Китоб бозоргир шуд
Чанде пеш бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ ва Раёсати китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсайид Миршакар фестивали анъанавии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» гузаронда шуд, ки он ҳам дар пойтахт ва ҳам дар маркази шаҳру навоҳии мамлакат ба ҷашни ҳақиқии китоб табдил ёфт.
Дар майдони назди китобхонаи бачагона (собиқ бинои Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ) нашриётҳои давлатию хусусӣ ба ин муносибат намоиш ва бозори китоб ташкил намуданд, ки харидорони сершуморро ба худ ҷалб карданд.
Дар марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат низ дар ин ҳафта намоиш ва бозорҳои китоб ороста шуда, вохӯриҳои муаллифони китобҳои бадеӣ бо хонандагон баргузор гаштанд.
Бо ин муқаддима оғоз кардани ин навиштаҳо бесабаб нест. Зеро маҳз фестивали имсолаи «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» собит сохт, ки чи қадар мардум ташнаи каломи бадеъ, пазмони асарҳои ҷолиби муаллифони ватанӣ ва бузургони сухан бо забони ноби модариамон ҳастанд. Роҳбарон ва мутасаддиёни нашриётҳои давлатию хусусӣ, адибон – муаллифони китобҳо, ки дар як ҳафтаи баргузории ин фестивал ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар доштанд, тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои тоҷик ин ниёзмандии хонандагонро иброз доштанд. Ин вохӯриҳо шавқу муҳаббати мардумро ба китоб ва асарҳои бадеӣ афзун гардониданд. Ошиқони каломи бадеъ аз бозорҳои китоб асарҳои писандидаи худро харидорӣ карданд.
Ташаббуси ташкил кардани бозори китоб ва вохӯриҳоро бо муаллифони китобҳо дар сар то сари кишвар пеш аз фестивал ва баъди он низ нашриёти навтаъсиси «Адабиёти бачагона» бар дӯш дошт ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Ин иқдомро нашриёти «Адиб» пайравӣ карда муваффақ ба он шуд, ки нисфи китобҳои дар анборҳояш солҳои зиёд хобидаро ба фурӯш барорад. Яъне ин тадбирҳо бори дигар собит карданд, ки китоб ба мардуми суханпарвари мо чун нафас, чун обу нону ҳаво зарур аст ва рушди маорифу фарҳангро бе дастрасӣ ба китоб наметавон тасаввур кард.
Хишти бинои маориф
Бале, хонандаи арҷманд, фақат нарасидани ин хишти маънавӣ боис шудааст, ки суръати сохтмони бинои маориф бо кӯшишҳои зиёди Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар бобати чопи китобҳои дарсию бадеӣ, ҳамасола зиёд кардани маоши кормандони соҳаи маориф нигоҳ накарда, ҳанӯз ба таври дилхоҳ пеш намеравад.
Мо дар ин мақола дар бобати сифат ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ва дастрас шудану нашудани онҳо чизе намегӯем. Зеро дар ин бобат дар матбуоти даврӣ зиёд навиштаанд. Ин ҷо гап дар бораи нақши китоб дар рушду такомули маънавиёту маориф, нашри ночизи китобҳо, норасоии он дар музофот ва маҳалҳои дури аҳолинишин меравад.
Агар барномаҳои фарҳангию бадеии шабакаҳои телевизион ва радиои тоҷикро сарфи назар намоем, мардуми адабпарасти мо қариб, ки аз вазъи адабиёти муосири тоҷик бехабар мондаву аз мутолиаи асарҳои навэҷоди адибонамон бенасиб гаштанд. Ҳарчанд бо дастгирии Президенти мамлакат чопи такрории асарҳои оламшумули классикон ва беҳтарин асарҳои адибони муосир ба роҳ монда шуда бошад ҳам, онҳо бо теъдоди ниҳоят ночиз – ҳамагӣ 1000 нусхагӣ нашр мешаванд, ки ин миқдор ҳатто талаботи адабиётдӯстони пойтахтро қонеъ намегардонад. Бо теъдоди аз ҳазор то ду ҳазор нусха чоп шудани асарҳое, ба мисли «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи (Энсиклопедияи) тоҷик», «Қойидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва ғайра бошад, беэҳтиромӣ нисбат ба аҳли зиёи мамлакат аст.
Чи бояд кард, то теъдоди нашри китобҳои бадеӣ, методӣ ва илмию оммавӣ дар кишвар афзояд ва ниёзмандон, дӯстдорони каломи бадеъ дар навоҳии дурдасти мамлакат низ ба чунин асарҳо дастрасӣ дошта бошанд?
