Ёздаҳ моҳи сол инсон ба хотири таъмини хонавода ва пасандоз намудани маблағи муайяне барои истироҳат ва тафреҳ кор мекунад. Ниҳоят, баъд аз интизориҳои зиёд ва хаста гардидани ҷисму руҳ моҳи охир сипарӣ мегардад ва тайи чанд моҳи ахир мо тарҳрезӣ месозем, аз тариқи Интернет пайгирӣ менамоем ва билохира ҷойеро барои тафреҳ интихоб мекунем.
Аммо ду мушкил дар миён мемонад. Яке фарҳанги тафреҳро надонистани мо ва дигаре ҳам аз фарҳанги пазироӣ огоҳ набудани масъулини истироҳатгоҳе, ки рӯйи он барнома рехтаем.
Дар мавриди мушкили аввал. Ҳамкоре қисса кард, ки баъди ба истироҳатгоҳ расидану маскун шудан, дар тааҷҷуб мемонад, ки ҳамсафарони ӯ барои чанд рӯзи аз пойтахт берун рафтан, ҳанӯз барномаи мушаххасе таҳия насохтаанд. «Баъд аз субҳона онҳо вориди ҳуҷраҳои худ гашта, то зуҳр хоб мерафтанд. Хӯроки нисфирӯзиро мехӯрданду сар рӯйи болишт мегузоштанд. Баъд аз таоми шом каме суҳбат карда, боз ҳам хоб мераванд. Тамоми лаззати зиндагӣ барои ин гурӯҳ хоб аст. Гӯиё на табиати зебое онҳоро дар оғӯш гирифтаасту на кӯҳҳои сарбафалаккашида ва на садои фораму таскинбахши дарё ба гӯши онҳо мерасад…»
Ҳоло бояд аз худ суол кунем, ки вақти ба мураххасӣ рафтан кадоме аз ин корҳоро мо анҷом медиҳем ва барои чанд соли баъдӣ барномаи тафреҳ таҳия кардаем. Фикр мекунам, посух тақрибан маълум аст. Дар ин ришта мо маълумоту фарҳанги кофӣ надорем ва зиёда аз ин, талоше ҳам барои ислоҳи кор намекунем. Пас, чӣ гуна хастагии руҳ ва ҷисм бояд рафъ гардад?
Дар мавриди мушкили дувум. Мусаллам аст, ки аз назари иқтисод кишвари мо чандон пешрафт накардааст ва мутаносибан сатҳи зиндагии мардум чандон баланд нест. Биноан моҳонаи мо ва маблағи пасандозамон барои сафар кардан ба кишварҳои пешрафта ва зебою барои тафреҳ шароитдошта намерасад. Бинобар ин бояд барои истироҳат аз ҷойҳои дидании ҷумҳурӣ дидан намоем ва маҳаллеро интихоб созем. Даст рӯйи қалб гузоштаву боясти иқрор созем, ки табиати зебо ва нотакрор дорем, аммо мушкил сари он аст, ки мутасаддиҳои тафреҳгоҳҳо то куҷо кори худ-ро аз рӯйи виҷдон анҷом медиҳанд ва то чӣ ҳад аз фарҳанги пазироии сайёҳон ва мардум огоҳ мебошанд.
Чанде пеш ба яке аз истироҳатгоҳҳои зебоманзари Тоҷикистон рафтем. Маҳалли интихобнамудаи мутасаддии идораи мо хеле зебо буд. Табиати сабзу кӯҳҳои баланд, дарёи равону гулҳои хушбӯй дошт. Аммо бинои истироҳатгоҳ хеле қадимаву хароб буд, зеро дар замони шӯравӣ сохта шудаву солҳо боз рӯйи таъмирро надидааст. Рахтхобҳо хеле касифу шикаста ва аз ҳама бадтар муносибати роҳбари ин истироҳатгоҳ буд. Хеле дағалона бо меҳмонон ҳарф мезад ва намефаҳмид, ки ин мардум барои истироҳат омадаанд ва маблағи муайянеро масраф намудаанд. Мехоҳанд шароити тафреҳи хубе дошта бошанд ва пазироии накӯ вазифаи аввалиндараҷаи мутасаддии истироҳатгоҳ аст. Вақте дохили утоқи гаронбаҳои «люкс» шудам, аз роҳбари муассиса суол намудам, ки чаро бо ин ҳама ҳазинаи гарон утоқ ҳатто оина надорад? Аз суолам тааҷҷуб карду гуфт: «Шароити мо ҳамин аст, дигар шумо аз мо чӣ мехоҳед?» Номери «люкс» на оина дошту на ташнобаш кор мекард, на пиёлае дошту на тамиз буд. Рахтхоб ва болишташ гӯиё аз санг фароҳам шуда буд. Таҳаммулро аз даст дода, борхалтаамро гирифтаму аз утоқ берун шудам. Ба ӯ гуфтам, ки ҷой дигар меравам. Тааҷҷубаш зиёдтар гашту гуфт: «Магар шароити мо бад аст?»
Аз суҳбати кӯтоҳе, ки бо ин мард доштам, бароям маълум гардид, ки аз фарҳанги пазироии меҳмон ва муҷаҳҳаз сохтани осоишгоҳ аслан хабаре надорад.
Агар мавзуъро хулоса намоем, ба натиҷае мерасем, ки бояд ҳар фарди ҷомеаи мо фарҳанги тафреҳро биёмӯзад, то дар ояндаи наздик битавонем қабл аз ба мураххасӣ рафтан, барномае бирезем ва мутасаддиёни истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ низ ашхоси тасодуфӣ набошанд. Боястӣ дар ин ришта мутахассисони ҳирфаӣ тарбия намоянд. Илова бар ин, бояд дар назар дошта бошем, ки ба ин тафреҳгоҳҳо на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ низ ташриф меоранд ва сайёҳӣ як бахши аъзами пешрафти иқтисоди кишвар буда метавонад.
Фароруни Сабзқадам