Сокини шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен Муҳаббат Юлдошева касби падарии хешро идома дода, ба сандуқсозӣ машғул аст. То пайвастан ба кори сандуқсозӣ хайёта буд ва тайи бист сол либос медӯхт. Вале замоне расид, ки ниёз ба кори хайётон камтар гардид ва Муҳаббат мебоист чаҳор нафар духтарони қадраси хешро соҳиби хонаву дар мекард. Шавҳараш сартарош буд ва кашидани бори сангини рӯзгор барояш мушкилӣ мекард. Ин аст, ки тақрибан сездаҳ сол қабл Муҳаббат тасмим гирифт, то пешаи падарияш- дуредгариву наҷҷориро идома диҳад. Ҳанӯз кӯчак буд, ки падараш усто Мазбут ӯ ва шаш нафар бародарону хоҳаронашро ҳар рӯз пас аз чошт ба наздаш мехонд ва ҳунари сандуқу гаҳворасозиро барояшон меомӯзонд. Ба дасти ҳар яке тешаву арра, исканаву рандаву мӯқалам дода, шеваҳои омода кардани ин ду ҷиҳози барои ҳар як хонадони тоҷик заруриву муҳимро ёд медод. Барояшон аз забони Шайх Саъдӣ панд медод, ки «Ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд ва симу зар дар сафар ба маҳали хатар аст. Ё дузд ба як бор бибарад ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад. Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Ва агар ҳунарманд аз давлат бияфтад ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳарҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинад ва сахтӣ бинад».
– Арраи барқӣ ва дигар асбобҳои наҷҷорӣ харидам, – ба ёд меорад рӯзҳои нахустини оғози мустақилонаи ҳунари наҷҷорияшро Муҳаббат. – Он арра ҳамзамон тахтаи буридаро низ ранда мекард. Арраро дар як гӯшаи ҳавлияш насб кард. Аз пайи дарёфти чӯбу тахта шуд. Падар ҳангоми кор ба фарзандон таъкид медошт, ки сандуқу гаҳвора бояд аз чӯби булуту санавбар сохта шаванд, зеро онҳо аз намию рутубат тоб намепартоянду каҷ намешаванд ва аз обу рутубат намепӯсанд. Гузашта аз ин, чӯби ин дарахтҳо баъд аз ранда кардан хеле суфтаю ҷилодор мешавад. Сандуқ дар баробари нигаҳдорандаи бегазанди ҷиҳозу бисоти хона буданаш, бояд ҳамчунин зебу зинат ва шукӯҳбахш низ бошад.
Ба ӯ духтаронаш - Маҳлиё, Мунав-вар, Муҳаррам, Муҳайё ва писари ягонааш Нозимҷон дастёр шуданд. Яке тарҳи сандуқро сохта мехкӯбӣ мекард, дигаре ҳалқа мешинонд, савумӣ дар тунука гул мекашид ва чаҳорумӣ ранг мекард. Панҷумӣ коргоҳро тоза нигоҳ медошт. Баъдан, шавҳараш Миряҳё низ ба онҳо шарик шуд.
Сандуқҳои сохтаи Муҳаббат зуд харидор пайдо карданд. Ба тадриҷ овозаи сандуқҳои сохтаи Муҳаббат ба гӯши сокинони ноҳияҳои кишварҳои ҳаммарзи Ӯзбекистону Қирғизистон расид. Аз Тошканду Бекободу Оҳангарону Ботканд харидорон омада, сандуқҳои ҳаҷму андозаашон гуногунро фармоиш медоданд. Ба ӯ мегуф-танд, ки «очасандуқ» бояд бо «бачагон»-у «наберагон» -аш сохта шавад.
– Ҳоло мавсими кор нест, – мегӯяд Муҳаббат. – Бозори сандуқ асосан пас аз моҳи шарифи Рамазон ва тирамоҳ -айёми арӯсиҳо гарм мегардад. Ин аст, ки ӯ ҳамарӯза бо сохтани як ё ду сандуқ иктифо мекунад. –Дуредгарию наҷҷорӣ хоси бонувон нест, – идома медиҳад суҳбати хешро Муҳаббат. – Зеро гоҳо шахс маҷбур мешавад чӯбу тахтаи сангинро бардошта, онро аз дастгоҳи арраю рандакунӣ гузаронад. Сандуқи калон 150-160 сомонӣ ва сандуқи тахтааш нисбатан бориктар 120-130 сомонӣ аст. Чӯбу тахтаю дигар масолеҳ қимати гарон доранд. Табъан, аз сандуқсозӣ фоида андак аст.
Ҳоло духтарҳои усто Муҳаббат соҳиби хонаву дар шуда, аз пайи рӯзгори хешанд. Наберааш Меҳрангез ва писари 12-солааш Нозимҷон дар корҳои ӯ мададрасонанд.
– Ба бозор кам мебароям. Харидорон меоянду аз хона сандуқи фармудаашонро мегиранд. Пас аз чанд моҳ кори мо суръати бештар пайдо мекунад. Зеро муштариёни ҳамешагии мо аз навоҳии Айниву Мастчоҳанд, – мегӯяд ӯ.
«Падарам се писар ва чаҳор духтар доштанд ва ба ҳамаи мо асрори ҳунари хешро омӯзонда буданд. Бародаронам низ муддате ҳунари падарро идома доданд. Баъдан онҳо ба корҳои дигар гузаштанд. Шояд рӯзе бирасад, ки онҳо боз ҳунари падарро аз сар гиранд. Аз он дилпуру хотирҷамъам, ки ҳунари падару бобоён дар оянда низ ривоҷ хоҳад ёфт. Хайётиро низ як сӯ нагузоштаам. Ҳамеша либосҳои фарзандонро худам медӯзам. Дирӯз директори мактаби шаҳраки Нов хоҳиш намуд, ки барои толибилмон либосҳои мактабӣ дӯзам. Гуфтам, ки биёед, барои намуна ду адад либоси писарона бидӯзам. Аз тақдир шукргузорам. Маҳз бо заҳмати ҳунармандӣ фарзандонро тарбия ва дар ҷомеа соҳиби мақому манзалат намудам. Ҳамин ҳунар буд, ки дар рӯзҳои сахт ризқу рӯзӣ дод. Чун дигар бонувон андешаи муҳоҷират накардам. Субҳи навро бо хушнудию хурсандӣ истиқбол мегирам. Хушбахту саодатёр аз онам, ки дар хидмати мардумам ва бо сандуқҳои хеш пораи дили пурмеҳри худро ба хонадони онҳо мефиристам», – мегӯяд дар фарҷоми суҳбат Муҳаббат Юлдошева.
Тилав РАСУЛЗОДА
н. Спитамен