӯманду оқилтар, меҳрубону нексиришттар гардонд. Агар соле пештар зулмоти ғаму андӯҳ ҳамболини ман буд, акнун муҳаббат кошонаи маро рӯшан мекард. Ҳар субҳи худро бо як ҷаҳон орзу пешвоз мегирифтам.
- Аҷабо, муҳаббат бунёду анҷоми ҳавасҳои новарзидаву ночашидаи ман гардид.
- Пурсон мешавед, ки ба чӣ хотир аз анҷоми орзуҳои хеш сухан меронам? Муҳаббат поктарин рӯъёи эҳсоси одам аст? - Дурӯғ, ба худо дурӯғ аст! Мани дардмандро кӣ дӯст медорад? Мани гумроҳу нодон шайдои ӯ гашта ба ҳама суханонаш бовар кардам.Умед кардам ба ишқи худ, ба маҳрами рози худ. Рӯзе дӯстам омаду гуфт:
- Давлат, хабар дорӣ, ки ҳамшираи меҳрубони ту шавҳару кӯдак дорад. Ба хотири пул бо ту ошной кард. Ман намехостам туро аз ин ҳақиқати талх воқиф созам, аммо фиребу найранги он «шоҳпарии ишқ» маро асабонӣ намуд. Бубахш маро, туро ранҷондан намехос-там. Ва дигару дигар… Бисёр сухан аз ину он гуфт, аммо гӯшам садое намешунавид. Пеши чашмонам фақат он нигоҳи дилбаронаи ҳамшира намудор гашту халос. Дар олами хаёл солим будаму аз ишқ комрон гаштани худро сахт орзу мекардам. Банди хаёлоти орзуҳои ширинро раъду барқи даҳшатзо, тарсу хаёлҳои мушав-ваш тика-тика кард. Ва синаи осмони он орзуи дастнораси маро бишкофт. Барои исботи сухани дӯстам нашитофтам, зеро вохӯрии шавҳари ӯ бароям басанда буд. Медидам пеши худ марди солим,чеҳраи зебо…
Бехабар побанди дурӯғи навбатӣ гаштам. Не, ин навбат низ масхараи такдир шудам ва он руҳи маро шикаст. Шикаст иродаву боварии маро ба оламу одам. Ай худои меҳрубон, тақдири шуми ман басанда набуд, ки боз аз ҳоли будаам бадтарам кардӣ.Муҳаббат атоям кардиву олам шинохтам, аммо одамро нашинохтам, ки чӣ сон бадгуҳару бадсиришт мавҷудест. Бандаи ту, ай худо, кушандаи орзую ҳавасҳои ман гашт.
Фосила…
- Шумо то ҳол маро гӯш доред?
- Бале.
- Хаста нашудед?
- На.
- Ба чӣ хотир ба ман занг задед? Аз қиссаи шумо дигаронро огаҳ созам
- Ихтиёри шумо.
- Инсон, агар аз ишк шикаст бинад, бадтарину бедавотарин дард будааст. Пас инсони солим ҳаст? Виҷдон? Адолат ҳаст? Баҳри чӣ макру фиреб? Аз худо наметарсанд? Давлати бедавлатам ман. Давлатам ку?
Баъд аз ин суҳбат як воқеаи аҷибе ёдам омад, ки дар яке аз барномаҳои телевизиони Русия дида будам ва ба чашму гӯши худ бовар накардам. Зане, ки модарзод аз ду даст маҳрум буд, бо шавҳараш дар ин барнома иштирок карда аз зиндагии хушбахтонаи худ ва фарзандони солиму дӯстрӯякаш сухан меронд. Худованд тамоми неъмати ҳаётро ба инсон фавровон ҳадя намекунад. Ҳар кадоме аз мо дар ин рӯзгорон норасоие дорем, аммо кадом вақту замон бо амри дил кор кардану ба ҳарфи калби ҳамдигар гӯш карданро ёд мегирем? Ба хотири сарват ва ҳалли проблемаҳо бо эҳсос бозӣ нашояд, ки тири алмос бар дил аст. Қотили эътиқод нагардед, ки боварӣ аз байн хоҳад рафт. То он андозае бемеҳру бепарвоем, ки оҳанги зиндагӣ ба гӯши мо намерасад.Охир, мо дар паҳнои ҷаҳон як мушти ғуборем аз ин дунё. Давлат худро Давлати бедавлат мегӯяд. Боре андеша кардед, ки магар мисли ӯ инсонҳо дар олам каманд? Худованд барои ӯ дили бузург ҳадя намуда, ки на ҳар инсон ин давлатро дорост.
Аз байн чанд сол гузашт. Намедонам он нафар имрӯз чӣ ҳол дораду дар куҷост, аммо медонам дар зиндагии мову шумо тақдирҳое ҳастанд, ки аз дидану шунидани он чашми диламон бедор гашта шукронаи ҳамин даму фурсат мекунем. Дар зиндагӣ қиссаҳои аҷиб ҳастанд, ки то ин дам хеле зиёд шунидаам, аммо боз фосила…
Шаҳлои Насриддин