Тайи таҷрибаи нимасраи омӯзгорӣ ба хулосае омадам, ки дар ҷумҳурӣ таълиму тарбия ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Барномаҳои таълимиву китобҳои дарсии хонандагон ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набуда, ба ислоҳоти пурра ва ҳамаҷониба ниёз доранд. Афсӯс, ки бинобар набудани стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, консепсияи стандартҳои фаннии таҳсилоти умумӣ ва амал накардани шӯрои дифоъ доир ба методикаи таълим, ҳанӯз ҳам барномаву китобҳои дарсӣ сар-сарӣ навишта шуда ва ё аз забонҳои ғайр тарҷума гардида, таҳаввулоти ҷиддӣ мехоҳанд. Маҳаки барномаву китобҳои дарсӣ, стандарти давлатӣ ва консепсияи стандартҳои фаннии таҳсилоти умумӣ бояд дар асоси Конститутсия, Қонун «Дар бораи маориф», Қарор «Дар бораи Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарор «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарор «Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз рӯйи он барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ рӯйи кор оянд. Зеро Стандарт ва Консепсияи стандартҳои фаннии таҳсилоти умумӣ ҳадди ақали сарбории фанҳои таълимӣ, сатҳ ва сифати тайёрии хонандагон ва натиҷаҳои таълими фанҳоро мутобиқи самтҳо возеҳу равшан муайян менамоянд. Агар дар ҷумҳурӣ Шӯрои дифоъ доир ба методикаи таълим, минҷумла методикаи таълими адабиёт мутобиқи тахассуси 13.00.02 (назария ва методикаи таълим ва тарбия) амал мекард, он гоҳ тамоми мавзуъҳои барномаҳои таълимиву китобҳои дарсӣ аз лиҳози илмӣ тадқиқ гардида, барои хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ ҳеҷ гуна мушкил пеш намеовард, омӯзгорон на як - ду сол, балки даҳ-понздаҳ сол аз барномаву китобҳои дарсии стандартӣ самаранок истифода мебурданд.
Аз ин рӯ, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар ҷумҳурӣ сатҳи таълиму тарбия ҳанӯз ҳам паст буда, ба талаботи кунунӣ ҷавобгӯй нест. Чунки мушоҳидаҳо ва таҷрибаи бойи қариб нимасраи омӯзгорӣ собит менамоянд, ки тарбияи имрӯзаи хонандагони мактаб-ҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ хеле ва хеле костааст. Ба дигар маънӣ, ҳарчанд таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баробар ба роҳ монда мешаванд, аммо тарбия аз таълим фарсахҳо дур мондааст. Одобу рафтор ва гуфторҳои бемаънии духтарон ва бахусус писарон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дашномҳои қабеҳи эшон дар мактабу хона, кӯчаву хиёбон, ҷангу ҷидол ва кашмакашҳои байни мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии баъзе ноҳияҳо ва пойтахти кишвар, шикастани шишаҳои истгоҳу муассисаҳои таълимӣ, дар истгоҳу роҳравҳо навиштани ҳар гуна суханони қабеҳ ва даҳҳо мисолҳои дигар аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар нақлиёти ҷамъиятӣ мушоҳида менамоям, ки ҷавонон ба куҳансолон ҷой намедиҳанд. Чанде пеш дар автобуси рақами 8 кампири кӯзапуште вориди нақлиёт гардида, дар паҳлуи духтаре қарор гирифт. Духтар бо баҳонаи китобхонӣ худро ба нодонӣ зада, аз ҷояш намеҷунбид. Танҳо баъди он ки марде: «Духтарам, ба ин кампир ҷой деҳ»-гӯён хитоб намуд, духтар, ноилоҷ ва бо дили нохоҳам аз ҷояш хест. Дар троллейбуси рақами 2 аз истгоҳи назди телевизиони «Сафина» 7-8 хонанда ворид гардида, ба дашномдиҳии қабеҳ шуруъ намуда, оқибат ба ҳам дарафтоданд. Танҳо баъди дахолати мусофирон онҳо ором гаштанд.
Аз суҳбату вохӯриҳо бо падару модарон маълум гардид, ки маънавиёт ва сатҳи дониши баъзе волидайн роҷеъ ба таълиму тарбия хеле паст аст. Дар ин гуна оилаҳо ҳавасмандии умумӣ вуҷуд надорад. Ин қабил падару модарон ба натиҷаи дониши фарзандон мароқ зоҳир намекунанд, хулқу одоб ва натиҷаи таҳсили ҷигарбандонро зери назорат намегиранд. Чунин бепарвоӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо тарбияи дуруст надидаанд. Аз ин лиҳоз, аз уҳдаи тарбияи фарзанд ба хубӣ намебароянд, ҳол он ки волидайн вазифадоранд аз хурдсолӣ дар ниҳоди фарзандон одобу ахлоқи ҳамида, некиву накӯкорӣ, мардиву бурдборӣ, раҳму шафқат, нотарсӣ, далерӣ, чолокӣ, олиҳимматӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва амсоли инҳоро тарбия намуда, дар оила эътиқоду боварӣ ва иззату эҳтиромро ба кӯдак омӯзанд ва бо ин роҳ дӯст ва мураббии онҳо гарданд.
