Ҳамкорон ёдовар аз он мешуданд, ки ҳанӯз чанд ҳафта қабл аз фарорасии ид бонувони тоҷик омодагиро шуруъ менамоянду шаб то саҳар хӯришу ширинӣ, тортҳои рангобарангу нону самбӯса мепазанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мардҳо тақрибан дар ин ҷараён ҳамроҳ намешаванд ва рӯзи ид бо дӯстону ҳамсояҳо бе кашидани дарди миён, сари дастархони пурнозу неъмат нишаста дуо мехонанду аз хӯроку неъматҳои фаровон баҳра мебардоранд. Ба андешаи ҳамқаламон ид баъзан ду рӯз идома меёбаду мардҳо ҷуз истироҳату тафреҳ дар ин маросим нақше надоранд. Илова бар ин, ба андешаи онҳо баъд аз ба итмом расидани ҷашн боз ҳам мардони хонадон сари кор мераванду ғуну дор ва рӯбучини хона бар дӯши бонувон мемонад.
Баъд аз мушоҳидаву омӯзиши масъала имрӯз ба натиҷа расидам, ки на ҳама мақолаҳову нигоштаҳои рӯзноманигорон пиромуни ин мавзуъ воқеият доранд (зеро аксари онҳо намояндагони ҷинси латифанд).
Қабл аз ҳама мехостам дар бораи он назари хешро иброз дорам, ки барномарезии ҷашн аз сӯйи кӣ дар оила сурат мегирад. Бидуни шаку тардид метавон гуфт, ки барномарезии оростан ва ҷашн гирифтани иди Рамазон ва Қурбон дар аксари хонаводаҳо аз ҷониби занҳо сурат мегирад. Онҳо тасмим мегиранд, ки чанд навъ хӯриш бояд таҳия гардаду чанд намуд хӯрок пухта шавад. Онҳо тасмим мегиранд, ки дастархонро чанд намуд мева оро диҳаду дар он чанд навъ обмеваю обмаъданӣ бошад. Интихоби ранги дастархон, пардаи утоқ, қолини хона низ дар ихтиёри бонувони арҷманд аст.
Суоли мантиқие пеш меояд, ки нақши мард дар ҷашн гирифтани идҳо дар чист? Бо таассуф бояд иқрор шавем, ки ба андешаи аксари бонувон мардҳо чандон нақши «муҳим» надоранд, зеро пиромуни масъалаҳои мазбур занҳо аз онҳо маслиҳате намегиранд. Аммо, агар каме жарфтар ба ин масъала назар андозем рӯшан мегардад, ки қисмати аз ҳама муҳим бар дӯши онҳост. Аввалан, харидан ва ба хона овардани тамоми маҳсулоти дастархони идона бар уҳдаи мард аст. Бонуи хона ҳатто боре аз худ суол намекунад, ки ин маблағи ҳангуфтро мард аз куҷо меёбад, оё маоши ӯ барои харидорӣ намудани ин ҳама нозу неъмат басанда аст ё на? Дуюм, агар мард маблағи зарурӣ надошта бошад ҳам, ин бонувони моро ба андеша водор намесозад. Ба андешаи онҳо марди хона бояд ҳар гунае набошад, ин маблағро пайдо кунад ва дар ихтиёри онҳо вогузорад. Баъдан ин маблағро чӣ гуна пардохт намудан ҳам мавриди андешаи бонувони мо қарор намегирад.
Муҳимтар аз ҳама посух ба ин суолҳост, ки оростани дастархон дар чунин шакли густурда ва ба қавле пурнозу неъмат ба кадом хотир аст? Оё чунин харҷ воқеан барои ҳама оилаҳо зарур аст? Оё дину мазҳаб ва расму оини ниёкон ҳамин тарзи дастархонороӣ ва харҷи беҳударо аз мо тақозо дорад? Оё бе ин ҳама намозу рӯзаи мардум ба даргоҳи Худованд пазируфта намешавад? Оё бо қарз оростани дастархони идона аз назари руҳониён ва мутахассисини дин қабул аст? Ва ниҳоят, баъд аз гузаштани рӯзи ид ба сатилҳои ахлот партофтани неъмат гуноҳ ва ношукрӣ ба неъматҳои Офаранда ва заҳамоти худи мо нест?
Мавриди зикр аст, ки чунин тарзи ҷашнгирии ин ду ид, хушбахтона, на дар ҳама манотиқи Тоҷикистон дида мешавад. Ин далел гувоҳи онаст, ки на ҳама занҳои ҷумҳурӣ ба чунин «мариз»-ӣ гирифтор шудаанд. Ба хотири паҳн нагардидани он бояд неруҳои рӯшанфикр, аҳли зиё ва руҳониён аз он ҷилавгирӣ намоянд. Ба андешаи Мирзо Толиб, сокини шаҳри Душанбе, фарорасии ид ба ғайр аз шодмонӣ дар ниҳоди инсон ғаму андуҳ низ меоварад. «Як моҳ то ид шабурӯз меандешам, ки ҳазинаи оростани дастархони идонаро чӣ гуна пайдо кунам. Маоши ман, ки омӯзгорам барои таҳияи дастархон намерасад. Бояд ҳадди ақал се моҳ аз маошам дираме харҷ накунам, то он барои харҷи дастархони идона бирасад. Баъзан аз шиносе қарз мегирам, гоҳо писарам аз Русия пул мефиристад. Кош, мардуми мо ба фаҳми маънии аслии ид сарфаҳм мерафту аз чунин харҷи зиёд худдорӣ мекард», –мегӯяд ӯ.
Ҳамсуҳбати дигар ман Дилрабои Ҷобир ба ин назар аст, ки чунин тарзи оростани дастархонҳои бузург ва харҷи зиёд аз безавқӣ ва камсаводии занон сарчашма мегирад. «Ба хотири худнамоӣ чунин ҳолатҳо рух медиҳанд. Агар ҳамсояе дастархони калон ороста кард, ҳамсоязани дигар ба ин андеша, ки «ман аз ӯ чӣ камӣ дорам» дастархони худро ба вай баробар ё аз вай калонтар мекунад. Имрӯз мебинем, ки дар як дастархон се-чор торт мегузоранд. Инро агар дар тарозуи ақл бисанҷем, хеле нигаронкунанда аст».
Агар ба сарчашмаҳои даромади оилаҳои тоҷик назар афканем, мебинем, ки дар муқоиса ба дигар мардуми кишварҳои ҳаммарз ва ё собиқ шӯравӣ хеле заъф дорад. Барои зиндагии шоиста кифоят намекунад. Пас, чаро бо ин ҳама нодорӣ талош дорем худро аз дигарон доротару хушбахттар вонамуд созем? Барои чӣ кӯшиш намекунем, ки ба фарзандон маълумоти олӣ бидиҳему ба онҳо имкон фароҳам оварем, ки зиндагии шоиста дошта бошанд? Чаро бандча - бандча бемориҳоро дар бадани худ солҳои тӯлонӣ «ҷамъ» карда, муолиҷа наменамоему барои худнамоӣ омодаем ҳама кори аз дастамон меомада ва намеомадаро бикунем?
Дар ниҳояти матлаб бо намояндагӣ аз мардон аз ҳама бонувони арҷманд хоҳиш мекардам, ки то расидани иди дигар, ки ду моҳ беш намондааст, сари ин ҳама гуфтаҳо андеша намоянду аз баҳри худнамоӣ гузашта, ҷиҳати обод кардани зиндагии худу фарзандон талош варзанд.
Фароруни Сабзқадам