- Нуқси бо теъдоди кам нашр гаштани китобҳо дар нашриётҳои давлатӣ, аз як тараф, норасоии маблағ, аз тарафи дигар, тарғиб нагаштани китобҳо ва дар анборҳо солҳо хобидану дар музофотҳо ба савдо гузошта нашудани онҳост, - мегӯяд Қиёмиддин Сатторӣ, муҳаррир ва собиқадори соҳаи нашриёт. – Тавре таҷрибаи дар маҳалҳо ташкил кардани бозорҳои китоб ва гузаронидани вохӯриҳо бо муаллифони китобҳо ва масъулини нашриётҳо нишон дод, харидорони китобҳои классикон ва адибони шинох-таамон ниҳоят зиёданд. Дар нашриётҳои ғайридавлатӣ бошад, муаллифон бо маблағи худ имкони зиёд нашр кардани китобҳояшонро надоранд. Соҳибони ин нашриётҳо ҳам, агар бо мақсади фурӯш чоп карданӣ шаванд, кафолат дода наметавонанд, ки оё баъди бо теъдоди зиёд нашр гаштан китобҳои чунин муаллифон харидор пайдо мекунанд ё не? Зеро фақат китоби хуб метавонад харидор пайдо кунад.
Нашриёте, ки аз ояндаи нек мужда медиҳад
Бо мақсади ба музофоти кишвар дастрас гардонидани китобҳои дарсӣ, илмию оммавию бадеӣ ва зиёд намудани теъдоди нашри китобҳо соли гузашта нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба ихтиёри Вазорати маорифи ҶТ гузаронида шуд. Бо ибтикори вазири маориф Нуриддин Саидов, ки шеъру адабиётдӯст аст, нашриёт бо қувваи тоза ба фаъолият оғоз кард. Ба ин нашриёт олими ҷавон, бонуи бофарҳанг, номзади илми филология, дотсент, шахси ба забону адабиёти миллиамон содиқ Ширин Ҳайитова роҳбар таъйин шуд. Ҳукумати ҶТ бинои собиқи «Полиграфкомбинат»-ро бо мақсади дар он муттаҳид сохтани идораҳои маҷаллаву ҳафтанома, нашриёт ва дигар нашрияҳои Вазорати маориф ба ихтиёри он супорид. Тармиму таъмир ва бозсозии ин коргоҳ бо суръат оғоз ёфт. Ба нашриёт варзидатарин муҳаррирон ҷалб гардиданд. Қарор шуд, ки минбаъд китобҳои дарсӣ фақат дар ҳамин нашриёт омода гардида, китобҳои тарбиявии ба синну соли мактабиён мувофиқ бо теъдоди на камтар аз 40-50 ҳазор нусха нашр шаванд, то ки аз онҳо дар макотиби дурдасти кишвар ҳам хонандагон бархурдор гашта тавонанд.
Тавре Ширин Ҳайитова, директори нашриёти номбурда, дар суҳбат бо хабарнигори мо гуфт, кормандони нашриёт бо руҳбаландӣ ба кор оғоз карда, дар муддати кариб 10 моҳи фаъолият 20 китоби дарсӣ ва зиёда аз 70 асари бадеиро ба нашр омода сохтанд.
Дар Вазорати маориф аз соли 2006 то имрӯз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ амал мекунад, ки омода намудан, ба нашриётҳо супурдан ва чопу то мактабҳо дастрас гардондани китобҳои дарсиро ба уҳда дорад. Имрӯз маркази мазкурро номзади илми биология Комилшоҳ Исоев сарварӣ менамояд. Бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди ин олими ҷавон сифату муҳтавои китобҳои дарсӣ беҳтар гашта, корҳои тақсим ва ба мактабҳо дастрас гардонидани онҳо ба низоми муайян даромадааст.
- Ман, аз оне ки нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба ихтиёри вазорати мо гузашт, бисёр шодам, - мегӯяд Комилшоҳ Исоев, - зеро акнун мо метавонем китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, китобҳо барои хониши беруназсинфиро мувофиқи талаби замон ба нашр омода ва талаботи хонандагон ва падару модарони онҳоро ба китоб, ба ин хишти маънавии қасри фарҳангамон қонеъ созем.
То ин вақт, ҳарчанд дастхати китобҳо аз назари муҳаррирон гузашта бошанд ҳам, дар чопхонаҳо халал меёфтанд. Ноширон бо мақсади манфиат дидан китобҳоро дар хориҷи кишвар чоп мекарданд. Чопхонаҳои хориҷӣ бисёр вақт ҳаҷми китобҳоро тағйир дода, ба ҷойи расму суратҳои муаллифони ватанӣ сурату расмҳои бегонаро ҷо медоданд. Китобҳоро бо коғазҳои сифатан паст ба нашр мерасонданд.
Хушбахтона, мо нашриёти худро доро гаштем ва ба ояндаи нек умед баста метавонем.
Оре, имрӯз барои чопи дилхоҳ китоби сифатан ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобдиҳанда дигар ба хориҷи кишвар рафтан шарт нест. Фақат мебояд дар як нашриёти воқеан ҳам миллӣ беҳтарин қувваҳои эҷодӣ, муаллифон, муҳаррирон, ороишгарону рассомони варзидаро ҷалб намоем ва КИТОБ – ин муъҷизаи барои мардумамон муқаддасро ба офтоби рӯшангари қалбу ҷонамон табдил диҳем.
Воқеан, чаро мо нашриёти миллии худро надорем?
Вориси Шеърдӯст