Тибқи ахбори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар одамон ба сигоркашӣ машғуланд, ки дар байни онҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ шомиланд. Мутобиқи омори ин созмон ашхоси сигоркаш чунин муайян гардидааст: 18 то 24-сола – 22 %, 25 то 44-сола – 22,8 %, 45-64-сола – 21 % ва аз 65-сола боло 8%-ро ташкил медиҳанд. Пас 26,2 %-и сигоркашон ҷавонони то 18-соларо дар бар мегиранд, ки дар байни ин фоизҳо ашхоси сигоркаши тоҷик низ ба ҳисоб гирифта шудаанд. Хушбахтона, баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба тасвиб расид, ки истифодаи тамокуро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд менамояд…
Андармони ин мисолҳо, солҳои мактабхонӣ пеши назар меоянд. Мо, хонандагони солҳои 60-70-ум, дар мактабҳои пасту торик, тангу хунук ва бо бӯрёву қамиш пӯшонидашуда дарс хонда, аз ноилоҷӣ тобистону зимистон бо калӯшу маҳсӣ ба мактаб мерафтем. Он вақтҳо перои ручкаро ба ранг-дон тар карда, варақҳои дафтарҳоро пур мекардем. Саъю кӯшиш ба харҷ медодем, ки ранги ручка ба болои китобу дафтарҳо нарезад. Ба болои китобу дафтарҳо рӯпӯш дӯхта, онҳоро тозаву покиза нигоҳ медоштем. Он китобҳоро бародарон ва ё хоҳарони мо низ беосеб истифода менамуданд.
Ҳоло чӣ? Хонандагон дар мактабҳои наву замонавӣ таҳсил намуда, аз таҷҳизоту технологияи муосир фаровон истифода мебаранд. Аммо савияи дониш ва бахусус одобу ахлоқи онҳо аз хонандагони солҳои 70-80 пасттар аст.
Агар бо ҳаёту фаъолияти имрӯзаи ҷумҳурӣ бо чашми хирад бингарем, ба назар чунин менамояд, ки тамоми роҳбарони давлативу ҳизбӣ, арбобони сиёсии бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳз тарбиятгирандагони ҳамон давраанд, ҳарчанд ки он замон теъдоди номзадҳои илм, докторон ва бахусус академикҳо хеле кам ва ангуштшумор буд. Ба назар чунин мерасад, ки 9 мактаби олии онвақта дар бобати тарбияи ҷавонон назар ба беш аз 30 мактабҳои олии имрӯза бартариҳои зиёде дошт. Яъне сифати тарбия, бахусус одоби ҳамида, муошират, иззату эҳтиром ва интизоми намунавӣ бағоят баланд буд.
Айни ҳол Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар саросари кишвар мавзуи доғи рӯз буда, бурду бохти он арзёбӣ мегардад. Зеро нуқсу иллати миллат, пеш аз ҳама ба таълиму тарбияи насли наврас вобаста аст.
Дар урфият мақолҳои «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар», «Фарзанди нағз боғи падар, фарзанди бад доғи падар» ва монанди инҳо вирди забонҳост.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) зиёда аз ҳазору чорсад сол муқаддам фармудааст: «Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ба онҳо ба одобу рафтори нек бархурд намоед, ба фарзандони худ дар анҷоми некӣ ва ҳашр ёрӣ расонед».
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии хеш оид ба лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қайд карда буд: «Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯйӣ намояд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъ-алаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд». Сарвари давлат дар ин суханронӣ баъзе мисолҳое меорад, ки ташвишоваранд: «Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои охир дар қаламрави кишварамон аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки бевоситаи онҳо 4200 адад ҷиноят содир шудааст, ки ин боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Махсусан аз тарафи ноболиғон содир гардидани ҷинояти ниҳоят вазнини одамкушӣ (104 нафар) нигаронкунанда аст. Аз ин шумора, дар 16 ҳолат фарзандони ноболиғ даст ба куштори падару модарон задаанд. Ва баръакс дар 12 ҳолати дигар аз ҷониби падару модарон куштори фарзандон ба қайд гирифта шудааст, ки амали бисёр нангину даҳшатнок мебошад. Илова бар ин, тибқи маълумоти мақомоти судӣ баъди таваллуд аз ҷониби баъзе модарон ба ҳалокат расонидани тифлони навзоди худ низ вуҷуд дорад… Дар давраи зикргардида ноболиғон ба дигар ҷиноятҳои вазнин, аз қабили дуздии молу амвол, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва роҳзанӣ даст зада, қариб 3000 адад ҷиноят содир кардаанд».
Ба ин маънӣ, ҳарчанд Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба кори таълиму тарбия таконе дод, вале он ҳанӯз ҳам пурра ҳаслу фасл нагардидааст. Аз ин рӯ, агар хоҳем, ки таълиму тарбия аз тарафи аҳли ҷомеа хуб ба роҳ монда шавад, дар ҷумҳурӣ қонуни дигар, яъне «Дар бораи ахлоқ» қабул шавад, зеро айни ҳол ахлоқ дар мактабҳои оливу миёна хеле коста буда, ба таҳаввулоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ,